(Дар ҳошияи дидори президент бо фарҳангиёни кишвар)
Ҳамин чанд рӯз пеш буд, ки як гурӯҳи баҳсӣ дар шабакаи иҷтимоии facebook суол пешниҳод карда буданд, ки барои Тоҷикистон чӣ гуна сохти давлатӣ ва ё навъи ҳукумат хубтар аст: Ҳукумати секулор ва ё динӣ (исломӣ). Инҷониб посух дод, ки "пазириши сохти давлат ё навъи ҳукумат кори ом нест, балки масъалаест, ки дар асоси таҳлил ва тадқиқи рӯшанфикрон ва қишри элитарии ҷомеа бояд ҳал шавад. Масъала ин ҷост, ки ҳар навъи ҳукумате, ки бояд бошад барои ба саъодат расидани миллат роҳи дурусттаре бошад. Феълан, дар Тоҷикистон ҳукумат секулор аст, вале раванди рушди кишвар, саъодати миллӣ хеле сусту заъиф мебошад. Гузашта аз ин дар кишвар хукумати секулор бо қишри динӣ (исломӣ) ҳамеша дучори мушкил аст. Ин воқеият бозгӯ мекунад, ки пазириши секулоризм дар кишвар роҳкори тамомнамо ва барои ҳамешагӣ дуруст намебошад. Ба ин манзур бояд навъи ҳукумат ниёз ба коркарди бештаре дошта бошад".
Зоҳиран, ин нуқтаназари ман ба як хонум, ки феълан муҳассили яке аз донишгоҳҳои Аврупо мебошад хуш наомад ва мо вориди як баҳси дурударозе шудем. Ин хонум назари моро нодуруст шуморида менависад: "Манзур аз рӯшанфикр чист? Магар ом, яъне мардум торикфикранд? Оре, то даме, ки мардум торикфикранд дигарон, яъне "рӯшанфикрон" барои онҳо тасмим мегиранд, ки кадом навъ сохтори давлат барои ом, яъне мардум беҳтар аст. Ман ҳамчун яке аз намояндагони мардум мегӯям, ки намехоҳам барои ман кадом як "рӯшанфикр" сохтори давлатро интихоб кунад".
Ҳарчанд, ки назари он хонумро напазируфтам ва бо ӯ муҳиммияти қишри рӯшанфикр ва элитарии ҷомеаро дар сохтмони давлат ва саъодати миллӣ ба баҳс кашидаму як амри бебаҳс гуфтам, вале як воқеияти дигар боиси нигаронӣ мебошад. Ин ҳам иҷро нашудани рисолати рӯшанфикрӣ ва ё талош накардани рӯшанфикрон барои иҷрои рисолаташон мебошад. Ва ҳамин дидори фарҳангиён бо раиси ҷумҳур нишонаи он аст, ки қисмати бештари фарҳангиёни мо аз нигоҳи фикрӣ ба бунбаст расидаанд, ки наметавонанд зеҳни президентро ба мушкилоти сатҳи миллӣ машғул бидоранд.
Интизориҳо аз мулоқот
Аммо мулоқотҳо бо президентро ҷомеаи коршиносӣ хеле муҳим арзёбӣ мекунанд ва онро як навъ диалоги мустақими қишри зиёӣ ё элитаи фикрии кишвар бо раиси ҷумҳур медонанд. Вале таҷрибаи баргузории ин вохӯриҳо дар чанд соли ахир нишон дод, ки сатҳи муколамаи зиёиён аз раиси ҷумҳур хеле поин қарор дорад ва аслан дар ин гуфтугӯ то кунун ҳеҷ кадом масълаи бунёдӣ ва ё барномавии Тоҷикистон матраҳ ва пешниҳод нашудааст. Танҳо дар ин дидор шоиру нависандагон фаъоланд, ки масълаҳои инфиродӣ ва шахсияшонро пешниҳод мекунанд ва ба ҷойи проблемаҳои умдаи давлат раиси ҷумҳурро ба ишколи хонаводагияшон машғул медоранд. Инро адами рисолати рӯшанфикрӣ дар як кишвар мешавад унвон кард. Кишваре, ки ба истилоҳ меросбари як тамаддуни бузург ва як мактаби пештози рӯшанфикрӣ арзёбӣ мешавад. Ба чунин шева баргузор шудани дидори раиси ҷумҳуро бо фарҳангиён аз даъват шудани нафарони ноогоҳ ва беҷуръат медонанд. Яъне нафарони бештар даъват мешаванд, ки аслан ҳарфи гуфтанӣ надоранд ва ё дошта бошанд ҳам, ҳарфи ҷиддие надоранд. Гузашта аз ин, шеваи баргузории ин дидор солҳост, ки аз ҷониби расонаҳо шадидан интиқод мешавад, вале ҳамоно боз тағйир намекунад. Аз ҷониби дигар чанд пешниҳоди дигаре, ки дар ин дидорҳо солҳои қаблӣ матраҳ шуда буд, то кунун амалӣ нашудаанд ва ё аз амалӣ шудани онҳо низ иттилоъ пахш нагаштааст.
Аз ҷумла чор сол қабл журналистон ба президент пешниҳод карда буданд, ки бояд барои ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва баланд доштани ҷойгоҳи он дар шароити электронӣ шудани фазо ва идоракуниҳо як барномаи компутарие бояд сохт, ки ҳуруфи тоҷикӣ (мисли ӯ, қ, ғ, ҷ ва ӣ) бе мамониат дар шабаки интернет истифода шавад. Ҳамун замон ин пешниҳод аз ҷониби раиси ҷумҳур бо хушнудӣ истиқбол шуда буд, вале то кунун амалан ин барномаи компутарӣ сохта нашудааст ва шояд забони тоҷикӣ аз камтарин забонҳои кишварҳои дунёст, ки дар системаи забонҳо ва хатҳои компутарӣ вуҷуд надорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон эъломи "Соли маориф ва фарҳанги техникӣ"-ро пушти сар кард. Инчунин дар ду сол қабл, сардабири ҳафтаномаи "Озодагон" ба раиси ҷумҳур дар мавриди зарурати шадиди ташкили як мактаб ва ё парваришгоҳи вижаи тезҳушон ё соҳибони истеъдоди вижаро пешниҳод карда буд. Аммо тавре, ки имрӯз худи ӯ мегӯяд, то кунун дар ин росто ҳеч иқдоме амалӣ анҷом нашудааст.
Дар чанд соле қабл дар кишвар дар мавриди мушаххас ва муайян кардани идеяи миллӣ сари садоҳо баланд шуд ва Маркази тадқиқоти стратегии назди президент ҳам бо баргузории як конфронс ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуд, аммо ҳамоно ин иқдом танҳо дар доираи баҳсҳо ва назарҳо боқӣ монд. То соли 2011 аз ҷониби ҳукумат ба таври воқеӣ барои муайян кардани он кадом иқдоми ҷиддие ба назар нарасид. Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта зимни суханронӣ дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз зарурати таҳия ва қабули чунин як барномаи ваҳдатофару миллатсоз сухан дар миён гузошт: "Ҳар ҷомеа ба ҳадаф ва қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи рушди худро мутобиқи он муайян созад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ бошад, аксари афрод ва табақаҳои ҷомеаро дар атрофи худ муттаҳид сохта, мардумро ба сӯйи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад. Чунин андеша ва ҳадафи муттаҳидкунанда барои мо маҳз ғояи ваҳдати миллӣ мебошад. Дар шароити муосир таҳкиму ташаккули чунин ғоя на дар шакли як шиори таблиғотӣ, балки фақат дар шакли таҳияи як консепсия ё барномаи дақиқи дурнамои рушди миллӣ имконпазир аст. Таҳияи чунин ҳуҷҷати сарнавиштсоз кори саҳл нест. Аз ин рӯ, он бояд бо иштироки намояндагони соҳибназари тамоми табақаву гурӯҳҳои ҷомеа сурат гирад".
Аммо ин пешниҳоди раиси ҷумҳур то имрӯз ба таври амалӣ аз ҷониби доираҳои фикриву донишгоҳӣ ва ё мақомоти зирабти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор нагаирифтааст ва танҳо дар ҳамон матни суханронии президент боқӣ монд.
Яъне ҷойи он ки фарҳангиён бо раиси ҷумҳур дар чунин дидорҳои муҳим чунин барномаҳо ва стратегияҳои рушди миллатро барои дарозмуддат пешниҳод ва ё баррасӣ кунанд, аслан рӯйи нуктаҳое ҳарф мезананд, ки онҳоро мешавад дар сатҳҳои поинтар ҳам ҳал кард. Мисле ки чанд сол пеш як хонуми шоир аз раиси кишвар хоҳиш карда буд, ки барои онҳо як қитаъа замин ҷудо шавад то онҳо (шоирону нависандагон) онҷо ниҳол шинонанд ва ба ҳамин васила ёдгоре аз худ бигузоранд. Хуб дигар моҳият ва мантиқи ин пешниҳодро ба тафаккури иҷтимоъ ҳавола мекунем.
Рӯшанфикрони мо буздиланд?
Акнун бо назардошти авзоъ ва шароитҳои ҷаҳони феълӣ шояд рӯшанфикрони мо дар дидори имсолӣ ба президент сари мавзӯъҳои барномавӣ ва бунёдии кишвар масъалагузорӣ кунанд. Шояд касе пешниҳод кунад, ки бояд барномаи давлатии миллатсозиро қабул кунем. Шояд аз раиси ҷумҳур бо таҷриба аз 20 соли ҳукуматдорияш талаб кунанд, ки ба як ислоҳоти фарогир дар тамоми самтҳои муҳими кишвар даст бизанад. Агар боз ҳам масъалаи чопи китобу ниҳолшинонияшонро бо президент ба баррасӣ бигиранд, хеле афсӯс аз ин элитаи фикрии ба буҳрони андешаӣ расида.
Ба назар мерасад, ки тавақуъоти кунуни ҷомеаи кишвар аз фарҳангиён ин аст, ки онҳо ба таври хеле ҷасурона аз президент ҳалли муаммоҳои бузурги кишварро талаб кунанд. Зеро таҷрибаи ҳокимият ва давлатдорӣ дар Тоҷикистони муосир собит кард, ки аслан қишри рӯшанфикр ва ё элитаи фикрӣ ба таври амалӣ дар ҷараёни навини эҷод ё идоракунии Тоҷикистон аслан иштирок намекунанд.
Рисолати он ки рӯшанфикр бояд дастгоҳи фикрии фазои ҳар кишвар бошад, дар Тоҷикистон зери савол рафтааст. Бояд рӯшанфикрони мо аз ин ҷурм, ки минбаъд дар номуваффақии насли оянда гунаҳкор нашаванд, худро бираҳонанд. Мисли ин ки рӯшанфикрони солҳои бистуми қарни бистро бо ин гуноҳ то кунун ном мегирем. Агар рисолати рӯшанфикрӣ бо ҳамин минвол дар кишвар идома мекунад, акнун насли баъди инҳоро бояд насли пасорӯшанфикрӣ ном бигирем. Зеро бо чунин рисолат набояд насли ояндаро парварид. Барои ҳар насле, ки расман дипломи мактаби олӣ дорад ду навъи озодӣ муҳим аст-истеъмол ва саёҳат. Насли рӯшанфикри мо акнун ба манзалаи ҳамин пиндор умр ба сар мебаранд. Раиси ҳизби сотсиалдемократии Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров зимни як мусоҳибааш бо нашрияи "Азия-плюс" гуфта буд, ки "Рӯшанфикрони мо буздиланд". Оё чунинанд?
Иршод Сулаймонӣ
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |