Номзад ба курсии президентии Русия, узви думаи давлатӣ Владимир Жириновский пешниҳод намудааст, то кишварҳои собиқ Итиҳоди шӯравӣ дубора ба ҳайати Русия ворид шаванд.
Номбурда зимни як сӯҳбати ихтисосии худ бо шабакаи "Мир" гуфтааст, ки шахсан зидди бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ буда, то 1-уми июл ҳамагӣ бояд хоки Русияро тарк кунанд.
Ба пурсиши хабарнигор, ки оё бо ин роҳ равобит ва муносибат бо кишварҳои узви Итиҳоди давлатҳои мустақил, барои мисол Тоҷикистон бад, намешавад, Жириновский посухи рад додааст.
"Муносибат бад намешавад! Агар онҳо хоҳиши ворид шудан ба ҳайати Русияро доранд, мушкиле пеш нахоҳад омад. Барои мисол, ноҳияи Душанбеи вилояти Новосибирск ва ё ноҳияи Бишкеки вилояти Омск. Дар сурати ҷузъе аз Русия шудан, мо метавонем барои харидории маҳсулоти онҳо фармоишгари аслӣ бошем ва дигар зарурат барои сафари онҳо ба Маскав нахоҳад буд. Мо аз онҳо пашм, гӯшт ва меваҳоро харидорӣ мекунем.
Владимир Жириновский парокандашавии собиқ итиҳоди шӯравиро иштибоҳи Борис Елтсин хонда, гуфтааст, ки он бояд ислоҳ шавад. Ва даъват барои баргаштан ба ҳайати Русия танҳо ба ҳамин хотир, гуфтааст номзад ба курсии президентии Русия.
Гуфта мешавад ин "даъвати" нахустини оқои Жириновский барои баргаштани Тоҷикистон ба ҳайати Русия нест. Қаблан низ Жириновский, ки дар ҷомеа бештар бо лаҳни дурушти беэҳтиромӣ нисбати давлат ва миллати дигар машҳур шудааст, даъватҳои ҳаммонанде аз Тоҷикистон дошт.
Барои мисол дар соли 2010. Ҳангоми хурӯҷи бемории фалаҷи атфол Тоҷикистонро на бо ҷорӣ кардани раводид, балки аз таҳриме монанд ба таҳқир ҳушдор дод. Номбурда зимни сӯҳбати радиоии худ гуфт, ки Тоҷикистон кишвари ғанӣ аз беморӣ, маводи мухаддир, муҳоҷирони меҳнатӣ ва қоҷоқ буда, Кремлро зарур аст, то роҳҳои ҳавойи ва қатораашро бо Душанбе баста, содироти маҳсулотро қатъ намояд. Он замон Владимир Жириновский гилаомезона гуфт, ки Тоҷикистон барои Русия кишвари "мушкилозо" аст ва Тоҷикистон бояд ба минтақаи 9-уми федератсияи Русия шомил карда шавад.
С. Шарипов: Жириновский пешниҳодҳои хандадор дорад
Албатта шахсияти оқои Жириновский дар ҳар доира ба ҳаргуна матраҳ мешавад. Гурӯҳе аз коршиносони тоҷик бар ин боваранд, ки Тоҷикистон гуфтаҳои Владимир Жириновскийро набояд ҷиддӣ қабул намояд. Зеро ӯ феълан танҳо ба хотири ҷалби аудитория сару садое баланд мекунад, мегӯяд Сӯҳроб Шарипов, вакили парлумони Тоҷикистон. Ба бовари номбурда Тоҷикистон ҳоло роҳи худро интихоб карда, дигар истиқлолро аз даст нахоҳад дод.
"Ин гуна пешниҳодҳои ғайримантиқиву берун аз ақли солим аз забони Жириновский зиёд садо медиҳад. Ин як роҳи дигари таблиғоти Жириновский ҳаст. Ин оқо ҳоло тасмими ҷамъ кардани абарқудратии Русияро дорад. Ва мо ба ин гуна пешниҳод бояд аҳамият надиҳем. Дар баъзе маворид мо аз чунин гуфтаҳои сиёсатмадорони ҳангомаҷуйи рус сару садо баланд карда, дар натиҷа ба як дастгоҳи таблиғотии онҳо табдил меёбем.
Мо- мансабдорони тоҷик масъулиятро бояд ҷиддӣ эҳсос намоем. Хабарнигорони тоҷик низ аз ин ба баъд чунин гуфтаҳоро бояд дар гӯшаҳои ҳаҷвӣ ҷой бидиҳанд. Ин ҷавоби муносиб хоҳад буд", мегӯяд Сӯҳроб Шарипов.
