Бахшҳо
06 мар 2012 05:35Гузориш

Андоз аз сарватмандон: Бошад ё набошад?

Умуман худи “идея” дуруст аст. Баъзе аз сарватмандон барои рӯзи “мабод” хонаҳое сохтаанд, ки дар онҳо касе зиндагӣ намекунад. Ин дар ҳолест, ки як қисми мардуми ҷомеа ба манзили зисти доимӣ ниёз доранд...

Чандест ролику наворҳо аз тариқи шабакаҳои кишвар дар бастаги ба қабули Кодекси нави андоз пахш мегардад. Ва  қарор аст он аз ҷониби ҳукумати кишвар дар миёнаҳои соли равон таҳия ва қабул гардад. Вобаста ба ин ташвиш  ва шикояти бархе аз соҳибкорон сару садоҳоеро дар  ҷомеа ба бор овардааст. Мисоли ин чанде пеш номаи кушоди як гурӯҳ соҳибкорони ватанӣ ба унвони раисҷумҳури кишвар, дар мавриди таҷдиди чанд банди Кодекси нави мазкур буд. Соҳибкорон, ки аслан соҳибони ширкатҳои интернетрасон  дар кишвар ба ҳисоб мераванд,  бар он назаранд, ки чанде аз бандҳои Кодекси нави андоз бояд таҷдиди назар гардад. Иддаои дигари эшон он аст, ки қабули ин Кодекс то охири сол барои такмил тамдид карда шавад. Дар  ҳамин маврид таҳти як озмун бо номи «Беҳтарин андозсупорандаи сол», ки аз ҷониби Кумитаи андоз таҳия гардида буд, беҳтарин андозсупоранда дар соли 2011 “ҶСП “Индиго – Тоҷикистон ҳисобида мешавад, ки он низ дар худ  тарофаи интернетрасонӣ ба муштариёнро дорад. Аммо пешниҳоди ҷолиби дигари коршиносон он аст, ки андоз барои сарватмандон ҷорӣ карда шавад. Яъне шахсони мансабдор ва сарватманд ё қишри доро, ки  аз мардуми қишри поёнӣ даромади бештар доранд, ба буҷаи кишвар андози бештар пардохт намоянд.  Зеро онҳо бар он боваранд, ки дар ин сурат  буҷаи кишвар ғанӣ мегардад ва аз ин роҳ  метавон нафақапулӣ, маоши муаллиму духтуру милиса  ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро, ки ба моҳонаи зиёд ниёз доранд, афзун намуд. Ва дар мавриди зиёд гардидани маоши эшон инчунин метавон фасодро дар ин соҳаҳо коҳиш дод.

Пешниҳоди воқеан ҳам ҷолиб...

Чунин пешниҳод ё дархост, ки шахсони сарватманд ё доро нисбат ба мардуми оддӣ андози бештар ба буҷаи давлат супоранд аз баҳсҳое мебошад, ки ҳамеша дар ҷомеаҳо мавҷуд буд, мегӯяд раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист” Қироншоҳ Шарифзода. Ва илова мекунанд, ки ин агар дар мо як пешниҳод бошад, дар Русия  баҳсест, ки чанд сол боз дар сатҳи порлумонаш садо медиҳад.

“Пешниҳодҳо ё дархости аҳли ҷомеа дар бораи зиёд намудани пардохти андозҳо аз ҷониби шахсони сарватманд, ё ба истилоҳи дигар соҳибони амволи ғайриманқул, ки масалан, бӯстонсароҳҳо, мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ, таёраҳои хусусӣ  ё боигарии дигари зиёд доранд, ин баҳсе ҳаст, ки дар ҷомеа ҳамеша вуҷуд дошт. Агар дар мо ин “баҳс” (хонда шавад пешниҳод. Н.Қ) нав шурӯъ шуда бошад, хуб, дур намеравем, дар Русияи ҳамсоя ин баҳс ҳатто то сатҳи порлумонаш ҳаст. Чанд сол боз баҳси онҳо ин аст, ки бояд аз як тараф онҳое, ки  сарватманд ҳастанд андози бештар аз шаҳрвандони қаторӣ пардохт кунанд.  Ҷиҳати дигари баҳс ин аст, ки  чаро? “Касе кор мекунад ӯ сарватманд мегардад”-, мегӯяд Қироншоҳ Шарифзода.

Ба назари номбурда ба миён омадани чунин “баҳс” аз назари қонунӣ чандон  саҳеҳ нест.  Аммо пайдо гардидани он дар ҷомеае, ки тафовут миёни қишрҳои ҷомеа бамаротиб калон аст, як чизи табиӣ мебошад.

“Ин “баҳс”, ки имрӯз ба ҷомеаи мо кӯчид, албатта дар ҷомеае, ки аз назари табақабандӣ ба истилоҳ  нобаробарӣ ҳаст ё адолати иҷтимоӣ чандон риоя намешавад, яъне фосилаи сатҳи зиндагии як гуруҳи калон аз гуруҳи хурд хелоҳо тафовут дорад, аз ин хотир ба миён омадани ин “баҳс” чизи табиӣ аст. Вале аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чандон дуруст намеояд. Чун боз ҳам аз рӯи мантиқи зиндагӣ назар кунем, онҳое сарватманд ҳастанд, ки кор мекунанд, яъне ин тақозои иқтисоди бозоргонӣ ва баробарии моликиятдорӣ дар ҷомеа аст”, мегӯяд раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист”.

Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессор ва иқтисодшиноси тоҷик ишора ба қасру кушк ва бӯстонсароҳҳо карда, мегӯяд, ин пешниҳод дуруст аст ва бояд он дақиқ карда шавад. Тавре номбурда афзуд, “умуман худи идея дуруст аст. Аммо ман фикр мекунам, ки инро аслан аниқ кунондан лозим. Масалан майдони хонаҳо. Ҳамин хонахое, ки мардум сохтагӣ. Деҳае ҳаст ки як кас хона сохтагӣ, масоҳаташ калон аммо арзиши он хеле паст аст. Яъне бо усулҳои хеле оддӣ бо молу хишти хом сохта шудаст. Аммо касе хонае сохтааст, ки он гаронарзиш аст. Масалан, хонаҳое, ки дар атрофи Сафорати Амрико ҳастанд. Якум дар инҷо ошёнаҳо зиёд ҳастанд, аз падвал сар карда ва ман гумон мекунам, ки ҳар қадар ошёна баланд шуд, ҳамон қадар андоз зиёдтар бошад. Умуман андоз ҳамон тавре бошад, ки мардум ин хел хонаҳо насозанд ва боигарии худашонро нишон надиҳанд.” Зеро ба андешаи номбурда баъзе аз сарватмандон барои рӯзи “мабод” хонаҳое сохтаанд, ки дар онҳо касе зиндагӣ намекунад. Ин дар ҳолест, ки як қисми мардуми ҷомеа ба манзили зисти доимӣ ниёз доранд.

“Баъзе хонахое ҳастанд, ки дар онҷо ҳеҷ кас зиндагӣ намекунад. Сохтагӣ ҳамин хел мондагӣ аст. Ягон вақт даркор мешавад-да, мефурӯшам ягон кори дигар мекунам-да мегӯянд. Ман фикр мекунам, ки хонаҳое, ки мардум истиқомат намекунанду харида мондаанд аз онҳо андози зиёд гирифтан даркор аст. Ба ғайр аз ин хонаҳое, ки ба хориҷиён ба иҷора дода шудаанд, аз онҳо нисфи иҷорапулӣ ба фоида давлат рӯёнда шавад. Ҳамаи ин чизҳо принсипҳои адолати иҷтимоӣ ном доранд. Зеро дар шароите, ки як қисми мардум 10-12 хона доранд, як қисми онҳо бе хонаю ҷой аст. Ин як”, мегӯяд иқтисодшиноси тоҷик Хоҷимуҳаммад Умавров ва пешниҳод мекунад, ки  “дуюм ин ҳамон хонаҳоро тафтиш кардан даркор, ки аз они кист ва бо кадом маблағ сохта шудаанд? Агар декларатсия пешниҳод карда, асоснок карда натавонанд, он хонаҳоро кашида ба камбизоатон тақсим кардан даркор аст”.

Дар мавриди дигар Қироншоҳ Шарифзода дар бастаги ба арзиши рақами яки ҷомеаи озод-адолати иҷтимоӣ, пешниҳоди он ки сарватмандон нисбат ба мардуми камбизоат бештар андоз супоранд, ҳақи эшон медонад. Зеро ба андешаи ӯ “агар боз ҳам фурӯтар равему ба арзиши асосии ҷомеаи озод, яъне риояи талаботи адолати иҷтимоӣ назар кунем, ин даъвоҳо ҳам  асоснок метобанд. Зеро дар ҳолате, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа ба тарзи хеле тафовутнок аз ҳам зиндагӣ мекунанд ва ин қишри қамбизоат, ки аксари аҳолӣ ё  ҷомеаро ташкил мекунанд, онҳо ҳам ҳақ доранд, ки чунин “даъво” ё пешниҳод кунанд, ки шахсон ё ширкатҳои сарватманд ба буҷаи давлат назар ба шахсони камбизоат андозҳои бештар пардозанд, то ки саҳм ё қудрати давлат ҳам дар пардохти нафақа, маош ва дигар хизматрасониҳое, ки аз буҷаи давлатӣ вобастагӣ доранд, бештару  зиёдтар гардад.”

Таҳлилгарон бар он назаранд, ки агар дар ҷомеа қишрҳои гунонгун мавҷуд бошад ва адолати иҷтимоӣ риоя гардад, чунин пешниҳодҳо ба мисли андозсупорӣ вобаста ба қишри “болоӣ ва поёнӣ” низ аз байн хоҳад рафт. Ва суботи он ҷомеа мустаҳкамтар хоҳад буд. Аммо ба андешаи бархе аз онҳо имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон қишри миёна чандон ба назар намерасад. Ва ин аст, ки таваҷҷуҳ  ба қишри сарватманд аз ҷониби қишри камбизоат пайдо мегардад.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист” суботу устувории ҷомеаро дар зиёд будани қишри миёна медонад ва  дар мавриди он ки оё дар Тоҷикистон қишри миёна вуҷуд надорад, мегӯяд: “Бале, мутаасифона, чунин аст. Ҳол он ки аз рӯи назарияи ҷомеашиносӣ ҷомеае устувор ва босубот аст, ки ақалан сеяки онро қишри миёна ташкил диҳад. Яъне қишри миёна дар ҷомеаи мо кӣ буда метавонад? Асосан онҳое, ки бо тиҷорат сару кор доранд, бо истилоҳои тиҷорати калон ва хурду миёна, яъне он қишри аҳолие, ки аз маблағҳои буҷетӣ умедвор нестанд ва сармоя ё маблағро худашон бо меҳнату заҳмати худ меёбанд”.

Воқеан он нафароне, ки маошашон аз буҷа вобастагӣ надошта бошад, чандон ба масаъалаи андозу андозбандӣ аҳамият намедиҳанд. Аммо он қишре, ки ниёз ба маоши буҷавӣ дорад, ба мисли муаллим ё  ашхоси ба ин монанд, талош мекунад, буҷаи кишвар аз кадом ҳисобе набошад, бой гардад. Ва ғанисозии бӯҷа бошад, аз ҳисоби даромади андози давлатӣ сурат мегирад. Ин аст, ки пешниҳод дар бораи пардохти бештари андоз аз ҷониби сарватмандон ё ширкатҳо дар ҷомеа шунида мешавад ва ин баҳс ҳатто дар Думаи давлатии  Русия роҳҳали худро наёфтааст. Яъне агар қишри миёна дар ҷомеа бештар бошад, ки онҳо аслан эҳтиёҷ ба маоши буҷавӣ надоранд, шояд чунин пешниҳодҳо низ аз байн раванд.

Аммо иқтисодшинос Хоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ин қишри ҷомеа дар кишвари мо тақрибан нест ва агар бошад ҳам чандон рушд надорад.

“Қишри миёна қариб ки вуҷуд надорад. Эҳтимол 5-6 то бошад. Аммо кишри миёна бояд, ки дар атрофи 60-70 % бошад. Ҳамин қишри миёна умуман рушд надорад ва хеле камшумор аст. Қишри сарватманд ҳам хеле камшумор аст, аммо сарвати хеле зиёд доранд.  Агар онро ба сари ҳар як аҳли оилаи онҳо тақсим кунед, эҳтмол Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойхои аввалинро гирад. Он рақамхое, ки дар маҷмӯаҳои оморӣ медиҳанд, чандон саҳеҳ нест ва онҳоро тафтиш кардан лозим аст. Қисмати асосии мардуми Тоҷикистон ин камбизоатҳо мебошанд. Ҳатто ҳамон мардуме,  ки ба таври муттасил аз Русия даромад мегиранд, онҳо аксаран камбизоатанд. Зеро он даромаде, ки меояд танҳо барои хурду хӯроки онҳо кифоя мекунаду халос”, мегӯяд иқтисодшинос, Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Қишри миёна-омили суботу низом

Дар ҳамин ҳол Қироншоҳ Шарифзода қишри миёнаи аҳолиро барои он зарур меҳисобад, ки онҳо миёни ду қишри дигар миёнчӣ ба ҳисоб мераванд ва суботи ҷомеаро низ нигоҳ медоранд. Тавре ӯ мегӯяд: “Агар ин қишр (қишри миёна. Н.Қ) устувор бошад, пас он  ду қишри дигарро - қишри  ба истилоҳ сарватманд ва ба истилоҳ камбизоатро миёнчигарӣ мекунанд ва намегузоранд, ки ин қишри камбағал қишри бойро чашми дидан надошта бошад. Яъне инҳо ба ҳайси як миёнчии суботи ҷомеа ҳисоб мешаванд ва агар аз ин нуқтаи назар таваҷҷуҳ кунем, кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ ва Амрико ҳам, ки имрӯз аз абарқудратҳои ҷаҳон аст, аслан ба ҳамин қишри миёнаи ҷомеа такя мекунад ва суботи он ҷомеаҳо бештар аз ин вобаста аст”.

Агар аз ин нуқтаназар нигоҳ кунем, дар баробари ҷорӣ намудани андози иловаги барои сарватмандон (агар ҷорӣ кунанд) инчунин имкониятҳо ба соҳибкорони хурду миёна дода шавад, то ки дар ҷомеа қишри миёна рушд намояд ва вобастагии мардум аз буҷаи кишвар кам гардад. Яъне ҳамон тавре гардад, ки аз мардуми маошашон аз  бӯҷаи кишвар вобаста дида, сафи онҳое зиёд гардад, ки ба маоши буҷа ниёз надошта бошанд. Ва инро танҳо дар ба кор андохтани заводу фабрикаҳои хусусӣ ва имкониятҳои бештар додан ба соҳибкорон метавон роҳандозӣ намуд. Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар он ақида аст, ки Кодекси нави андоз, ки ба наздикӣ бояд ба тасвиб расад, гаронии онро баландтар хоҳад бардошт. Тавре номбурда мегӯяд: “Ба акидаи ман Кодекси нави андоз сатҳи гаронии андозро боз ҳам баландтар мебардорад, ки бе ин низ дар Тоҷикистон сатҳи гаронии андоз нисбат ба дигар давлатҳои муштаракулманофеъ баланд аст. Ман гумон мекунам, ки пеш аз ҳама бояд, ки андоз  андози прогресивӣ бошад. Масалан, ҳар қадар даромад зиёд шуд, ҳамон қадар ҳиссаи андоз бояд баланд гардад. Аммо дар Тоҷикистон ҳама-сарватманду камбизоат баробар дар зарфи ҳамон 13% андоз месупоранд, ки ин нодуруст аст”.

Албатта, то куҷо ин пешниҳодҳо ба тартибдиҳандагони Кодекси мазкур писанд, меоянд, норӯшан боқӣ мемонад. Зеро муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Рустам Ҷабборов дар як  нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ҳайати кории таҳияи Кодекси мазкур то ба ҳол зиёда аз 800 пешниҳод гирифтааст.

Ба ҳар сурат интизор мешавем!

Наврӯз Қурбонзода

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)