Масъулини ноҳияи Темурмалик барои бунёди майдон ва ё толорҳои варзишӣ бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд.
Дар ин ноҳия на танҳо соҳаи варзишро нодида мегиранд, балки барои барқарорсозии иншооти харобгаштаи ин бахш парво надоранд. Дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 2, ба номи С.Тошаев, беш аз 20-сол мешавад, ки золи варзишӣ вайрону валангор гаштаву толибилмон зимистону тобистон дар майдончаи кӯчаки ҳавлии мактаб дарси варзиш мегузаранд.Маврид ба ёдоварист, чанде қабл нашрияи «Озодагон» як матлаби танқидӣ дар ин бора ба чоп расонида буд. Дар ҳукумати вилояти Хатлон ва вазорати маорифи ҹумҳурӣ коммисиюни махсус тартиб дода, аз ин мушкил дидан карданд ва барои барқарорсозии золи варзиш, ба қавли Нуриддин Бозоров, сардори раёсати сохтмони асосии минтақаи Кӯлоб, 550-ҳазор сомонӣ ҳам ҹудо кардаанд. Аммо бо сабабҳои номаълум, сохтмони толори варзиш ҳанўз ҳам оғоз нагардидаст.
Мӯҳр