Бародарони азиз!
Ҳамхизматони гиромӣ, сарбозони қисму воҳидҳои кӯшунҳои сарҳадии ҚДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон! Мо бо амри виҷдону имони хеш ба ин натиҷа расидем, ки бо ин номи ҷавонмардона бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ ба шумо муроҷиат намоем.Сад шукр, ки кишвари азизи мо Тоҷикистон соҳибистиқлол аст!
Сарзамини бостонаии мо, миллати куҳанбунёди мо дар тӯли таърих ба таҳаввулоти зиёде, ба ҳазорон ҳуҷуму тохтутозҳо, задухӯрдҳову муҳорибаҳои шадид, ғорату харобкориҳо ва ба ин монанд фоҷиҳои даҳшатбор дучор шудааст.Бо ҷаҳду талошҳои Президенти кишвар, сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо ба сулҳу ваҳдат расидем. Мо сарбозони қисмҳои ҳарбии ШФҲ «Суғд» Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи ин ормонҳо ва ҳама муқаддасоти Ватани азизамон бояд ҳамеша омодаву сарсупурда бошем. Зеро душманону нотавонбинони миллату кишвари мо аз ояндаи ободу шукуфони ин сарзамин бо ғараз ва дилу ниятҳои нопок эҳсоси хавфу нигаронӣ доранд. Онҳо бо дасисаву иғво, андешаву афкори сиёҳу миллатгароёнаи хеш метавонанд ҳар лаҳза боз сари мо даҳшату фоҷиаи навбатие ба бор оранд.Ба рағми бадхоҳони дилсиёҳ, ҳасудону нотавонбинон мо бояд Артиши пурқуввате дошта бошем.
Яке аз сабабҳои аз хизмати Ватан сарпечӣ кардани аксари ҷавонон зуҳуроти ноҷавонмардонаи калонгарӣ дар артиш аст. Мо фарзандони як Ватан, фарзандони як модарем, ки Тоҷикистон ном дорад. Агар дар ду сол хизмати Ватан ба чои калонгариву ҷаҳлу зулмат дӯстӣ варзему обу тоб ёбем, бо ҳамдигар бародарона рафтор кунему донишу маърифат омӯзем, ояндаи кишвари худро ҳусну равнақ файзу баракат мебахшем.Мо сарбозони собиқаи яксолаву бештари хизмати ҳарбӣ дошта агар навдаъватшудагонро бародарвор истиқбол гирем, ба онҳо меҳрубониву раҳму шафқат зоҳир намоем, онҳо низ нисбати мо эҳтирому самимияти бепоён нишон хоҳанд дод ва шаҳди ин эҳтиромотро баъди адои хизмати ҳарбӣ низ хоҳем чашид. Ҷавонмардон, хайрхоҳӣ, ҳаловату имону виҷдон аст.Подоши он самараи неки он, файзу баракати гуворои онро на танҳо дар рӯзгори сарбозӣ, балки дар зиндагии шаҳрвандӣ ва тамоми умр ва яқинан дар охират низ хоҳем дид.Бародарон! Биёед бо гиромидошти ҳама ойинҳову суннатҳо ва муқаддасоти аҷдодӣ аз Артиши миллиамон заҳрпечаки калонгариро комилан решакан намоем. Ба ҷои он тухми меҳру шафқат, шарафу номуси баланд, ифтихору худнишосии миллиро бикорем. Фарзандвор дар назди модар –Ватан, назди волидони хеш, назди ҳамдигар хиҷолату шарманда набошем. Балки бо сарбаландиву ифтихор эълон дорем, ки мо бародаронем! Мо мусулмонем ва ойниҳои диниву миллии худро муқаддасу гиромӣ медорем. Ҳар, ки шарафу номус дорад, ба ҳаракати мо ба ин иқдоми мо бипайвандад. Ин иқдом, ин ҷумбишро зери унвони «Бародарон» созмон додем ва боварӣ дорем, ки тамоми сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мо ҳамроҳу ҳамсадо хоҳанд шуд.Дар арафаи ҷашни байналмилалии «Наврӯз»-и фархундапай бо ин номаи меҳр ба ҳамаи шумо муроҷиат мекунем, зеро ҷавонмардӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ, меҳру шафқат, бахшишу эҳсон, сидқу сафо ва ҳама хубиҳову зебоиҳои рамзи Наврӯз суннату ойинҳои наврӯзист.
Бо эҳтиром сарбозони қисмҳои ҳарбии
ШФҲ «Суғд» СҚС КАДМ ҶТ
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |