Се сол қабл Маркази пажуҳишҳои Шарқ бо хоҳиши созмонҳои байналмилалӣ таҳқиқоте анҷом дода эълон карда буд, ки 60 дарсади ҳаҷми иқтисодиёти Тоҷикистон аз бозори сиёҳ ташкил шудааст. Баъд аз анҷоми ин таҳқиқот президенти Тоҷикистон ду маротиба авфи молу мулки аз роҳи ғайри қонунӣ ба даст омадаи шаҳрвандонро эълон кард ва соли 2010 Э. Раҳмон дар мулоқоташ бо тоҷирони бурунмарзии тоҷик, маблағҳои дар бонкҳои хориҷӣ будаашонро афв эълон карду аз онҳо хост то маблағҳои ғайри қонунияшонро дар иншоотҳои стратегии Тоҷикитсон сармоягузорӣ кунанд. Вале ҳатто як нафар аз онҳо ҳам пули худро барнагардонд ва ба хар ҳол қонуни афв ҳам қабул шуду тамоми молу мулки аз роҳи ғайри қонунӣ ба даст омада қонунӣ гардид. Ва имруз бино ба гуфтаи коршиносон, иқтисоди сиёҳ аз 60% ҳам бештар шудааст. Ҳарчанд Вазорати рушди иқтисод ва савдо ин оморро то 25% медонад. Дар ин байн коршиноси иқтисодӣ Барот Юсуфӣ бар ин назар аст, ки иқтисоди сиёҳ дар Тоҷикистон 100 дарсадро ташкил медиҳад. Ба андешаи ӯ, мавҷуд будани иқтисоди ниҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки шумораи андозҳо зиёд аст ва ба ҳамин хотир тоҷирон даст ба сиёҳкорӣ мезананду аз супоридани андоз шона холӣ мекунанд.
Ба гуфтаи коршиносон мавҷудияти иқтисоди ниҳонӣ нишонгари нодурустии системаи молиявии Тоҷикистон ва дар авҷ қарор доштани фасоду андоз дар кишвар аст. Ба бовари коршиноси иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён, дар баъзе маворид дар Тоҷикистон фасодро, ки асосогузори иқтисоди ниҳонист қонунӣ мекунанд. Дар соҳаи маъориф дарсҳои иловагӣ ҷорӣ карда ба волидайни фарзандон мегӯянд, ки мо ба фарзандони шумо дарси иловагӣ медиҳем ва фарзандон ҳам аз падару модари худ пул мегиранд. Ин як намунаи бӯҳрони фасодест, ки низоми Тоҷикистонро фаро гирифтааст.
Пушти пардаи фаъолияти корхонаҳои Точикистон
Ба бовари коршиносон корхонаҳои хусусӣ гардонидашудае ҳастанд, ки ба таври расмӣ фаъолият намекунанд аммо ба таври ғайри расмӣ ба фаъолиятҳои пинҳонӣ машғуланду аз пушти он андоз намепардозанд. Масалан ширкатҳое ҳастанд, ки пулҳояшонро ҷамъ карда ба бонкҳои кишварҳои хориҷа мефиристанд. Яъне маблағҳоеро, ки аз ҳисоби даромадашон бояд ба буҷети давлат ҳамчун андоз пардохт кунанд, ба берун интиқол медиҳанд. Он ширкате, ки дар қайди давлатӣ несту фаъолият мебарад ва аз он фаъолияташ суд мебараду андоз намесупорад, ба иқтисоди сиёҳ дохил мешавад. Ба таъбири дигар, аз фаъолияти тиҷоратии худ даромади ба даст омадаро пинҳон кардану ба буҷет андоз пардохт накардан ва умуман ҳар тиҷорату доду ситаде, ки дар қайдӣ давлатӣ несту аз пардохти андоз мегурезад дар ҳар соҳае, ки набошад иқтисоди ниҳонист.
Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ширкатҳое ҳастанд, ки аз андоз мегурезанд ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ таҳия карда фаъолияти худро пеш мебаранд ва ба иловаи инҳо мо корхонаҳое дорем, ки дар хориҷи кишвар дар манотиқи оффшорӣ ҷойгиранд ва дар онҷо аз онҳо касе талаби андоз намекунад. Чунин манотиқ дар Амрико, ҷазираҳои вирҷинияи Британия ва Кипр вуҷуд дорад ва корхонаҳои бузурги Тоҷикистон дар ҳамин манотиқи оффшор намояндагии худро доранд:
- Ин корхонаҳо пулҳои худро ба он манотиқи оффшор мефиристанд ва дар онҷо касе пулҳояшонро тафтиш намекунад. Порсол кишварҳои узви гуруҳи G+20 дар нишасте эълон карданд, ки ҳар як давлат муваззаф аст то гардиши маблағҳои ширкатҳои худро, ки дар манотиқи оффшор ҷойгиранд, фош кунад то ба хотири ҳамон бӯҳронҳои молии ҷаҳонӣ ҳаҷми ҳақиқии пулҳои дар гардиш буда маълум гардад. Вале давлатҳо аз ин кор сар боз заданд. Дар ингуна минтақаҳо ширкатҳои бузурги Тоҷикистон ҳазорҳову миллионҳо доллар маблағҳояшонро ҷойгир кардаанд.
Бархе аз коршиносон ҳам муътақиданд, ки дар фаъолияти корхонаҳои кишвар шаффофият вуҷуд надорад. Коршиноси иқтисодӣ Барот Юсуфӣ дар ин бора мегӯяд: "аксари корхонаҳои Точикистон фаъолияти махфиёна ҳам доранд ва ба таври расмӣ даромади худро кам нишон медиҳанд. Дар раванди фаъолияти корхонаҳои бузурги Тоҷикистон шаффофият нест ва бояд фаъолияти ин корхонаҳо аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ мавриди тафтиш қарор гирад".
Аммо дар бораи шохаи дигари иқтисоди сиёҳ қочоқи маҳсулотҳои гуногун бошад, Барот Юсуфӣ чунин андешаи худро иброз медорад: "қочоқи маҳсулотҳои гуногун дар Тоҷикистон зиёд аст. Ҳамин "газпромнефт" ба таври қочоқӣ ҳам мол ба кишвар ворид мекунад. Дар кишвари мо бензинро қочоқӣ ба Афғонистон мефурушанд ва боз ҳамон бензинро аз Қирқизистон қочоқӣ ворид мекунанд. 20 дарсади маҳсулоти сузишворӣ аз роҳи қочоқ ба кишвар ворид мешаванд".
Таъсири бозори сиёҳ бар иқтисодиёт
Ба ақидаи иқтисодшиноси МТС Баҳор Камаров иқтисоди махфӣ касри буҷети давлатиро зиёд мегардонад, ки дар натиҷаи он давлат наметавонад сари вақт пули нафақахурону дигар кормандоне, ки аз ҳисоби буҷет маош гирандаро бипардозад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки иқтисоди сиёҳ таъсироти манфии зиёде дорад, ки муҳимтарин осори он густариши фасод аст. Аз сӯи дигар, аз ҳисоби он андоз ба буҷет ворид нагашта давлат зарар мебинад ва танҳо ҷеби ҳамон тоҷирони "андозгурез" пур мегардад.
Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён дар мавриди таъсироти манфии иқтисоди сиёҳ мегӯяд, агар дар ҳар муомила, ҳар як сомоние, ки раду бадал мегардад ба қайд гирифта шавад, давлат аз ҳисоби он метавонад фоидаи зиёд гираду рушди иқтисодиро суръат бибахшад. Вале вақте, ки 60% тоҷирону ширкатҳо аз ҳисоби даромади махфии худ аз пардохти андоз мегурезанд, албатта, ки иқтисоди кишвар инкишоф намеёбад, зеро барои рушди иқтисод қабл аз ҳар чиз пул лозим аст: "Ҳол он ки дар Тоҷикистон ҳеч бонки тиҷоратие ҳозир нест то ба тоҷирон қарзи имтиёзноку дарозмӯҳлат диҳад. Вале дар хориҷа ингуна нест. Дар онҷо ҳар бонку ширкате дар ҳар ҷое эъломия пахш мекунад, ки бонки онҳо аз дигар бонкҳо қарзи бо фоизи камтару мӯҳлати дуру дарозтар медиҳад ва ин маънои онро дорад, ки дар хориҷа рақобат ҳаст. Ва барои ҳамин дар онҷо иқтисоди сиёҳ мавҷуд нест. Чунки як тоҷир метавонад аз бонк қарзи имтиёзнок гирифта фаъолияти худро ба роҳ монаду даромад касб кунад ва ба осонӣ қарзи худро баргардонад. Дар онҷо фазои мусоиди рақобат ва соҳибкорӣ вуҷуд дорад, вале дар кишвари мо ба далели ҳамин адами имконоту рақобатҳо, иқтисоди ниҳонӣ рушд кардааст".
Аммо ба ростӣ сабаб чист, ки иқтисоди сиёҳ дар кишвари мо рӯз то рӯз густариш меёбад?
Коршиносон сабаби густариши онро дар гаронии андоз ва ҷо доштани фасод дар кишвар медонанд. Ба ақидаи Зулфиқори Исмоилиён он ширкатҳое, ки ғайриқонунӣ фаъолият мебаранд, аз пуштибонии мақомоти давлатӣ бархурдоранд. Ҳамин пуштибонии мақомоти давлатӣ дасти онҳоро барои фаъолиятҳои ғайриқонунияшон бозтар мекунад, ки дар ин сурат аз дасти агентии мубориза бо коррупсия, прократура ва дигар ниҳодҳо коре бар намеояд. "Зеро дар инҷо бештари ниҳодҳои ҳукуматӣ, бо якдигар робитаҳои маҳалливу шарикӣ доранд, ки ҳамин амр мубориза бо иқтисоди сиёҳро дар Тоҷикистон ғайри имкон мегардонад".
Барот Юсуфӣ ҳам мегӯяд, сабаби пайдоиши иктисоди сиёҳ ин манфиъатҷуиву пинҳонкорист ва иллати дигари он шумораи зиёди андозҳост. Ҳамчунин қочоқи маводи мухаддир, ки як паҳлуи дигари иқтисоди сиёҳ мебошад, худ сабабгари пайдоиши бозори сиёҳ аст. Роҳи аз байн бурдани иқтисоди сиёҳро Барот Юсуфӣ дар кам кардани ҳаҷм ва теъдоди андозҳо мебинад.
"Quest international" ривоҷдиҳандаи бозори сиёҳ!
Бале ҳамон "Quest net" - и маъруф. Ин ширкат, ки фаъолияташ дар аксари давлатҳои ҷаҳон манъ аст, имрӯз озодона дар Тоҷикистон бо намояндагиҳои худ фаъолият мекунад ва аз соли 2008 бавоситаи кадом пуштибоне дар мақомоти давлатӣ муҷаввиз гирифтаву аз нигоҳи қонунӣ худро бима кардааст ва ҳатто дар хусуси ҳаром будани кор ҳам аз кадом шайх ё ниҳоди Арабистони Саъудӣ дастхате роҷеъ ба ҳалол будани корашон гирифтаанд. Шеваи кор дар ин ширкат чунин аст, ки шумо 650 ё 1500 доллар дода вориди кор мешавед ва баъд 2 нафарро ҷазби шохаи худ карда, ду одами шумо боз 2 шахси дигарро ва ба ҳамин минвол зершохаҳои шумо 6 нафар, ки шуд, 250 доллар мегиред ва боз зердастонатон 12 нафар, ки шуданд, 500 доллар мегиред ва рафта - рафта то ҳафтае 40 то 80 ҳазор доллар гирифтанатон мумкин аст. Албатта касоне (лидерон) дар ин кор ба даромадҳои ҳангуфте мерасанду одамони дигар солҳои зиёд мегузараду пуле намегиранд.
Ба ҳар ҳол доллар - доллар ҷамъ шудани арз дар дасти ин ширкат албатта, ки иқтисоди Точикистонро ба замин мезанад. Зеро маблағҳо дар ихтиёри як гуруҳ қарор гирифта фосилаи табақотӣ дар ҷомеа зиёд мегардад. Бо ҳамаи инҳо чаро ин ширкат, ки муҷаввиз дорад ҳамонанди ширкатҳои мобилӣ фаъолияти худро таблиғ намекунад? Гузашта аз ин, ин ширкат дар баҳсҳои судӣ ҳамвора баранда мешавад, вале бо вуҷуди ин ҳамеша "пинҳонӣ" фаъолияти худро ба пеш мебарад.
Коршиносон чунин акида доранд, ки то вақте фаъолияти корхонаҳои бузурги кишвар ба таври ҷиддӣ тафтиш нагардад, бо ду паҳлуи иқтисоди ниҳонӣ тиҷорати маводи мухаддир ва корхонаҳои андозгурезу пулғундор муборизаи ҷиддӣ бурда нашавад ва дар раъси ҳамаи инҳо то он ҳангом, ки фасод дар кишвар решакан нагардад, бозори сиёҳ дар Тоҷикистон инкишоф ёфтан мегирад.
Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |