Фикр мекардам, ки дар мавриди рӯзноманигор чизе навиштан осон бошад, аммо ин андешаам ба куллӣ ботил шуд. Ҳатто дар чанд рӯзи аввал натавонистам, бо касе аз собиқадорони матбуоти тоҷик тамос бигирам.Зангҳои пайдрапайи телефонӣ ва ҷустуҷӯям ҳам бе натиҷа анҷом ёфтанд. Хуллас, пеши чанд устод ва журналистони варзида рафта, маслиҳатҳо низ гирифтем, то дар бораи ӯ нависам…
Ӯ нафарест оддӣ, заминӣ ва хоксор. Ӯ нафарест, ки ҳатто нахост дар бораи ӯ нависем. Ӯ нафарест, ки аз даҳмардагӣ корро шурӯъ намуда, то ба журналисти варзида омада расидааст ва он аёмро беҳтарин мактаб барои худ унвон мекунад. Ӯ имрӯз 64 сол дорад. Аммо то ҳанӯз килки рӯзноманигорӣ дар даст, матлабҳо эҷод менамояд. Ӯ журналистест, ки 21 соли умри худро танҳо дар рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон (он вақт Комсомоли Тоҷикистон) сарф намудааст. Ӯ инсонест, ки кори рӯзноманигориро аз хабарнигори оддӣ сар карда, то бо сармуҳаррирӣ расидааст.
Даҳмарда, китобдор, журналист
Ин шахс Муҳаммадҷон Мирзошоев мебошад, ки тақрибан аксарият ӯро мешиносанд. Номбурда 21 феврали соли 1948 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, ду сол ба кори даҳмардагӣ машғул мегардад. Аз он ба баъд пас аз таҳсил дар омӯзишгоҳ кори худро ба сифати китобдор дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) оғоз мекунад. Мирзошоев дар мактаб низ хеле фаъол будааст, ки далели ин 11 мактуби устод Мирзо Турсунзода ба унвони ӯ мебошад. Мавсуф пурра ҳаёти худро ба кори эҷодӣ бахшида, ҳамеша ба корӣ рӯзноманигорӣ машғул буд. Муҳаммадҷон Мирзошоев дар баробари очерку мақола ва хабару гузоришҳо инчунин ба китобнависӣ низ машғул мебошанд, ки то кунун чанде аз онҳо ба табъ расидаанд.
Бо муаррифӣ намудани худ Мирзошоев аз он ёд кард, ки 8 сол дар утоқе, ки имрӯз редаксияи нашрияи «Озодагон» мебошад, нишаста, ба кори рӯзноманигорӣ машғул гардидааст. Дар он аём ӯ ба ҳайси сармуҳаррири нашрияи «Наврӯзи Ватан» фаъолият мекардааст. Дар давоми фаъолияти худ Мирзошоев борҳо мақолаҳои танқидӣ навишта, ба дасти чоп додааст, ки вокунишҳоеро дар ҷомеа ба амал оварданд. Мақолаҳое, ки номбурда менавишт, фарогири мавзӯъҳои хурофот буданд. Муҳаммадҷон Мирзошоев аз он ёд меорад, ки вақте ба мавзӯҳои ҳассос даст мезад, падараш ба назди ӯ бародарашро фиристода, хоҳиш мекарда, ки дар он мавзӯъ дигар нанависад. Мавсуф фаъолияти рӯзноманигории худро аз нимаҳои солҳои 60-ум оғоз намуда, то ҳол дар рӯзномаи «Минбари Халқ» онро идома дода истодааст.
Чӣ тавр Ҷаббор Расуловро «ако» гуфтам…
Ба андешаи ӯ кори рӯзноманигорӣ пешаест, ки ҳар рӯзаш ба худ як ҷузъиёте дорад ва он ҳамеша дар ёд боқӣ мемонад. Яке аз он ҷузъиётҳо, ки мавсуф ном бурду дар хотирааш нақш бастааст, чунин аст, ки вақте ӯ ба ҳайси муовини сармуҳаррир дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият мекарда, сармуҳаррир ба шаҳри Хуҷанд ба сафари хидматӣ меравад, ҳамин замон Ҷаббор Расулов котиби аввал ва роҳбари вақти кишвар ба редаксия занг мезанад. Аз он ки сармуҳаррир дар редаксия набуда, муовинро ҷеғ мезананд. Мирзошоев каме саросема шуда, то гӯширо гирифтан фикр мекунад, ки чӣ гуна ба ӯ муроҷиат намояд, устод, муаллим ё раис ва суханро оғоз карда, худро муаррифӣ кунад. Ҳамин тавр шояд аз ҳаяҷони бисёр бошад, ки гӯширо гирифтан замон мегӯяд, - салому алайкум ако, ман Муҳаммадҷон Мирзошоев. Воқеан, он замон бо роҳбари рақами яки кишвар сӯҳбат кардан осон набуд ва ҳато як сухани беҷо метавонист шахсро маҳкум ба зиндон кунад. Ин буд, ки то ҳанӯз назорати главлит аз ёди Мирзошоев нарафтааст. Номбурда мегӯяд, он замон мавзӯъҳои фаҳшу хонаводагӣ ҳамеша пӯшида мемонданд. Зеро главлит иҷозаи нашри онҳоро намедод.
Устод Мирзошоевро тӯли фаъолият барои заҳматҳояш бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардондаанд. Ба ӯ медалҳои «60-солагии милитсияи тоҷик» ва «80-солагии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Тоҷикистон» дода шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки мавсуф «Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон» (1990), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996), барандаи «Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ» (1993) низ мебошад.
Имрӯз номабурда соҳиби панҷ фарзанд ва панҷ набера мебошад. Дар бораи зиндагии паси пардагиаш навиштанро хуш надорад. Ӯ хеле хоксору заминӣ мебошад ва тарве худаш мегӯяд, то ба имрӯз, ки ба синни 64 расида, боре рӯзи мавлудашро ҷашн нагирифтаанд. Зеро ҳамеша дар такопӯи навиштан ва эҷод кардан мебошаду аз камии вақт ҳатто дар ин бора фикр ҳам накарда аст. Номбурда аз он ки мӯйи сарашро дар кори рӯзноманигорӣ сафед карда аст, ҳамчун пири кор дониста мешавад ва далел ин аст, ки боре ӯро яке аз вузарои кишвар даъват карда хоҳиш мекунад, ки имрӯз чанд рӯзноманигор хеле сахт менависанд, то аз онҳо хоҳиш кунад, каме нармтар нависанд. Мирзошоев бошад, мегӯяд, онҳо дар асоси Сарқонун ва қонунҳои кишвар амал мекунанд ва дар сурати вайрон кардани онҳо бе гуфти мо низ муҷозот мегарданд.
Ҷашни 100 солагии матбуот ва 64- солагии устодро ба эшон табрик мегӯем.
Ид муборак!!!
Наврӯз Қурбонзода
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |