Дмитрий Медведев, райисҷумҳури Русия ахиран бо пешвоёни аҳзоби мухолифи сабтиномнашудаи ин кишвар мулоқот кард. Ин дидор ҳангомаҳое бо худ дошт, ки муҳимтарини он изҳороти Медведев дар мавриди интихоботи раёсатҷумҳурии ФР буд. Дмитрий Анатолевич гуфт, сари ворид кардани тағйирот ба конститутсияи давлаташ ҷиддӣ майна об мекунад. Ба қавли президент ин тағирот аслан ба банде таалуқ хоҳад гирифт, ки ба як шахс имкон намедиҳад аз ду муҳлат бештар муддаии курсии раёсатҷумҳурӣ бошад. Ин ҳарфҳои Медведев дар ҳоле садо дод, ки Русия дар остонаи интихоботи президентӣ қарор дорад ва яке аз -0маснади райисҷумҳуриро дар ихтиёр дошт. Бо эҳтимоли зиёд дар интихоботи рӯзи 4-уми март комиссияи марказии интихобот Путинро баранда эълон мекунад. Аксари коршиносон мегӯянд, интихобот дар ду давр ҷамъбаст хоҳад шуд. Сарвазир бо лидери ҳизби "Справедливая Россия" Сергей Миронов дар даври дуюм вориди рақобат мегардад. Шонси миллиардер Михаил Прохоров (ба таври худпешбарӣ), Геннадий Зюганов (раҳбари ҳизби комунист) ва Владимир Жириновский (лидери либерал-демократҳо)-ро андак мешуморанд.
Бори аввал дар таърихи Русия президент барои шаш сол интихоб мешавад ва агар тавре Медведев гуфт, агар Сарқонунро ҳам тағйир бидиҳанд, Путин 12 соли дигар райисҷумҳур хоҳад монд.
Интихоботи ношаффоф ва умед ба "шаффофият"
Ба назар мерасад, баъди интихоботи вакилони Думаи давлатӣ дили бештари мардум аз ҳукумат сард шудааст. Далели ин силсилаи намоишҳои чандинҳазорнафараи эътирозӣ аст, ки зери шиори "Барои интихоботи шаффоф" ба кӯчаҳо мерезанд. Мухолифон аз тақаллубҳои бешумор дар ҷараёни овоздиҳӣ ва замони шумориши баргаҳои райъ иттилоъ медоданд. Мардуми таҷамӯъкарда мегӯяд, интихоботи раёсатҷумҳур бояд шаффоф ва одилона сурат бигирад. Аммо мухолифин ба райъдиҳии бидуни тақалубкориҳои зиёд шубҳа доранд. Коршиносон мегӯянд, Путин ба ҳеч ваҷҳ зимоми мансабро ба нафари дигар таслим намекунад. Чунин хусусиятро қариб ҳамаи президентҳо доранд. Дар бештари кишварҳои ҷаҳон аксари онҳое, ки сари қудрат меоянд ба осонӣ курсии раёсатҷумҳуриро раҳо кардан намехоҳанд. Ин раванд бештар дар мамолики африқоӣ, арабӣ ва пасошӯравӣ ба назар мерасад. Даҳсолаҳо дар курсии президентӣ нишастан Ҳусни Мубораку Муаммар Қаззофиро зери туфони "Бахори араб" гирифта, аввалиро рӯи кати беморӣ пушти панҷара буду дуюмиро дар ҳолати хориву зорӣ ба марг расонд. Башор Асад ҳам аҳволи баде дорад ва гумон аст, ки мақомашро барои солҳои мадид ҳифз намояд. Дар Амрикову бархе кишварҳои Аврупо, ки даъвии вориси демократия буданро мекунанд вазъ каме дигаргунатар аст. Онҷо берун аз чорчуби нишондодаи қонун по намениҳанд ва ҳатто президентҳоро ба ҳайси шоҳиду гумонбар ба додгоҳҳо даъват мекунанд. Баъзан, райисҷумҳурон дар ин давлатҳо барои он ки ваъдаҳои қаблаз интихоботияшонро иҷро накардаанд, ба истеъфо мераванд.
Аз президентӣ то президентшавӣ ва баъд аз он
Кишварҳои пасошӯравӣ бошанд, ҳамеша барои интихоботҳои тақаллубии ба нафъи президенти амалкунанда айбдор мешаванд. Аммо чор сол қабл райисҷумҳури Русия иқдоми "демократинамое" кард. ӯ пешниҳоди ҷонибдоронашро перомуни тағйирот дар қонуни асосии кишвар барои тамдиди мӯҳлати президентӣ напазируфт. Дар интихобот дарстпарвари ӯ Дмитрий Медведев пирӯз шуд ва Путинро сарвазир таъин кард. Аммо давоми чор соле, ки гузашт коршиносон ҳамеша таъкид мекарданд, ки ҳанӯз ҳам президент Путин аст. Медведев танҳо ба ҳайси қолабе барои ҳифзи курсӣ хидмат мекунад.
Дар Осиёи Марказӣ вазъ чунин нест. Қонундонҳо ҳамеша ба сарқонун тағйироту иловаҳо ворид мекунанд, то президенти амалкунанда аз курсии ишғолкардааш маҳрум нашавад. Ахиран ӯзбакистон "гузаронд". Дар интихоботи ахираш ҳатто ба сарқонун ҳам тағйирот ворид накард, ки ба вазъ ҷомаи қонунӣ пӯшонад. Аз замони ба истиқлол даст ёфтан, банди марбут ба интихоби президенти конститутсияи Тоҷикистон чандин маврид шоҳиди тағйирот шуд. Дар Қирғизистон, ки инқилобҳои рангоранг ва тазоҳуру даст ба гиребоншавиҳо пайваста президентҳоро аз маснад сарнагун мекунад, ин банди сарқонун оромиш дорад. Сокинони Қазоқистон ҳам баъди суқути шӯравӣ танҳо як президентро мешиносанд. Туркманистон, ки дар гузоришҳои Ғарб ба унвони давлати худкома ном бурда мешавад, ахиран интихоботи президентӣ дошт. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, ки соли 2007 баъди даргузашти Сафармурод Ниёзовба курсии раёсатҷумҳурӣ нишаст, ҳафтае қабл дар интихоботи навбатӣ бо касби наздик ба 98 дар сади райъ дар баробари ҳафт рақиб дастболо шуд.
Ҳарчанд то интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон як соли дигар боқӣ мондааст, аммо ба қавли коршиносон Сарқонуни кишварро дар чор соли наздик тағйироти вобаста ба интихоботи президентӣ интизор нест. Зеро Эмомалӣ Раҳмон барои як мӯҳлати ҳафтсолаи дигар ҳаққи муддаии курсии президентӣ шуданро дорад.
Абдулазизи Восеъ
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |