Рӯзи "адолати иҷтимоӣ" ҳанӯз соли 2007 аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ва бо пешниҳоди давлати Қирғизистон пазируфта шуда, тайи шаш соли ахир дар дунё ин сана таҷлил мегардад. Тоҷикистон низ узви СММ аст ва ин рӯзро қайд мекунад.
"Озодагон" дар робита ба ин сана аз соҳибназарон пурсид, ки:
Шумо ба адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон бовар доред?
Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров, профессор
Дар мо ҷамъияти беадолатии иҷтимоӣ ҳаст. Талаботи Конститутсия, ки як рукни давлатдорӣ иҷтимоӣ номида шудааст, риоя намегардад. Сабаби иҷро нашудани талаботи қонун дар он аст, ки ҳукумат аз шахсоне иборат мебошад, ки барои онҳо ташаккули ҷомеае, ки ба адолати иҷтимоӣ такя кунад, ҳамчун шиори ботинӣ вуҷуд надорад. Онҳо манфиатҳои худро доранд. Системаи адолати иҷтимоӣ дар замони шӯравӣ вуҷуд дошт ва тақрибан 80 дар сади мардум, коргару деҳқон зиндагии хуб доштанд. Ба ғайр аз ин онҳоро касе ранҷонда наметавонист. Агар касе ранҷонад ӯ ба куҷое хоҳад муроҷиат мекард ва дар ниҳояти кор ҷоеро пайдо карда метавонист, ки ба додаш расанд ва беадолатии иҷтимоиро барҳам диҳанд. Аммо имрӯз тақрибан 90 фоизи халқ тамоман бесоҳиб мондааст ва нисбат ба онҳо аз тарафи давлат ғамхорӣ карда намешавад. Дар бисёр ҳолат ҳатто худи давлат, дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ рӯйрост роҳи беадолатиро пеша кардаанд.
Ашӯрбой Имомов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Аз рӯи Конститутсияи Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ вуҷуд дорад, лекин дар ин самт ҳукумати ҷумҳурӣ ба бисёр чизҳо ноил нагаштааст. Ҳанӯз хеле барвақт аст дар бораи адолати иҷтимоӣ сухан кардан. Барои таъмини адолати иҷтимоӣ дар самти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ давлат бояд ба дастовардҳои зиёд ноил гардад. Азбаски то кунун ба чунин дастовардҳо ноил нашудаем, дар ҳамин вазъ қарор дорем.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ
Моҳияти давлати мо тибқи конститутсия иҷтимоӣ низ ҳаст, вале дар асл сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ин талаботи Қонуни асосиро то ҳол қонеъ карда натавонистааст. Зеро корхонаҳо асосан аз фаъолият мондаанд, маҳсулоти истеҳсолкардаи мо бошад сифати паст дорад ва рақобатпазир нест. Ҳадди акали музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавӣ, нафақа ва дигар кафолатҳои иҷтимоӣ асоси илмӣ ва воқеӣ надоранд. Таносуби маҷмӯи даромади гурӯҳи ниҳоят маҳдуди табақаи иҷтимоӣ аз даромади аксарияти шаҳрвандон хеле зиёд мебошад. Зимни муқаррар намудани арзиши барқ, газ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ ба мардум сатҳи зиндагӣ ба инобат гирифта намешавад. Ҳамин тавр гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ вуҷуд надорад.
Муҳаммади Навид, фарҳангшинос
Вақте дар бораи адолати иҷтимоӣ ҳарф мезанем, ҳарф задании мо як маъно дорад ва воқеияте, ки дида мешавад, маънои дигарро ифода мекунад. Бисёр камбудиву норасоиҳо дар бахшҳои гуногун ба назар мерасанд ва як сухани хеле маъмул пайдо шудааст, мо дар ибтидои кор ҳастем ва авали кор бидуни камбудӣ намешавад. Вале ин баҳонаҳо далел шуда наметавонад. Зеро аз рӯзи аввале, ки як низоми иҷтимоӣ қабул мегардад, бояд аз оғози кор ба норасоиҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шавад ва адолати иҷтимоӣ дар он низом мавқеи хоса дошта бошад. Ва дигар бахшҳо бояд дар атрофии ҳамин меҳвар, ки номаш адолат аст, чарх бизананд. Агар ҳамин меҳвар аз байн биравад дар ҳаёти як ҷомеа бебандубориҳо рӯи кор меояд. Адолати фарҳангиро мисол орем, бояд ҳар нафар шахсияти бофарҳангу бомаърифате, ки қалами худу сухани худро дорад, бояд дар ҷомеа ҷойгоҳи хосаи худро дошта бошад. Агар воқеияти ҳолро бингарем, ба ҳодисоте дучор мешавем, ки тамоман адолат риоя намешавад. Як инсони фарҳангӣ, донишманд ва соҳибандеша дар бисёр ҳолатҳо муҳтоҷ мешавад ба як нафаре, ки дар идораҳои дахлдор машғули кораст ва навиштаву эҷоди ӯро баҳо медиҳад, ки худ фаҳми онро надорад. Ҳарчанд, ки сиёсати кишвар равона ба сӯи адолати иҷтимоист, вале аз нигоҳи воқеӣ ҳангоми сару кор гирифтан бо баъзе ниҳодҳои давлатӣ бебандубориву камбудиҳо мушоҳида мешаванд. Мо танҳо умед баста метавонем, ки чун инсонҳо лаҳза ба лаҳза ба сӯи шинохти воқеӣ роҳ мепаймоянд, шояд ки адолати иҷтимоӣ мавқеи худро пайдо кунад.
Исломи Раҳимиён, коршинос
Адолат чист? Ба он шарҳҳои зиёдеро додаанд. Ҳатто як файласуф тамоми умр дар бораи адолат кор кардааст, маҳз адолати иҷтимоӣ. Он донишманд, як ҳикояи хубе меорад ва назарияашро шарҳ медиҳад. Ҳикояи ӯ чунин аст: "Рӯзе як автобус одамон, ки 45 нафар буданд, ба назди истгоҳе меомаданд ва як дақиқа муйсафеди базӯр роҳравандаро интизор мешуданд. Ин кор ҳафтаҳо давом мекард дар интизории як дақиқагии муйсафед. Олим инро мушоҳида мекунад ва ба хулоса меояд, ки беҳтар аст, ба муйсафед як дақиқа барвақт ба истгоҳ баромаданро ёд диҳанд. Ин кор боиси сарфа кардани вақт мешавад". Аз нуктаи назари иҷтимоӣ мунтазир шудани муйсафеди ланг кори башардӯстона аст, аммо вақтро ҳам ба назар гирифтан лозим аст. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо, принсипи ба муйсафед, яъне ба табақаи эҳтиёҷманд омӯзонидани тарзи корбарӣ ва беҳтар кардани шароит вуҷуд надорад. Мо менигарем, ки ба муйсафед асобағал, аробачаи маъюбӣ ва ҳатто кӯмакҳои иҷтимоӣ расонида мешавад. Бо ин роҳ ӯро танбал мекунем. Аз назари аввал мо адолати иҷтимоӣ дорем, аммо дар асл ба ҷомеа зулм кардаем. Дигар ин ки мо адолатро риоя карданӣ шуда, донишҷӯёнро иҷборан ба тамошои филму саҳнаҳои театрӣ мебарем. Ин корро дастгирӣ барои ҳунармандон арзёбӣ мекунем, зеро билет фурӯхта шуд. Аммо дар асл, коста кардани фарҳанги ҷомеа аст. Фарҳангро ба таври зӯрӣ таҳмил кардан ғайриимкон аст. Дар деҳот тақсими саҳми замин, ки мақсад аз он таъмини адолати иҷтимоист, бо мушкилӣ ба роҳ монда шудааст. Деҳқон ба ном соҳиби замин асту саҳмдор, пас адолати иҷтимоӣ куҷост?
Адолати иҷтимоиро ман замони кӯдакиям, замоне ки дар Иттифоқи Шӯравӣ мезистам, дидаам. Чунки писари раису писари деҳқон бо як хел сару либос ба мактаб мерафтанд. Ҳама баробар буданд, адолат иҷтимоӣ буд ва фахр аз мансабу аз чоҳу ҷалол ба назари кӯдаконаи ман ҷилвагар набуд. Имрӯз мешунавам аз кудаконам, ки падари фалон ҳамсинфаш доро асту фалон бисмадон. Аз тамоми нафароне, ки мехоҳанд адолати иҷтимоиро дар Тоҷикистон таъмин кунанд, хоҳиш мекунам, ки як маротиба китоби Низомулмулк "Сиёсатнома"-ро мутолиа кунанд. Он хушбахтона бо хатти кирили рӯи чоп омадааст.
Алишер Идизода, масъули маркази матбуоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои дастгирии шахсони бознишаставу маъюб ва камбизоат кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳад. То қадри имкон барои баланд бардоштани нафақаву расонидани кӯмакпулиҳо талош меварзад. Ба наздикӣ дар асоси як барнома дар ноҳияи Шоҳмансур вохӯрӣ анҷом шуд, ки ҳадаф аз он барои аҳолии камбизоати ин ноҳия додани ҷубронпулӣ буд, то пули барқу газро пардохт кунанд. Бо вуҷуди камбудиву норасоиҳо ва вазъи иқтисодии кишвар қишри камбизоати аҳолӣ мавриди дастгирии давлат қарор мегиранд. Шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби давлат бо аробаҳои худраву дастгоҳҳое, ки ба он ниёз доранд, таъмин мегарданд. Адолати иҷтимоӣ як рукни давлатдории мост. Аз ин хотир дар Тоҷикистон ба адолати иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ карда мешавад. Камбудӣ ҳаст ва бояд талош кард, то роҳҳои бартараф кардани он пайдо шавад ва аҳолии ниёзманд ба ҳифзи иҷтимоӣ дастгирии бештар ёбанд.
Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ
Дар тамоми кишварҳо кӯшиш мекунанд, ки адолдати иҷтимоиро риоя кунанд, вале дар Тоҷикистон то ҳол адолати иҷтимоӣ риоя намешавад. На танҳо аз сӯи ниҳодҳои ҳукуматӣ, балки аз ҷониби нафароне, ки ба кӯмакҳои иҷтимоӣ ниёз доранд адолати иҷтимоӣ чандон риоя намегардад. Ин як мавзӯи хеле печида аст. То ҷое иттилоъ дорам, ахиран раисҷумҳур тақозо кардааст, ки кӯмаке, ки ба маъюбони дараҷаи 1-2 ва 3 дода мешавад, аз 80 сомонӣ зиёд накунанд. Ба хотири он ки нафароне ҳастанд, ки дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд ва бо кӯмаки пизишкон худро маъюб сохта, то 15 ҳазор сомонӣ моҳонаи маъюбӣ мегиранд. Бо далели риоя шудани адолати иҷтимоӣ раиси ҷумҳур гуфтааст, ки ин кӯмак аз 80 сомонӣ зиёд нашавад. Кӯмаки молие, ки шахси маъюб мегирад ҳад надорад, вале дар гирифтани нафақа меъёри махсус вуҷуд дорад. Ба ин хотир баъзе роҳбарони идораҳо кӯшиш мекунанд, ки худро ба сифати маъюб гузаронанд. Ин як тарафи масъала, паҳлӯи дигараш ин аст, ки дар Тоҷикистон мардуми бекор зиёд аст, ки ба онҳо касе пул намедиҳад. Нафақахӯрон аз 80 то 120 сомонӣ ҳуқуқ мегиранд, ки ин хеле кам аст ва як нафар наметавонад бо ин пул зиндагӣ кунад. Аз ин нуқтаи назар адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нақз мешавад.
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |