3-юми феврал кормандони шуъбаи агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб як корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро, ки дар гузашта сардори гурӯҳи комиссияи махсуси тақсимоти манзили зист барои офатзадагон буд, бо ҷурми ришваситонӣ боздошт карданд.
Тибқи иттилои Умархон Ясадов, сардори шуъбаи агентӣ, ҳанӯз моҳи марти соли 2011-ум шаҳрванд С. Э. бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст, ки сардори гурӯҳи давлатӣ барои ҷудо намудани замин ҷиҳати бунёди манзили зист аз ӯ 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Вақте С.Э. гуфтааст ин миқдор маблағ надорад, Р.Б 1000 доллар талаб кардааст. Нахуст Р.Б. 500 доллари С.Э-ро гирифта баъди судури қарори ҳукумати шаҳр дар мавриди ҷудо кардани замин боз 500 доллари дигар талаб кардааст. «Дар ҳоли ҳозир шаҳрванд С.Э. дар муҳоҷират мебошад. 31-уми январи ҳамин сол завҷаи ӯ ба агентӣ шикоят овард, ки Р.Б. пайваста аз онҳо 500 доллари дигар талаб мекунад. Ахиран, 3-юми феврал масъули ҳукумати шаҳр аз ҷониби кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ, дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани пора, дастгир гардид»,- гуфт полковник Ясадов. Гуфта мешавад, ҳамин шаҳрванд ҳангоми офати табии рӯзи 7-уми майи соли 2010-ум як қисмати манзили зист ва ҳавлиашро бар асари омадани сел, аз даст дод ва тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ва президент, ҳуқуқи гирифтани хона ва замин барои бунёди хонаро дошт.
Ҳангоми тафтишот, кормандони шӯъбаи агентӣ боз як ҳолати даст доштани ҳамин масъулро дар гирифтани пора барои ҷудо намудани хонаи нави истиқоматӣ, ки бо супориши райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои селзадагони Кӯлоб ҷудо гашта буд, ошкор намуданд. Сардори гурӯҳи комиссияи давлатӣ аз як шаҳрванди дигар, ки барои таъсир нарасондан ба рафти тафтишот номаш пинҳон мемонад, барои гирифтани манзили зисти навбунёд 800 доллари амрикоӣ ришва гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ясадов, ҷабрдида сокини шаҳри Кӯлоб будаву дар селзании соли 2010-ум манзили зисташ пурра хароб гашта буд ва ҳаққи ҳалоли хонагирӣ дошт.
Ёдовар мешваем, барои офатзадагони селобаи моҳи майи соли 2010-ум дар шаҳри Кӯлоб, аз ҷониби тақрибан ҳамаи навоҳии кишвар ва баъзе аз давлатҳои хориҷӣ 619 хонаи нав сохта ба истифода дода шуд. Аммо даҳҳо ҳолатҳои ноадолатӣ, суистифода ва қонуншиканӣ аз ҷониби масъулини ҳукумати шаҳр ва гурӯҳҳои кории давлатӣ ҷой доштаанд. Дар 7 ҳолат бо роҳи судӣ ашхосе, ки бо «тағобозиву» фиреб хонаҳоро соҳибӣ карда буданд, аз он берун шуданд. Вале ба андешаи сокинони шаҳр, ҳанӯз ҳам зиёданд ашхосе, ки ҳаргиз дар ин офат набудаву соҳиби хонаву қитъаҳои замин гаштаанд. Чумъахон Алимӣ, як сокини зарардидаи сел аз кӯчаи Чармгарони Поён мегӯяд, ҳолатҳое ҳам чой дорад, ки сокинони дигар русто, навоҳӣ ва ҳатто душанбегиҳо дар маҳаллаҳои барои осебдидагони сел бунёдёфта, соҳиби хонаву дари ройгон гаштаанд. Алимӣ мегӯяд, дар мавриди ноҳақӣ дар тақсимоти хонаҳои барои офатзадагон бунёдёфта ва қитъаҳои замини хонасозӣ барои ин сокинон, аз ҷониби комиссияи давлатӣ ва дастандаркорони ҳукумати шаҳр гурӯҳи зиёди мардуми аз сел зарардида, борҳо ба мақомоти ҳуқуқӣ, гузашта аз ин ба ВАО ба номи президент, прокурори генералӣ ва сардори ситод оид ба зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷаноби Алимардонов шикоят намудаанд, вале то ҳанӯз адолат барқарор нагаштааст.
Ба гуфтаи Аҳмад Иброҳимов, як сокини зарардидаи дигар аз кучаи Нонбойи Поён, ҳукуматдорон ва масъулини ситод ҳатто рӯйхати ашхоси дар пайи ин офат бехонамонда ва ба манзил эҳтиёҷ доштаро пинҳон доштаанд ва то ҳанӯз онро ошкор кардан намехоҳанд. «Ҳол он ки мебоист рӯйхати ба хона таъмингаштагонро комиссияи давлатӣ дар назди бинои ҳукумат овезон мекард. Гумон меравад, ки эшон намехоҳанд то мардум бидонанд, ки киҳо соҳиби манзили зисти муфт аз ҳисоби селзадагон гаштаанд».
Бино ба иттилои шӯъбаи минтақавии агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, гиреҳҳои нокушодаи ин қазия ҳоло зиёданд ва кормандони шӯъба онҳоро ошкор хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ҳукумати шаҳр гуфтаанд, ки бо гузашти 2 сол аз фоҷиа ва тақсимоти хонаҳои истиқоматӣ дигар айб аст шикояту аризабозӣ кардан. Аммо саволи беҷавоб ин аст, ки оё ҳамин масъулин боре айб донистаанд, ки аз кулфати сари бечорагони кӯлобӣ расида истифода бурда, манзилҳои зистро ба нафарони тасодуфиву нолоиқ «тӯҳфа» кардаанд?
Воқеан, масъулони қазия низ роҳат ба вазифаҳои дигар гузаштаву «барои халқу ватан хизмат кардан доранд». Раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Норак интихоб гардиду муовинаш Пирмад Зарифов бошад, соҳиби курсии раиси ноҳияи Муъминобод. Мантиқан, дигар касеву чизе барои ноадолатӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷавобгӯ буда наметавонад. Қазияи кӯлобиҳо нишон дод, ки ҳар гуна кӯмак, ҳатто он кӯмаки президент низ бошад, дар аксари ҳолат бе назорат будааст. Шояд президентро зарур аст, шахсан иқдомҳои пешгирифтаашро назорат барад?
Аслиддин Достиев
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |