Иштибоҳи хаткашон сабаби шиносоии ду ҷавон мегардад. Падари прокурор намехоҳад духтараш арӯси ҷавони бекорхӯҷаи камбағал шавад ва писари судяро беҳтарин номзад меҳисобад. Духтари нозпарвард худро дар ҳаммом «бандӣ» намуда, шарт мегузорад, ки агар ӯро ба маъшуқаш надиҳанд худро меовезад. Падар савганд мехӯрад ва дилдодаҳо ба мақсад мерасанд.Ин сужаи кадом як филми ҳиндӣ нест, ҳарчанд бештар аз се соат идома меёбад ва то анҷоми он дар расми муаррифии нахустнамоишаш тамошобин ба қавле «мижа таҳ накарда» нишаст. Гап дар бораи филми ҷадиди коргардони тоҷик Раҷабалӣ Пиров меравад…
Рӯзи шанбеи 25-уми феврал Кохи Ҷомӣ макони муаррифии филми «Соҳил» буд. Филме, ки дар жанри мелодрамаи хонаводагӣ таҳия шудааст. Муҳаққиқони синамо онро аз камтарин филмҳои тоҷикие унвон карданд, ки то андозае ба талаботи жанри мазкур ҷавобгӯст. «Соҳил» дар асоси ҳикояи «Калобаи навард»-и нависанда Муҳибуллоҳи Қурбон наворбардорӣ шудааст. Муаллиф мегӯяд, ҳикояи мазкур авохири солҳои 80-уми қарни гузашта эҷод шуда буд.
Дар сӯҳбат ба «Озодагон» ҷаноби Қурбон гуфт, ки ҳамон солҳо зиёд мехост аз рӯи сенарияи ҳикояаш филме таҳия шавад, аммо суқути Шӯравӣ ва ба дунбол ҷанги шаҳрвандӣ ин орзуро дар қатори ҳазорон идеяҳои ноб қурбон кард. «Имрӯз имкон даст дод ва «Тоҷикфилм» розӣ шуд аз рӯи сенарияи мазкур филмеро навор бигирад»,-афзуд Муҳибуллоҳи Қурбон.
Ба қавли номбурда, бо назардошти 30 сол қабл эҷод шудани асар ва ҳам бо талаби ҳунари филмсозӣ бархе нуктаҳои он тағйир хӯрда ё илова шудаанд. Дар раванди филмбардорӣ ва танзим номи он чандин маврид дигар шудааст. Қариб то лаҳзаҳои охир унвони «Савгандшикаста»-ро баргузидаанд, аммо чун вожаи соҳил аз калимаҳои марказӣ будааст, ахиран хулосаи тими эҷодӣ ин шуда, ки номи филм ҳам «Соҳил» бошад.
Муҳибиллоҳи Қурбон гуфт, филм аз саҳнаҳои «парон-парон», куштор, лаҳзаҳои шаҳват ва истифодаи лаҳҷа орӣ аст.
Муаллифи филмнома мегӯяд, аз нақшофарии ҳунармандон ва ба вижа аз заҳмати коргардон 90 дар сад розӣ аст: «Раҷабалӣ Пиров бисёр марди заҳматкаш аст, ҳар як нозукиро дар филм зуд дарк мекунад. Ҳамеша занг зада аз раванди кор маро дар ҷараён мегузошт. Ҳатто ҳангоми интихоби ҳунармандон дар Душанбе ва Хуҷанд ҳам иштирок доштам».
Воқеаҳои филм дар Хуҷанд ва Душанбе мегузарад. Бахши аъзами эпизодҳо дар шимоли кишвар рӯи навор омадаанд. Нисфи бозингарон ҳам ҳунармандони вилояти Суғд ҳастанд.
Вижагии «Соҳил» аз дигар филмҳои баъди соҳибистиқлолӣ таҳияшуда дар он арзёбӣ мешавад, ки барои нақшофарӣ танҳо ҳунармандони касбиро даъват кардаанд. «Ман талош намудам, ки бозингарони интихобшуда то ҳади имкон ботини қаҳрамонҳои худро кушоянд. Фикр мекунам, дар ин самт муваффақ ҳам шудем ва чизи дидание тавлид шуд»,-мегӯяд Раҷабалӣ Пиров, коргардони филм.
Номбурда афзуд, вақте киностудияи «Тоҷикфилм» сенарияро пешниҳод кард, воқеаҳои он барояш писанд омад: «Баъдан бо муаллиф қариб якуним моҳи дигар болои сенария кор кардем».
Ду соҳили «Соҳил»
Дар филм бархӯрди андешаҳо, таззодҳои зиндагӣ, шириниҳову низоъҳои оилавӣ, ноҷурӣ ва нобаробариҳои рӯзгор мавқеи калидӣ дорад. Гузашта аз ин ба назар мерасад, қаҳрамонҳо зуд-зуд мавқеяшонро тағйир медиҳанд.
Сужаи мухтасари «Соҳил» ин аст: Нафиса (Таҳмина Раҷабова), духтари прокурор бо ҷавоне бо исми Диловар (Зоҳидҷон Ашӯров), ки падараш ӯ, як бародару хоҳар ва модарашро тарк намуда ба Душанбе рафтааст, қавли муҳаббат мебанданд. Прокурор ин издивоҷи «нобаробар»-ро намехоҳад, аммо баъди таҳдиди худкушии духтар маҷбур мешавад ба арусии онҳо мусоидат намояд. Модари ҷавон ҳам чандон хоҳиши духтари сарватмандро ба хона овардан надорад, вале сухани писарашро рад карда наметавонад. Аммо арус якбора тағир мехурад: бо вуҷуди ҳомиладор будан сигор мекашад ва бо шавҳараш ҷанҷол бардошта юа хонаи волидонаш меравад. Маҷнун бо зориву тавалло ду маротиба ӯро ба хона бармегардонад, аммо натиҷае ҳосил намешавад. Диловар маҷбур мешавад, ҳуҷраеро иҷора гирифта ҳамсарашро онҷо бубарад. Вале дар чунин шароит ҳам оҳанги муносибатҳояшон ҷур намешавад. Ҷавон баъди як ҷанҷоли навбатӣ, ки завҷааш дарро ба рӯи ӯ мебандад, аз дарду алам ба падараш тамос мегирад. Давоми солҳои тӯлонӣ, ки падараш аз онҳ рафта буд, Диловар ҳамеша ба падар мактубҳои таҳқиромез менавишт. Аммо ин навбат ӯро ғайриинтизор падарҷон нидо карда, мегӯяд пазмонаш шудааст. Сабаби онҳоро партофта рафтани падар ҷанҷолҳои пайвастаи модараш будааст. Баъди ба Душанбе расидан падараш Диловарро гарм истиқбол мегирад ва баъди чанд рӯзи меҳмондорӣ ӯро ба Хуҷанд гусел карда мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ оилаи худро тарк накунад…
Бедорхобӣ-роҳ ба соҳили мурод
Лаҳзае, ки дилдодаҳо тӯй мешаванд, таронаи «Арусӣ»-и Кароматуллои Қурбон садо медиҳад. Қудратулло Ҳикматов, раҳбари иттифоқи композ
иторҳои Тоҷикистон, ки масъулияти оҳангнависии филми «Соҳил»-ро бар зима дошт, дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, барои ин лаҳза оҳанги тозае эҷод карда буд, аммо баъдан ба хулосае расиданд, ки ҳамин таронаи «Арусӣ» бештар мувофиқтар ва ҷаззобтар аст.