А. Маҳмадазимов: Жириновский забони дурушти расмии Кремл аст
Ҳар хабару пешниҳоде, ки аз ҷониби сиёсатмадорони Русия ва аъзои ҳукумати Кремл мебарояд, мо бояд ба инобат бигирем. Абдулғанӣ Маҳмадазимов раҳбари Анҷмуани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон (АМСТ) бар ин назар аст, ки дар сиёсат сарфи назар намудани гуфтаҳову пешниҳодҳои Владимир Жириновский соддагие беш нест. Пӯшида нест, ки Жириновский забони дурушти Кремл буда, дар ҳолатҳои ногувор ҳукумат аз он истифода мекунад. Раҳбари АМСТ мегӯяд, ки албатта Тоҷикистон дар қиболи Русия мубориза бурда наметавонад, аммо ин маънои сукут кардан дар робита ба ҳар гуна пешниҳодҳои таҳқиромезонаро надорад. Набояд фаромӯш кард, ки вазорати умури хориҷаи Русия тамоми амалҳо ва вокунишҳои мансабдорони тоҷикро ба инобат мегирад. Мо ба хабару пешниҳоди русҳо бояд аҳамияти ҷиддӣ бидиҳем.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, ки агар чунин пешниҳод аз забони хабарнигорони музофотӣ садо бидиҳад, кори дигар. "Аммо вақте узви думаи давлатии Русия нисбати давлати Тоҷикистон таҳримҳое ҷорӣ кардани мешавад, мо дар навбати худ бояд вокуниш нишон бидиҳем. Жириновский як хабарнигори майзадаи музофотӣ нест, вай раҳбари ҳизб ва номзад ба курсии президентӣ аст. Шояд Кремл дар чунин ҳолатҳо Жириновскийро ҳамчун санҷиш истифода кунад. Дар чунин ҳолат аз бетаваҷҷӯҳии ҷониби Тоҷикистон ҳукумати Русия метавонад хулосае барорад, ки сукут аломати ризост. Дар сиёсат хомӯш нишастан дар қиболи сару садоҳоро заъф мегӯянд. Аз ин хотир мақомоти дахлдори Тоҷикистон ба чунин изҳоротҳои подарҳаво хомӯш буданро бояд хотима бахшад. То дар натиҷа вазорати умури хориҷаи Русия мутмаин бошад, ки Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ аз чунин пешниҳодҳо истиқбол нахоҳад кард", илова намуд Абдулғанӣ Маҳмадазимов.
Вокуниши нахустин бояд аз Парлумони Тоҷикистон бошад
Раҳбари АМСТ мегӯяд, ки феълан дар муносибати Тоҷикистону Русия мушкилоту печидагиҳои зиёде ба назар мерасад. Ҷонибҳо дар мавриди буду боши низомиён ва фурӯдгоҳи "Айнӣ" ба як қарор омада наметавонанд. Тоҷикистон набояд пешниҳоди Русияро дар мавриди тамдиди ҳузури низомиёни рус дар қаламрави кишвар барои 49 соли дигар қабул намояд. Ин иштибоҳи сиёсӣ хоҳад буд. Зеро мӯҳлати дарозтарини чунин қарору созишномаҳо эҳтимолан то 10 сол бошад, шояд, ин ҳам дақиқ нест. Ба андешаи номбурда тамоми талоши мансабдорони рус атрофи ҳамин буду боши низомиён мебошад. Барои бартараф кардани чунин мушкилот бояд як гурӯҳи парлумонии муштарак таъсис дода шавад.
"Ҳоло Русия тамоми қартаҳоро бар зидди Тоҷикистон истифода мекунад. Барои кишвари абарқудрат ин як падидаи маъмулист. Вазифаи Тоҷикистон дар ин замон аз даст надодани эътибору эҳтиром аст. Барои он, ки Русия назди Тоҷикистон эҳтиром гузорад, мо бояд худамонро эҳтиром намоем. Парлумон бо оғози ҷаласаи навбатӣ бояд мавқеъгирӣ намояд. Дар сурати зарурӣ метавонад Жрининовский ва дигар узви думаи давлатии Русияро даъват намуда, бо онҳо баҳсои рӯ ба рӯ дошта бошад", таъкид намуд Абдулғанӣ Маҳмадазимов.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Сӯҳроб Шарипов вакили парлумони Тоҷикистон Владимир Жириновский дар ин чанд рӯзи охир на ҳамчун узви думаи давлатии Русия, балки ҳамчун номзад ба курсии президентӣ изҳорот пахш мекунад. Барои ҳамин мантиқан ба чунин пешниҳоди носолимонаи оқои Жириновский парлумони Тоҷикистон ҷавоб намегӯяд.
Вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки мушкили аввалиндараҷаи мансабдорони рус дар ин авохир ин мафкураи абарқудратии онҳо мебошад. Ва барои аз байн бурдани ин тафаккур на 20 сол, балки 100 солаҳо лозим аст. Аз ҷониби дигар идеяи ворид кардани кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳайати Русия аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳукумати Кремл қабул нахоҳад шуд. Зеро онҳо бештар чонибдори амалӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказиро доранд.
Ба андешаи таҳлилгарон Душанбе бояд амалеро анҷом бидиҳад, ки дигар Русия аз Тоҷикистон ҳамчун қартаи "эҳтимолӣ" истифода накунад. Зеро боре нашудааст, ки ҳангоми маъракаҳои сиёсӣ Русия аз кишварҳои дигари минтақа -ӯзбакистон ва Қазоқистон ҳамчун давлатҳои "мушкилзо" ёд оварда бошад. Аз ҷониби дигар дар чунин ҳолатҳо хомӯш нишастани мансабдорони тоҷикро коршиносон заъфи дипломатияи Тоҷикистон медонанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки замони таҳамулпазирӣ гузашта, акнун мансабдорони Тоҷикистон бояд аз худ ташабусе барои ҳифзи обрӯи давлату миллат нишон бидиҳанд.
Ҳумайрои БАХТИЁР