Бахшҳо
05 мар 2012 09:58Гузориш

Путин: Мо ғалаба кардем!

Хабарнигори масковии хабаргузории “Озодагон” дар яке аз қитъаҳои овоздиҳии Маскав, ки дар бинои Донишгоҳи давлатии меъмории Маскав  (МГСУ) ҷойгир буд, ба ҳайси “нозири ғайрирасмӣ” фаъолият намуд.

 

Интихоботи президентӣ дар Русия бо пирӯзии бебаҳси нахуствазири феълии Русия Владимир Путин анҷом пазируфт. Бино ба маълумоти пешакӣ, беш аз 64 дар сади мардум ба тарафдории Путин овоз додаанд. Хабарнигори масковии “Озодагон” дар яке аз қитъаҳои овоздиҳии Маскав, ки дар бинои Донишгоҳи давлатии меъмории Маскав  (МГСУ) ҷойгир буд, ба ҳайси “нозири ғайрирасмӣ” фаъолият намуд.

Аз субҳ мардуми Маскав ғайричашмдошти аъзои кумиссиюни интихобот барои иҷроии қарзи шаҳрвандиашон-овоздиҳӣ ба қитъаи раъйиҳӣ меомаданд. Нозирон аз номзадҳо ба маснади президентӣ  яке аз Прохоров ва дуи дигар аз Зюганов дар ин қитъа ҳузур доштанд. Кормандони пулис низ дар атрофи бино гаштугузор мекарданд. Кормандони БДА низ ҳузур доштанд, ки нақлиёти интихобкунандагонро ба ҷойҳои бехавф ва мувофиқ роҳнамоӣ менамуданд.

«Таркиш» дар қитъаи овоздиҳӣ

Қарибиҳои нисфирӯзӣ омади мардум ба қитъаи овоздиҳӣ бештару теъдоди шаҳрвандон  афзудан гирифт. Одамон бо аҳли оила, фарзандон ва ҳатто сагу гурбаҳояшон ба овоздиҳӣ меомаданд. Ба ногоҳ садои таркиш ҳамаро мот кард. Марди ҳузарбе, ки дар кунҷе нишаста бо планшети худ хомӯшона кор мекард, фавран мардумро ба оромӣ даъват карда, эълон дошт, ки яке аз пуфакҳои ороишии болои дар кафидааст...

Ноу -хау дар интихобот

Дар ҳамин ҳол, бори аввал мардуми дунё тавонистанд, раванди интихоботро мустақиман аз тариқи интернет назорат ва ё мушоҳида намоянд. Тавре Владимир Чуров, раиси Кумиссиюни марказии интихоботи (КМИ) Русия иброз кард, дар таърихи чорабиниҳои сиёсӣ, ба хусус дар таърихи иститути интихоботӣ бори аввал чунин тадбир рӯи даст гирифта ва барои ҳар нафари хоҳишманд имконияти назорат аз болои раванди интихобот  фароҳам карда шудааст. Ҷаноби Чуров афзуд, тамоми кишварҳои хоҳишманд метавонанд аз технологияи Русия дар мавриди интихоботҳояшон истифода бикунанд:  “Мо бахил нестем, метавонем таҷҳизоти худро барои мисол дар интихоботи Фаронса мавриди истифода қарор бидиҳем”

Владимир Путин, алакай ғолиби сабқати интихоботӣ ва президенти интихобии Русия имконияти назорати интернетии интихоботро “ноу хау” дар интститути интихоботӣ номида таъкид дошт, то ин тадбир ба кишварҳои дигар “селексия” карда шавад.

 

Шикоятҳо зиёданд, аммо...

Дар ҳамин ҳол, КМИ Русия изҳор кардааст, ба ин ниҳод садҳо шикоятҳои якхела, якмазмун ва “сиёсишуда” расидаанд ва КМИ интизори воридоти теъдоди анбӯҳи чунин шикоятҳои сохта ва баъид будааст.

Станислав Вавилов, масъули КМИ гуфтааст, ҳанӯз аз сӯи мақомот дар моҳи феврал роликҳо, ки дар онҳо гӯё таҳрифкорӣ дар раванди интихоботи рӯзи 4 марти соли 2012 инъикос ёфта бошанд, ошкор карда шудаанд. Вавилов гуфтааст, ин роликҳо пешакӣ омода карда шуда, аммо ба 4 март санагузорӣ гардида будаанд.

Агар дар маҷмӯъ мақомот раванди интихоботро ором арзёбӣ карда бошанд ҳам, аммо дар ин рӯз ҳолатҳои кӯшиши таъсир ба раванди он ва халалдор кардани вазъ низ ҷой доштанд. Аз чӣ бошад, ки 3 тан духтарон аз ташкилоти FEMEN- и Укроин дар қитъае, ки номзад Владимир Путин овоз дода буд, бо тани бараҳна, ки дар баданашон “Путин дузд!”, “Барои Путин медуздам!” навишта шуда буд, кӯшиши баргузории ҳамойишро намуданд. Пулис фавран онҳоро боздошт намуда, акнун ин 3 нафари “урён” тибқи қарори додгоҳ барои то 15 рӯз паси панҷара хоҳанд нишаст.

“Харитаи қонуншиканӣ” ва 2492 ҳолати ошкор шуда

Лоиҳаи “Харитаи қонуншиканӣ”, ки аз сӯи созмони талошгари ҳақи инсон “Голос” роҳандозӣ гардида, буд 2492 ҳолати нақзи қонун ва нақзи ҳақи интихобкунандгонро дар рафти интихобот ошкор кардааст. Аз ин теъдод бино ба мушоҳидаҳои дастандаркорони ин лоиҳа 560 ҳолати таъсири масъулин ба овоздиҳии раъият, 395 ҳолати истифодаи мақом барои фароҳам овардани шароити  бартартият ба номзади мушаххас ва 233 шикоят дар мавриди овоздиҳи мардуми бемор дар хонаҳо будааст.

Бино ба маълумоти созмони “Голос” аз ҳама ҳолатҳои бештари қонуншиканӣ дар интихобот дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав  ошкор шудаанд.

Ҳамчунин, лоиҳаҳои “Гражданин наблюдател”  (Шаҳрванди назоратчӣ)ва “Лигаи интихобкунандагон” маҳз ба хотири ошкор намудани қонуншиканиҳо дар раванди интихобот фаъол шуда буданд, ки аз ҳама бештар ҳолатҳои таъсири мақомотро ба иродаи мардум ошкор намудаанд.

Гуфта мешавад, интихоботи доир ва бо ғалабаи Путин анҷомшудаи Русия аз ҳисоби доштани нозирон тамоми рекордҳои ҷаҳониро пушти сар гузошт. Ҳар касе новобаста аз мақом, касбу кор ва табаъият агар ҳуҷҷате дошту мехост раванди интихоботро назорат кунад, касе монеи ӯ намешуд ва ҳатто самимонаву бо илтифот пешвозаш мегирифтанд. Бино ба маълумоте, ки раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко иброз кард, ин навбат дар интихоботи президентии Русия ҳудуди 1,5 миллион нозир фаъолият доштаанд. Ин рақам берун аз оне аст, ки ҳар нафари дилхоҳ аз тариқи интернет интихоботро назорат ва дар мавриди мушоҳидаи шикасти қонун ва ё ҳақи интихобкунанда фавран ба КМИ ва ё созмонҳои ҷамъиятӣ паёмак ва ё зангу имейл мезад.

Нозири интихобот “шатта” хурд

Дар шаҳри Железнодорожнийи Русия дар қитъаи овоздиҳии №530 ду нафар нозирон мавриди латукӯб қарор гирифтаанд. Бино ба маълумоти Денис Бочкарев ном фаъоли Фейсбук кормандони пулис дар ҷойи ҳодиса қарор доштаанд ва аммо барои барҳам задани хархаша ҳатто кӯшиш ҳам накардаанд.

Бино ба маълумоти расида як зану як мард аз қитъаи овоздиҳӣ пеш карда шудаанд ва онҳо барои шикоят ба кумитаи минтақавии интихобот рафтаанд. Аммо аз бинеои кумиссиюни минтақавии  интихобот нафароне берун шудаанд, онҳоро латукӯб намудаанд ва дастгоҳҳои акксиву наворбардориашонро кашида гирифтаанд.

Аммо пулис дар қиболи ин ҳолат то ҳанӯз изҳори назар накардааст.

Ашки шодӣ ва 150 ҳазор шодихӯрдаи Путин

Шаҳрдорӣ аз субҳ барои баргузории ҳамойиши дастгирӣ омодагӣ медид. Бархе аз хабаргузориҳо теъдоди ширкаткунандагони ҳамойишро 5 ва баъзе то 15 ҳазор нафар арзёбӣ мекарданд. Ҳарчанд касе намегуфт, ки ин омодагӣ барои таҷлили ғалабаи Владимир Путин аст, аммо ҳама инро дарк мекарданд ва ҳатто рақибони сиёсии ӯ.

Баъди анҷоми раванди овоздиҳӣ мардум фавҷ-фавҷ ба майдони дар чанд моҳи охир машҳури “Манеж” меомаданд. Пулиси зиёд аз манотиқи дигари  Маскав ба ин майдон кашида шуда буд. Гурӯҳҳои ҳунарӣ ҳузури ҷамъияти мардумро “гарм” мекарданд.

Аммо ба саҳна ворид шудани ду президент- президенти вақт ва президенти интихобшуда мардумро бештар гарм кард.

Нахуст Дмитрий Медведев мардумро бо ғалаба, боварӣ ба ояндаи кишвар ва бедории сиёсиашон табрик гуфт. Вақте дар бораи кӯшишҳояшон дар талоши ваҳдати мардум ва болобурди нуфузи кишвар дар асрсаи ҷаҳонӣ ва ҳамчунин боварии мардум ба самти интихобнамудаи ин ду нафар сухан гуфта, аз мардум барои дастгириашон изҳори сипос намуд, аз чашмони Владимир Путин беихтиёр ашк ҷорӣ шуд. Ашки шодӣ. Владимир Путин ба мардумаш, ки аллакай беш аз 150 ҳазор нафар гирд омада буданд, барои интихоби дурусти ояндаи кишвар изҳори сипос намуд. Путин бо муроҷиат ба мардум ваъдаи додааш дар хусуси ғалабаро 2 маротиб ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар мубориза барои Русия ғолиб омадааст.

“Мо ғалабаи худро ба касе намедиҳем!”,-  таъкид дошт Путин ва аз майдон берун рафт...

Аммо на аз майдони сиёсат, балки ин «рафтан»-и ӯ барои баргашт аст, ба ҳайси шахси аввали ҳукумати Русия, барои 6 соли дигар…

Муҳаммад Рашод, Маскав
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)