Дар мавриди ҳамкорӣ бо коргардони филм бошад, номбурда гуфт: «Бо Раҷабалӣ Пиров кор кардан ба ман хуш омад. Баъзан шабҳоро барои эҷоди оҳанг дар студия рӯз мекардам, Раҷабалӣ ҳам ҳамроҳам меистод ва мусиқиҳоро гӯш карда фикрҳояшро мегуфт». Раиси иттифоқи компазиторҳои Тоҷикистон мегӯяд, агар ӯро кадом коргардони ғайриҳирфаӣ барои ҳамкорӣ даъват мекард, ҳаргиз розӣ намешуд. Зимнан, ҳамсӯҳбати ман ба филмҳое ишора кард, ки хеле сабуканд ва аз драматургияву режиссура фарсахҳо дур ҳастанд. Номбурда бо таасуф гуфт, ки чунин филмҳо боз аз тариқи телевизионҳо намоиш дода мешаванд.
Тими комил ва «Соҳил»
«Соҳил» натиҷаи заҳматҳои як тими пурқувват аст, ки ба қавли коргардони он дар кино обу тоб ёфтаанд. Раҷабалӣ Пиров, ки хатмкардаи донишгоҳи киноматаграфияи Маскав асту то имрӯз панҷ филми ҳунарӣ таҳия кардааст, барои таҳияи «Соҳил» кормандони ҳирфаие аз қабили муҳаррир Ҷамшеди Ромишгар, Наворбардорони таҳиягар Алишер Негматов, Рустам Ашуров, оҳангсоз Қудратулло Ҳикматов, корсоз Лолахон Сатторӣ, муҳандиси техникӣ Субҳон Идиев ва ҳунармандон Сайрам Исоева, Моҳпайкар Ёрова, Савригул Қурбонова, Маҳмадсаид Пиров, Обидҷон Назаров ва Замира Юлдошеваро даъват кардааст.
Абдулҳай Зокиров, коргардони тоҷик мегӯяд ба филми мазкур аз нигоҳи коргардонӣ баҳои баланд медиҳад. Аз ӯ пурсидам, ки агар ӯ ҷои Раҷабалӣ Пиров менишаст кадом лаҳза ё эпизодҳор
о тағир медод? Посух ин буд, ки ҳеч ҷойро, зеро ҳама чиз он гуна буд, ки бояд мешуд.
«Ман чанд филми нави тоҷикиро тамошо карда будам ва медидам, ки тамошобинон анҷоми онро мунтазир нашуда толорро тарк мекунанд. Аз ин чиз бисёр зиқ мешудам. Ин навбат ҳам вақте омадам фикр кардам ҳамон ҳолат такрор мешавад. Аммо мушоҳида кардам, ки бо вуҷуди се соат идома ёфтани филм ва сардии толор бинандаҳо онро то лаҳзаи охир тамошо карданд»,-афзуд Абдулҳай Зокиров.
Ба ҷои охирсухан…
Аммо бо ин вуҷуд аз нигоҳи як бинандаи оддӣ ба назар мерасад, ки бархе аз эпизодҳои филм каме тӯлонӣ ҳастанд. Масалан, вақте Диловар бо модараш дар мавриди арусаш сӯҳбат мекунанд ва Нафиса вориди ҳуҷра шуда низоъ бармехезад. Ҳамчунин, дар эпизоди аз Хуҷанд ба Душанбе омадани Диловар тавассути боркаши «Камаз». Бархе номувофиқатиҳо ҳам аз чашми бинандаи оддӣ дур намемонад, барои мисол дар як эпизод ҳаракати қатора намоиш дода мешавад, ки ба ҳамон лаҳза ҳеч иртиботе надорад. Садое, ки ба ҳунармандон дода шудааст низ бархе мавридҳо ноҷурӣ дорад. Аммо бо вуҷуд дар маҷмӯъ «Соҳил»-ро як филми муваффақ унвон кардан мумкин аст. Наворбардории филми «Соҳил» моҳи феврали соли 2011 шурӯъ гардида, давоми як сол комилан анҷом шудааст.
Абдулазизи Восеъ
Мӯҳр