Гиру мон (на Гирмон), давутоз ва сарусадои ахир, ки расонаҳои кишварро саросар фаро гирифта ва ҳамакнун ба матбуоти хориҷ ҳам рехта аз он далолат мекунад, ки сохтори феълии ҳукумат ба таҳаввулоти ҷиддӣ ва тағйироти кадрӣ ниёз дорад.
Вазъи ноҷӯри иҷтимоӣ, фосила гирифтани қишри доро аз нодор, муҳоҷирати бешуурона, рушди кайҳонии фасодкорӣ, қонуншиканӣ аз сӯи мансабдорони баландмақом, нашъабизнеси пайвандони ҷенеролҳои тоҷик, ҳоли хароби корхонаҳои саноатӣ аз умдарин мушкилотеанд, ки рӯи онҳо тамаркуз мебояд кард, биллоҳ баъд дер мешавад, дери дер.
Муаллими бечора ва пизишки ночор аз камии маош чашм ба сӯи ҳамёни волидайну соҳибкасал медӯзанд. Аммо сарватманду мансабдори моро чӣ шуда, ки сармояро бо роҳи ғайриқонунӣ меандӯзад. ӯ, ки имкони боз ҳам доротар шуданро бо роҳи заминиву қонунӣ дорад.
Гузашта аз ин, низом (система)-и мавҷуда дар Тоҷикистон роҳҳои фарохи ҷалби сармояро ба иқтисоди кишвар муҳайё кардааст, албатта, агар аз он ба таври огоҳона истифода баранд. Аммо боз ҳам, вале, лекинҳо садди роҳ мешаванду даст ба аъмоли ғайриқонунӣ ва ғайришаръӣ мезананд.
Қудрат танҳо абзори фишор нест, қудрат-имкон, омил ва сабаби пойдории низоми марбута аст. Агар аз ин омил ба гунаи чизе барои расидан ба ҳадаф, рушд ва такомул истифода шавад, он вақт ҷавҳари аслии қудрат бармало намоён мегардад. Дар сурати акс қудрат бойиси сарафкандагӣ ва сарозер шудан мегардад.
Манзур аз қудрат на он аст, ки зери маънии ин вожа бифаҳмем: ниҳодҳои қудратӣ ва вазороти қудратӣ. Балки дарк намоем: имкону зарфият ва нерӯву ақли солими миллат.
Гоҳо мешавад, ки қудратро дар зӯри бозу ва зарби мушту лагад ҳам мебинанд. Ба маврид аст агар бигӯем: Ин дарки нодурусти маънӣ аст, бале ба маънои томи он.
Шояд хеле аз асли қазия дур рафта бошем. Ҳоло бармегардем. Агар ёдатон бошад, чанде қабл аснои як боздидаш аз ноҳияи кӯҳистони Ховалин райисҷумҳур дар муроҷиат ба соҳибкорон ва тоҷирони кишвар иброз дошт, ки фаъол набудани бархе аз корхонаҳои саноатии хусусишуда дар Тоҷикистон мояи нигаронист. Раҳмон ба соҳибмулкони маҳаллӣ аз имкони бозпас гирифтани корхонаҳо ҳушдор дода гуфт, ки агар имкону қудрататон расад, марҳамат истеҳсолотро васеъ кунед, ҷойҳои нави корӣ муҳайё созед. Вагарна мо роҳаша меёбем. Меёбем соҳибкоронеро, ки истеҳсолотро васеъ мекунанд, технология ворид мекунанд, ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозанд.
Дарвоқеъ, ин пешниҳод қобили дастгирист ва имкони амалишавиро дорад, агар соҳибқудратони мо инро сахт бихоҳанд. Мушоҳидаҳо бошанд, нишон медиҳанд, ки на ҳамаи соҳибкорону тоҷирони тоҷик ба рушди тиҷораташон майлу хоҳиш доранд, ё аз чизе ҳарос доранд ва ё эътимод ба сармоягузорӣ дар дохили кишварро надоранд.
Андешае, ки солҳо боз дар сарам чарх задан дошт, инак дар ин сутур мерезад. Корхонаи як вақтҳо овозадори мавсум ба иттиҳодияи истеҳсолии яхдонсозии "Помир" дар солҳои 90-и асри гузашта дар як баст 1700 дона яхдон истеҳсол мекард. Ҳудуди панҷ ҳазор коргар дар се баст фаъолияти муассир доштанд. Бо сабаби кашмакашҳои дохилӣ ва кӯч бастани иддае аз мутахассисони соҳа фаъолияти он ба заъф печид, аммо аз кор намонд. Баъдан хусусӣ шуду аз даст ба даст гузашт, чанд бор соҳибмулкаш иваз шуд. Айни замон дар ин коргоҳ ба ҷуз ду қаровул дигар касе нест.
Корхонаҳои нассоҷӣ, хиштбарорӣ, хонасозӣ, чандин матбаа, фабрикаи пойафзолдӯзӣ низ истисно нестанд. Пас аз "приватизатсия" сарнавишти ин коргоҳҳо низ талху фоҷиавӣ анҷом шуд.
Ҳоло дар бораи наваду се фоизи қаламрави кишвар ҳарфе нагуфтем, ки онро кӯҳистон ташкил медиҳаду зери ин кӯҳҳо ганҷи фаровон ниҳон аст.
Боз ҳамон қудрат намерасад, ки зеризамини худамонро биомӯзем. Тилло, ёқут, лаъл ва дигар канданиҳои фоиданок ҳоло ҳам интизори қудрати миллатанд. Нашавад, ки ин мӯъҷизаи худододи миллиро низ дигарон аз худ кунанд. Он гоҳ қудрати мавҷуда дар хидмати ғайр қарор мегирад, тавре ки ҳоло нерӯи ҷавони миллатро дигарон истифода мекунанд, на мо.
Хилватшоҳи МАҲМУД
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |