Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» вакили мудофеи Тӯраҷонзодаҳо Бузургмеҳр Ёров иттилоъ дод. Вай аз ҷумла гуфт: «Соати 15 мурофиа оғоз шуд ва райисикунанда пешакӣ огоҳ кард, ки имрӯз бо сабаби он ки ба тарафҳо мӯҳлати 10 рӯза оид ба созиш дода шуда буд, мурофиаи пурра оғоз намешавад. Баъдан, додгоҳ аз Саидмукаррам Абдулқодирзода пурсид, ки дар мӯҳлати 10 рӯз масъаларо чӣ гуна ҳал кардед. Саидмукаррам гуфт, ки шахсан ман барои бекор кардани қарори раёсати Шурои уламо ризо ҳастам, вале мутассифона, ҳарчанд, ки дигар аъзои Шӯрои уламоро занг задам ва оиди ин масъала пурсидам, онҳо розигӣ надоданд. Аз ин нигоҳ ман худам танҳо бе иҷозати Шӯрои уламо имкони бекор кардани қарорро надорам.
Дар ҷараёни мурофиа райиси Шӯрои уламо дархост пешниҳод кардааст, ки истеҳсолоти парванда қатъ карда шавад. Ба боварии онҳо гап дар бори ҷиноят намерафтааст ва вақту соату дигар ҳолатҳои он муайян набудааст.
Аммо Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки дар қарори суде, ки бародарон- Тӯроҷонзодаҳоро ба суд дода буданд, аллакай муайян шуда аст, ки ҷиноят содир гаштааст ва вақту соат ҳамааш мушаххас омадааст. Баъд суд мурофиаи додгоҳиро ба рӯзи чоршанбе, соати 10 муайян кард.
Мурофиа: Бе ҳузури рӯзноманигорон
Маврид ба тазаккур аст, ки дар ин мурофиа рӯзноманигорон роҳ наёфтаанд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки аз сабаби он ки рӯзноманигорон дар мурофиаи судӣ ширкат карда натавонистанд, дар танаффус бо вакили дифоъ назди райис даромада ин масъаларо ба миён гузоштаанд. Райиси суд гуфтааст, ки ягон хел мамониат нест, касе мехоҳад, рӯзи чоршанбе то соати 10 ба толори суд омада, дар мурофиа ширкат кунад. Мурофиа ошкоро мегузарад.
Аз сабаби он ки масъалаи бекор кардани қарори райиси Шӯрои уламо дар мавриди муттаҳам кардани оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба мазҳаби шиа, ки инро раиси Шӯрои уламо ваъда дода буд, ба таъхир афтод, мавзӯи иҷозати хондани намози ҷумъа дар масҷиди Муҳаммадия баррасӣ нашудаст. Дар ҳоле, ки ҳафтаи гузашта ҷониби даъвогар барои созиш се шарт гузошта буданд.
Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки ҳоло танҳо баррасии таҳқиру тӯҳмат нисбати оилаи Тӯраҷонзодаҳо рафта истодаст. Иҷозати намози ҷумъа дар масҷиди Муҳаммадия баъд аз бекор кардани қарори райиси Шӯрои уламо ба миён гузошта мешавад. Дар ҳоле, ки раиси Шурои уламо мегӯяд, ки ба бекор кардани қарор розӣ аст, аммо бе иҷозати намояндагони он наметавонад, минбаъд баррасии масъалаи таҳқиру тӯҳмат идома пайдо мекунад.
Фардо: Сулҳ ва ё идомаи мурофиа?
Раиси Шӯрои уламо гуфтааст, ки ба аъзои шуро занг задасту розигии намояндагони шуроро гирифта натавонистааст. Вале Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки аз руи маълумотҳое, ки доранд, бо як қатор аъзои Шӯрои уламо дар ин масъала умуман сӯҳбат доир нагаштааст ва ягон кӯшише ҳам нашудааст, ки ҳамин масъала аз нав мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ман фикр мекунам, чунин ҳолате буд, ки судро ба мӯҳлти 10 рӯз фиреб доданд ва боз мурофиаро ба қафо партофтанд, изҳор дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки ин ҷаласа ҷаласи расмӣ набуд, давоми ба истилоҳ ҷаласаи оштӣ буд, мутаасифона, тарафи мухолиф ба суд эълон карданд, ки гуё аъзоҳои шӯрои уламо нахостанд, ҷамъ шаванд ва аз фикрашон ақиб гаштанӣ нестанд аз ҳамин хотир ҷаласаи шӯрои уламо баргузор нашуд: «Албатта, ман ба ин қавл бовар надорам, ки аксарашонро мо мешиносем, онҳо гуфта буданд, ки мо омодаем, ки дар ҷаласа гапҳоямонро гӯем, ба ҳар ҳол мо дар давоми мурофиаи судӣ талаб мекунем, ки аъзоҳои шӯрои уламоро даъват кунанд зеро мо медонем, ки ин баёния аз номи онҳо қалбакӣ сохта шудааст».
Ӯ афзуд, мутаасифона, шартҳои моро қабул накарданд, ман намедонам, барои чӣ 10 рӯз вақт гирифтанду шартҳоро қабул накарданд, ин тааҷубовар аст.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр дар баёнияе, ки онро хабаргузории «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои райиси Шӯрои уламо ба суди ноҳияи И.Сомонӣ шикоят бурданд.
Ибодуллоҳи Тоир
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |