Аммо дӯсти ҷавони донишмандам Иршод Сулаймонӣ чанд сол боз талош дорад, то нусхаҳои нахустнашрияи тоҷикӣ - "Бухорои шариф"-ро дарёфт кунаду дар шакли электронӣ пешкаши ҳаводорони матбуот ва умуман фарҳангиёни тоҷик намояд…
Аммо дорандагони ин нусхаҳо нусхаҳои дар дасташон бударо ақаллан барои нусхабардорӣ чанд лаҳза дар ихтиёри он кас намегузоранд. Дар замоне, ки имрӯз дар дилхоҳ кишвари олам ҳама гуна маводи чопӣ дар шакли электронӣ низ дастрас аст. Бовар дорам, ки агар 153 шумора ҳам набошад, ақаллан ними ин шумораҳо дар дасти чанде аз донишмандони мӯҳтарами мо мавҷуданд. Чӣ мешавад, ки агар ба ифтихори ҷашни 100-солагии нашри нахустшумораи нахустрӯзномаи тоҷикӣ - "Бухорои шариф" ин донишмандони мо аз худ ҳиммате нишон дода, ин шумораҳоро барои нусхабардорӣ дар ихтиёри Китобхонаи миллӣ мегузоштанд. Албатта, ройгон не. Чун то ҳол накарданд, пас подошеро интизоранд. Агар ҳар китоби тақдимкардаи профессор Асозодаро тақрибан 20 сомонӣ (дар асл ин китобҳо хеле гаронбаҳоянд!) нарх гузорем, дар маҷмӯъ 100 ҳазор сомонӣ мешавад. Ва агар барои нусхабардорӣ (ва танҳо нусхабардорӣ!)-и ҳар шумораи нашрияи "Бухорои шариф" азизоне, ки онҳоро доранд, 100 сомонӣ ҳам талаб кунанд, роқими сутур дар якҷоягӣ бо чанд нафар дӯстони журналисташ омодаанд, ин маблағро пардозанд. Ҳангоми созмон додани гӯшаи "Медиҳад умри абад килки сухансоз маро" дар факултети журналистика инҷониб хеле ҷустуҷӯву талош кардам, то расми Мирзоҷалол Юсуфзодаро низ дар ин гӯша ҷой диҳам, мутаассифона, натавонистам. Ҳарчанд бо нафароне, ки дар дасташон мавҷудияти расми Мирзоҷалол Юсуфзода эҳтимолият дошт, борҳо муроҷиат кардам, аммо… Ҳар боре ба ин гӯша менигарам, хаёлан дар баногӯшам овози Мирзо Муҳиддину Мирзоҷалол Юсуфзода мерасад:
-Магар барои мо дар ин гӯша ҷой нарасид?...
Журналисти ватандӯсту фарҳангпарвари тоҷик Салими Аюбзод низ солиёни зиёд дар талоши дарёфт ва пешкаши мардуми меросбари "Бухорои шариф" қарор додани шумораҳои нашрия аст. Мутаассифона, ҳанӯз муваффақ нашудааст. Арабу муғулу турк китоби моро сӯхтанд, то моро аз гузаштаамон батамом бигсаланд, русҳову аврупоиён каме инсоф кардаву китоби моро бурданд, то моро аз гузаштаамон бехабар гузоранд. Агар ҷойе китобе амн мондаву зери сандуқ аст, пас аз он китобҳои сӯхтаву ин баробаранд. Агар китоб хонда нашавад, коғазпорае беш нест. Соҳибони нусхаҳои нашрияи "Бухорои шариф" шояд бо умеди таҳқиқоти минбаъда, ки анҷом доданианд, аз пешкаши мардум намудани нусхаҳои нашрия худдорӣ кардаанд. Бошад, тавфиқашон мехоҳем. Аммо "Бухорои шариф" ба садҳо таҳқиқ арзандааст ва барои ҳар касе, ки дар ин роҳ азм дорад, нашрия мавод медиҳад. Зеро "Бухорои шариф" кайҳони кашфношударо мемонад. Ҳанӯз ягон нашрияамон ба таври кул таҳқиқ нашудааст. Гумон дорам, ки ҳар касе, нусхаҳои "Бухорои шариф"-ро пешкаши аҳли илму адаб мегардонад, амалаш корномаи дастандаркорони нашрия "Бухорои шариф"-ро мемонад. Фақат бо фосилаи 100 сол баъд.
Сангини Гулзод
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |