Бахшҳо
23 фев 2012 06:06Гузориш

Ситами барф дар Кӯлоб

Хабар расид, ки дар як рустои наздик ба маркази ноҳияи Балҷувон, тайи 2 рӯзи гузашта бо сабаби боришоти шадид ва сармо ҷасади як нафарро ба хок супурда наметавонанд.

Боришоти барфи зиёд барои аҳолӣ ва хоҷагиҳои навоҳии Кӯлоби вилояти Хатлон хисороти зиёд расонид. Тибқи иттилои сокинони ноҳияи Балҷувон, боридани барфи охирин дар ин ноҳияи кӯҳистон аз рӯзи 20-уми феврал сар шуда, то зӯҳри 22-юми феврал идома кард. Маҳмадсафар, як сокини рустои Чорчашма ба хабаргузории «Озодагон»  гуфт, дар ҳоли ҳозир баландии барф то 1 метр ва дар баъзе мавзеъҳои шамолрас аз он ҳам зиёд шудааст: «Роҳҳои нақлиётгард, ба хусус дар самти Балҷувон-Ховалинг пурра аз фаъолият бозмондааст».

Маҳмадсафар мегӯяд, рӯзи 22-юм дар ҳамин роҳ наздики 10-нақлиёт бозмондаанд  ва бо иллати баландии барф дигар ҳаракат карда наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, моли майда ва чорвои калони зиёди сокинони рустоҳо бо ҷурми хунукӣ ва набуди хошок  талаф ёфтаанд. Нархи гӯшт бошад, аз 4 то 7 сомонӣ қимат дорад, аммо барои он ҳам харидор пайдо карда наметавонанд. Зеро, тақрибан дар ҳар як хоҷагӣ ҳайвонҳо ҳалок гаштан доранд. Вале бо ситами барфи зиёд ва набудани нақлиёт, дигар онро ба берун бароварда наметавонанд.  дар ҳудуди ноҳия бо ҳамин ҷурм ва вазни зиёди барф, боми як фермаи молпарварӣ фурӯ рафта, талафоти мол ба қайд гирифта шудааст.

Ҳатто мурдаро ба хок супурда наметавонанд…

Ҳамзамон, хабар расид, ки дар як рустои наздик ба маркази Балҷувон, тайи 2 шабонарӯз аст, ки ҷасади як нафарро бо айби мушкили қабрканӣ ва сармои шадид гӯронда наметавонанд.

Барф дар ҳамин муддат дар ноҳияи Темурмалик низ зиёд борид. Ба гуфтаи Неъматуллоҳ Темуров, муовини раиси ноҳия, дар таҳдашт баландии барф аз ним метр ва дар мавзеъҳои баландтар то ба 1 метр ва аз он ҳам бештар аст: «Ситоди махсус дар назди ҳукумати ноҳия ташкил карда, шабонарӯз роҳҳои нақлиётгардро аз барфу ях тоза мекунем. Хушбахтона, талафот ба қайд гирифта нашудааст. Барои аҳолӣ ҳам зарари ҷиддӣ нарасидааст, ба истиснои дар баъзе ҳолат чаппа гаштани деворҳои наздиҳавлигӣ».

Ба қавли Темуров, захираи хошок дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ барои баромадан аз сардиҳо, басанда аст.

Дар ноҳияи Шӯрообод ҳам барфи зиёд борида, ба қавли ҷаноби Назаров, роҳбари дастгоҳи раиси ин  ноҳия, тайи 2 рӯзи гузашта дар ҳудуди минтақа барф беист меборад. «Вале барфрези охирин назар ба барфҳои рӯзҳои аввали моҳ қадре сусттар буд. Аммо дар баъзе рустои кӯҳӣ бориши барф зиёдтар буд. Дар рустои Дашти Ҷами ҷамоати Ёл боми идораи ҷамоат, як мағоза ва якчанд хонаи одамон фурӯ рафт. Хушбахтона, зарари ҷисмониву молӣ нарасид. Дар ҷамоати Саричашма бошад, ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои нақлиётгард бо ҷурми барфи баланд, муддате қатъ гардид»,- гуфт ӯ.

Муовини раиси ноҳия Ислом Шоев гуфт, ки дар ноҳия хоҷагиҳои ҷамъиятии чорвопарварӣ мавҷуд нест. Аммо талафот аз чорвои мардумӣ то ҳол маълумот ба даст надоштаанд. Ин ҷо низ, агарчӣ мунтазам роҳҳои мошингард аз барф тоза карда шуда истодааст, аммо ҳамоно ҳаракати нақлиёт мушкилу хатарзо боқӣ мемонад.

Ҳамин гуна вазъяит, дар ноҳияҳои кӯҳдомани Ховалингу Мӯъминобод низ ба мушоҳида мерасад. Ба хусус роҳҳои нақлиётгард бо иллати баландии барф, агарчӣ тоза ҳам карда мешаванд, вале мушкили зиёде ба бор доранд.

Ховалинг ҳам истисно нест

Дар ноҳияи Ховалинг, бино ба иттилои Қодир Валиев, раиси ноҳия, баландии барф дар маркази ноҳия ва рустои наздик ба он беш аз 1 метр, дар мавзеи мазори ҳазрати Султон аз 1,5 метр зиёд ва дар ҷамоати Шугнов аз 1,5 ва дар баъзе маврид то ба 2,5-3 метр расидааст. «Аз сабаби хунукии зиёд обҳо ях бастанд, ки тӯли як муддати тулонӣ корхонаҳои саноатӣ аз фаолият бозмондаанд. Баъди чанд рӯзи боронӣ барф ҳатто дар талу теппаҳо қариб, ки намонда буд, роҳҳои нақлиётгард ба пуррагӣ поку тоза гашта буданд. Ягон мушкиле намонда буд. Вале сар аз рӯзи 20-ум то ҳоли ҳозир бориши барф қатъ намегардад. Беш аз 1-шабонарӯз аст, ки ҳаракат дар роҳҳои нақлиётгард пурра қатъ гаштааст. Ду рӯз мешавад, ки роҳҳоро аз барф тоза кардан дорем, вале ҳамоно бенатиҷа. Ҳатто мошини сабукрав миёни барф ба пуррагӣ нопадид мемонад. Дар ҳоли ҳозир 2 трактори бузург дар роҳи нақлиётгарди Ховалинг-Шугнов ва ду трактор, як автогрейдер ва боз якчанд техникаҳои роҳсозӣ дар шоҳроҳи Кӯлоб-Ховалинг шабу рӯз ба тоза кардани роҳ вобастаанд. Шояд то шоми ҳамин рӯз ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ барқарор гардад».

Валиев гуфт, бо айби барфи зиёд як бинои мактаби миёна дар рустои Шехмизони ҷамоати Ҷонбахт, бинои идораи қабули пила, ба истилоҳ «райшёлк» дар маркази ноҳия, инчунин боми хонаи як сокини рустои Ҷонбахт фурӯ рафта, вайрон гардид. Бо ташаббуси бевоситаи раиси ноҳия, хонандагони мактаб ба синфхонаҳои бинои дигари мактаб гузаронида шуда, таълим дар 3 баст ба роҳ монда шуд. Инчунин, бо дастгирии ҳукумати маҳаллӣ барои сокини зарардида маблағу ашёи сохтмонӣ ҷудо карда шуд.

Дар Мӯъминобод барф набуд?!

Аммо раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов бо сабабҳои номаълум ба зангҳои телефонии хабаргузории «Озодагон» посух нагуфт. Шояд дар он ҷо барф наборид ва ё борида бошад ҳам, раис хомӯширо авло донист…

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)