Гуфта мешавад, аз 17-ум то 27-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек давраи омӯзишии “Тамрини мураббӣ” (“Train the Trainer”) баргузор гардид ва дар он намояндагони корхонаҳои дӯзандагии ин ду кишвари Осиёи Марказӣ истифода аз таҷҳизоти замонавии дӯзандагиро омӯзиш диданд. Интизорӣ аз иштирокдорони давра ин аст, ки пас аз бозгашт ҳамкоронашонро низ бо тарзи истифодаи ин таҷҳизот ошно созанд. Аз Тоҷикистон дар ин давраи омӯзишӣ намояндагони корхонаҳои “Дилором”, “Гулистон”, “Зинат” ва “Текстил Ситӣ” намояндагӣ карданд. Давра дар чаҳорчӯби барномаи “Пешбурди тиҷорат дар Қирғизистон” баргузор шуда, иштироки мутахассисони тоҷик дар он бо пуштибонии барномаи “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон” имконпазир гардид. Ин барномаҳо аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) дастгирии молӣ мебинанд.
Мақсади ин усул омода кардани мутахассисонест, ки дар тӯли камтар аз як ҳафта дигаронро омӯзиш дода тавонанд, ки чӣ гуна аз таҷҳизоти навтарин истифода бояд бурд. Ин усул дар корхонаҳои пешрафтаи Бритониёи Кабир, Чин, Ҳиндустон ва Шри-Ланка натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Иштирокдорони давраи даҳрӯзаи Бишкек бо асосҳои омӯзонидани калонсолон, муоширати муассир ва маҳорати омӯзгорӣ шинос шуданд. Наворҳои видеоии таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ барои таҳлили усулҳои омӯзгорӣ ва таҳияи барномаҳои омӯзишӣ нишон дода шуд. Омӯзгорони ин давраи омӯзишӣ мушовирони байнулмилалии МБТ ҷаноби Пол Колйер ва доктор Раҷеш Бҳеда буданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |