Ба назар мерасад, ки дар ҷумҳурӣ низ масъулини шаҳру навоҳӣ айнан аз ҳамин бозии кӯдакона кор мегиранд. Маълум аст, ки дар ҳеч як кунҷу канори кишвар, ягон раиси ноҳия шумораи дақиқи аҳолии қобили меҳнат ва бекоронро гуфта наметавонад. Кормандони кумитаҳои омор бошанд, дар ин бора тамоман тасаввурот надоранд. Аммо аҷиб аст, ки дар маълумотномаҳои раисони навоҳӣ ва ҳам кумитаи омор, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, ҳатто истеҳсоли 1 дона хишти лойину 1 грамм ширу як дона тухми мурғ нишон дода мешавад, вале шумораи бекорон не.
Тайи чанд муддат аст, ки дар нишастҳои матбуотии раисони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб журналистон аз шумораи бекорон ва таъмин шудан ба ҷойи кор пурсон мешаванд. Аммо маротибае нашуда, ки кадом раиси навоҳӣ ва ё масъули кумитаи омор дақиқан ба ин савол ҷавоби мушаххас дода бошад. Дар ҳамаи навоҳӣ пеш аз саволу ҷавоб ҳатман як маърӯзаи дуру дарози раиси ноҳия шунида мешавад. Дар ҳамин маърузаҳо, раисони навоҳӣ мегӯянд, ки дар ин мӯҳлат даҳҳо ярмаркаҳои ҷойи корӣ гузаронидаву садҳо ҷойи кор дар онҳо барои сокинон пешниҳод гаштааст. Вале, ба иқрори худи масъулин, ҳатто ба 20 фоизи ҷойҳои кори пешниҳодшуда довталабон намерафтаанд. Агар аз як тараф, ба кор фарогир нагаштани корҷӯён бо айби камии маоши пешбинишуда бошад, аз ҷониби дигар, шоҳидон мегӯянд, ки дар ярмаркаҳо ҷойҳои кори набуда пешниҳод мешаванд. Зеро масъулин медонанд, ки бо маоши пешниҳодмешуда ягон нафар ба кор намеравад. Танҳо ба хотири супориши президент, раисону масъулони шаҳру навоҳӣ ярмаркаҳои ҷойи корӣ мегузаронанд. Ба ибораи дигар, ҳамаи ин «ради галочки» мебошад. Яъне, боз ҳам фиреб барои сарварони ҷумҳурӣ. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки наход раҳбарон намедониста бошанд, ки ҳамаи ин фиребу дурӯғ аст? Кор то ҷое расида, ки дар ноҳия ё шаҳре 5 маротиба ярмаркаи ҷойи корӣ гузаронида шавад, ҳатман онро 3-4 маротиба дар ТВ-и давлатӣ нишон медиҳанд. Зеро барои гузаронидани ин ярмаркаҳо ҳар як ноҳия ӯҳдадор гаштааст ва роҳбарони ноҳияро зарур аст дар пайи иҷрои он «камари ҳиммат» банданд. Аммо дар хусуси бекор мондани аҳолӣ то ҳанӯз касеро на ҷазо додаанду ва низ нақшаи махсуси таъмини ҷойи корӣ набуду нест. Аз ин лиҳоз, роҳбарони навоҳӣ ҳам аз он парвое надоранд ва ба саволи «чӣ миқдор сокинон бе ҷойи коранд», бепарвоёна мегӯянд, ки шумораи бекоронро ба қайд нагирифтаанд.
Аз Шӯрообод то Фархор. Масъулини бехабар аз омор
Масалан, тибқи иттилои сардори шӯъбаи шуғли аҳолии ноҳияи Фархор, Ҳасан Бобоев, аз 141 ҳазор сокинони ноҳия, 45100 нафарашон аҳолии қобили меҳнат будаанд. Аммо шумораи бекорон расман ба қайд гирифта нашудааст. Дар кумитаи омор низ ин рақам нишон дода намешавад. Вале танҳо 657 нафар мақоми бекорӣ гирифтаанду бас. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бошад, ба гуфтаи Нусратулло Сафаров, сардори шӯъбаи шуғли аҳолӣ, аз 128 ҳазор аҳолӣ, 62 ҳазораш қобили меҳнат буда, вале шумораи бекорон номаълум аст. Сафаров мегӯяд, соли 2011-ум дар ҳамаи ноҳия бо истифода аз ярмаркаҳои маъмулӣ 1530 ҷойи корӣ барои сокинон пешниҳод гашта буд, вале ҳамагӣ 324-нафар ба кор таъмин гаштаанд. Дар ҳамаи ноҳия бошад, танҳо 65 нафар расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби буҷа кумакпулӣ гирифтаанд: «Барои ноҳияи мо аз ҷониби ҳукумати вилоят нақшагузорӣ гашта буд, ки соли 2011-ум 321 нафарро бо ҷойи кор таъмин намоем, вале мо нақшаро барзиёд иҷро кардем». Дуруст аст, масъулини ноҳия «зада-зада», 3 нафари дигарро зиёда аз нақша ба ҷойи кор таъмин намудаанд, ки офаринашон бод.
Дар ноҳияи кӯҳистони Шӯрообод, ки умуман ягон корхонаи саноативу сохтмонӣ набуду нест, тибқи маълумоти раиси ноҳия Амирхон Икромов, дар соли гузашта 162 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаву 30-нафари дигар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ?! ҷалб гаштаанд. Аммо ин ҷо низ касе аз шумораи бекорон огоҳ нест.
Бояд гуфт, ки масъулини навоҳӣ на танҳо аз шумораи бекорони раияташон бехабаранд, балки дар вақти савол додан дар ин маврид, ҳайрон мемонанд. Вале баъди каме андеша кардан, ҳатман дилхоҳ рақами дар забонашон омадаро мегӯянд. Ба монанди ҳамон «фолбинии кӯдакона» шояд ангушт ба ҳам меоранд, ки кадом рақам дурусттар аст. Гумони ғолиб бар он аст, ки ҳамин ҳолат дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар роиҷ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, агар инчунин савол ба Кумитаи омори ҷумҳурӣ ва ё Ҳукумати ҷумҳурӣ дода мешуд, масъулини ин мақомот чӣ ҷавоб медоданд?
Аслиддин Достиев
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |