Бахшҳо
03 фев 2012 07:27Сиёсат

Бародарамро куштанд, моро ҳабс намуданд

Ҳафтаи сипаришуда номаи кушодаи шаҳрванди кишвар Бурҳон Раҳимов унвони руасои кишварҳои Русия ва Тоҷикистон дар саҳифаи нашрияи "Тоҷикони Россия" таваҷҷӯҳи маро ҷалб намуд.

Амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқукӣ Русия дар поси шаб

Ҳафтаи сипаришуда номаи кушодаи шаҳрванди кишвар Бурҳон Раҳимов унвони руасои кишварҳои Русия ва Тоҷикистон дар саҳифаи нашрияи "Тоҷикони Россия" таваҷҷӯҳи маро ҷалб намуд. Онҷо сухан атрофи "ҳамла"-и пулиси рус ба манзили зисти Раҳимовҳо, кушта шудани Далер Раҳимов ва зиндонӣ шудани ду бародари дигар Далеру Бурҳон меравад. Баъдан тасмим гирифтем, то бо Бурҳон Раҳимов ҳамсӯҳбат гардида, асли қазияи тирборон шудани ӯ ва бародаронашро муаяйн созем.

Бурҳон Раҳимов, 35 сола, зодаи шаҳри Кӯлоб. Номбурда аз соли 2009 бо русдухтар - Ирина Раҳимова Сергеевна оиладор шуда, дар шаҳри Балашихаи вилояти Маскав ҳамроҳ бо бародарон ва фарзандонаш ба сар мебарад.

Тавре маълум гардид Бурҳон Раҳимов ҳамроҳи хонаводааш дар иҷора, дар маҳалаи Шитников 33/А зиндагӣ карда, дар сохтмонҳо фаъолият доштааст. Рӯзе нозири минтақавии маҳалла (ному насаб фаромӯш шудааст) назди Бурҳон омада талаб мекунад, то хонаро холӣ намоянд. Дар ҷавоб ба саволи чаро, нозири минтақавӣ мегӯяд, ки дар сурати холӣ накардан, гурӯҳи зудамал (оперативники) омада, ӯ ва аъзои хонаводаашро ба қатл мерасонанд.

Баъдан Бурҳон Раҳимов мӯҳтавои сӯҳбатро ба соҳибхона арз мекунад. Дар ҷавоб соҳибхона мегӯяд, ки хона аз рӯи қонун моликияти ӯ буда, касе ҳуқуқи берун кардани иҷоранишинонро надорад.

Ҳамин тавр  27-уми майи соли 2010 вақте Ирина ҳамроҳ бо кӯдакон ба шаҳри Қазон меҳмонӣ меравад, дар хона Бурҳон Раҳимов танҳо мемонад. Шаби 02-03-юми июни соли 2010 Бурҳон ҳамроҳ бо бародаронаш шом хӯрда, мехобад. Тақрибан соати 00:00 ба 01:00 аз захми тапонча бар сар бедор мешавад. Чанд нафар афроди ношинос бидуни огоҳӣ ва бо либоси шаҳрвандӣ ба хонаи Бурҳон Раҳимов ҳуҷум мекунанд. Номбурда мегӯяд, ки дар поси шаб хонааш торик буда, "ҳамлагарон" дар даст чароғ (фонар) доштанд. Чунин ба назар менамуд, ки онҳо қасд ба ҷони ман доштанд. Аз онҳо кӣ буданашонро пурсидам, чизе нагуфтанд. Ҳамин замон ба ҷониби ман тир кушоданд, ки ба гӯши чапам расид. Бародаронам аз берун маро садо карданд. Ман гуфтам, ки зуд ҳамсоя ва пулисро занг зананд, ки "бандитҳо" омаданд.

Бо шунидани садои бародаронам ин чор нафар зуд ба берун давиданд. Ман ҳам хостам аз пасашон бароям. Боз ҷониби ман тир кушоданд, ин навбат нишон узви мардии ман шуд. Афтону хезон ман гурехтам. Садои чанд тири дигар баромад. Миёни манзили зисти ману ҳамсоя деворе набуд. Ба ҳавлии ҳамсоя гузашта, аз ҳуш рафтам. 7 тир хӯрдам, ки изи он дар баданам ҳаст.

Далер Бурҳонов, бародари хурдиам, пас аз хӯрдани 8 тир ҷон додааст. Бародари дигариам, Хуршед Раҳимов аз паҳлӯи сараш тир хӯрда, як чашмаш нобино мешавад. Ҳоло тир дар баданаш буда, ӯ дар маҳбасхона бемор аст.

Баъдан огоҳӣ ёфтам, ки он 4 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будаанд.

Бародарон авбош?

Пас аз 5 рӯзи муолиҷа маро ба маҳкама оварданд. Ҳангоми бозпурсӣ моро ба дуздӣ, авбошӣ ва таҷовуз гунаҳкор мекарданд. Гӯиё, ки мо як марди русро зада, ғорат карда, даст ба номуси ҳамсараш зада бошем. Аммо ин ҷиноят исбот нашуд. Дар мурофиаи додгоҳӣ низ ҳамон зани "ҷабрдида" гуфт, ки маро бори аввал мебинад.

Вакили мудофеъ Ю.В. Раҳимқулова барои исботи бегуноҳии мо талош намуд. Дар яке аз мурофиаи додгоҳӣ номбурда гуфт, ки далеле барои гунаҳкор кардани мо рӯйи даст нест. Баъдан муфаттиши ин қазия Т.А Семизаров талаб намуд, то аз Тоҷикистон хислатномаи моро фиристанд ва дар натиҷа мо озод хоҳем шуд.

Каромат Шарипов, 100 ҳазор рубл ва зиндонӣ шудани бародарон

Ҳамин тавр хислатномаҳои моро дӯстам Баҳром бо сабабҳои номаълум на ба масъулин, балки ба дасти Каромат Шарипов, раҳбари Ҳаракати тоҷикони Русия медиҳад. Аз ин ба баъд кор ранги дигар мегирад. Каромат Шарипов аз маблағӣ ман, тавассути дӯстам 100 ҳазор рубл барои "ёрӣ" расонидан мегирад. Ваъда медиҳад, ки бо пулис сӯҳбати хос анҷом медиҳад ва тамоми корро барои раҳо кардани мо дареғ нахоҳад дошт. Мо низ чорае надоштем.

Аммо дар мурофиаҳои баъдӣ, ман ва бародарам Хуршед баръакс ҷинояткор муаррифӣ шудем. Ҳамин тавр пас аз 1,5 соли дар маҳкама будан 24-уми ноябри соли 2011 маро тибқи моддаи 318, 1-и кодекси ҷиноии Русия барои 1 солу 6 моҳ равонаи зиндон мекунанд. Дар толори додгоҳ маро барои муқовимат нишон додан ба пулис, ҳамла ба онҳо муттаҳам карданд. Бояд гуфт, ки дар рафти баррасии қазия ташхиси додгоҳӣ ва пизишкӣ гузаронида нашуд. Шоҳидони ҳол ҳам ба толори додгоҳ роҳ наёфтанд. Мӯҳлати ҷазои ман пас аз 10 рӯзи зиндонӣ шудан анҷом ёфт.

Пас аз озод шудан ман ба идораи консулгарии Тоҷикистон омадам. Онҷо бо Каромат Шарипов вохӯрдам. Онҷо миёни мо ҷанҷол мешавад. Даъво кардем. ӯ маро муттаҳам мекард. Ман низ хомӯш нанишастам. Гуфтам, ки ту бар ивази 100 ҳазор рубл моро раҳо на, балки зиндонӣ кардӣ. ӯ хомӯш шуд. Дар миён хонум Гавҳар Ҷураева гуфт, ки инҷо ҷои ҷанҷол нест. Дар ҷавоб Каромат Шарипов ба хонум Ҷӯраева муроҷиат карда гуфт, ки ту "мутилшик" ҳастӣ.

Дар ин миён дар Русия мулоқоти вижаи сафорати Душанбе дар Маскав ва раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон баргузор гардид. Онҷо дар толор Каромат Шарипов ба ман наздик шуда, гуфт, ки дар ҳузури масъулин шикояте накунам ва боқӣмонда масъаларо дар идорааш баррасӣ хоҳем кард. Ман ҳам чизе нагуфтам. Баъди анҷоми мулоқот, пас аз рафтани сафири Тоҷикистон дар Русия, Абдулмаҷид Достиев ва раҳбари Хадамоти муҳоҷират -Сафиалло Девонаев Каромат дар ҳузури дигар даъватшудагон садо баланд кард ва гуфт, ки гӯиё барои раҳоии ман аз кисаи худ бештар аз 200 ҳазор рубли русӣ сарф карда бошад. Ман бо Каромат ҷанҷол кардем. Ман гуфтам, ки мо бегуноҳ равонаи зиндон шудем, зеро додгоҳ ташхиси пизишкӣ нагузаронд.

Бурҳон Раҳимов дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, ки дар консулгарии Тоҷикистон низ пуштибонӣ наёфтааст. Акнун талош дорам, то бегуноҳии худ ва бародарамро исбот намоям. Ман ҷинояткор набудам ва нестам. Ман дар манзили зисти худам будам. Чӣ гуна масълини ҳифзи ҳуқуқ ба хонаи ман ҳуҷум меоранд, чаро ба ман ҳуҷҷатҳои худро нишон надоданд, чаро ба ман оташ кушоданд?

Ҳар кори аз дастам меомадаро иҷро карда, бародарам Хуршед Раҳимовро озод менамоям. Зеро 19-декабри соли 2011 додгоҳи шаҳри Балашихаи вилояти Маскав бародарамро бидуни ҳузури шоҳидон барои 10 сол равонаи зиндон намуд. Ба нақли вакили мудофеъ И.О. Лебедева зимни мурофиаи додгоҳӣ сару рӯйи бародарам сиёҳ будааст. Бародарам Хуршед Раҳимовро тибқи моддаи 131,1 - 105, 1 ва 162, 2-и кодекси ҷиноии Русия бо айби дуздӣ, одамкушӣ ва таҷовуз ба номус зиндон карданд. Бидуни ташхиси додгоҳӣ ва тиббӣ.

 

Каромат Шарипов: ҳадафи мо раҳо кардани бародарон буд

Зимнан, пас аз сӯҳбат бо Бурҳон Раҳимов мо ба Каромат Шарипов, раҳбари ҳаракати тоҷикони Русия муроҷиат намудем. Бино бар гуфтаи ҷаноби Шарипов ӯ аз асли қазия огоҳӣ меёбад ва хонаводаи Раҳимовҳо ба ӯ барои кӯмак муроҷиат мекунанд. Ман ҳам ба ҷойи ҳодиса сафар карда, суханони шоҳидонро ба навор мегирам. Барои ёрӣ расонидан вакили мудофеъи махсус мегирам. Бояд гуфт, ки барои хидмати вакили мудофеъ Романов аз наздикони ҷабрдида 100 ҳазор рубли русӣ мегирем ва чун ин кофӣ набуд, ман бо вакили мудофеъ ба хулосае меоем, ки боқӣ монда 160 ҳазор рубли дигар аз ҳисоби худамон масраф менамоем. Ҳадафи аслии мо ҳам аз маҳкама баровардани бародарон Раҳимов буд.

Давлат Назрӣ, сардори департаменти иттилоотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба "Озодагон гуфт, ки қазия бисёр печида буда, феълан масъулин барои исботи ҳақиқат талош доранд. Ба маълумоти Давлат Назрӣ феълан сафорати Тоҷикистон дар Русия дар доираи салоҳияти худ барои ёрӣ ба бародарон талош дорад. Зеро ҳарду ҷониб далелу фактҳое дар даст доранд.

Файзиниссо Воҳидова: масъулини ҳифзи ҳуқуқи Русия низ ҷиноят содир кардаанд

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова қазияи зиндонӣ шудани бародарон Раҳимовҳо пурпечутоб аст. Тибқи қонунгузории федератсияи Русия масъулини ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳак надоранд, ки пас аз соати 22-00 ба манзили зисти шаҳрвандон раванд. Илова бар ин онҳо танҳо дар ҳолати истисноӣ бояд аз яроқи худ истифода баранд. Аммо чун масъулини ҳифзи ҳуқукӣ Русия бидуни огоҳӣ, баъди соати 22-00, бидуни муаррифӣ ба манзили зисти шаҳрванди Тоҷикистон омада ҳуҷум мекунанд, Бурҳон Раҳимов низ ҳуқуқи худ муҳофиза карданро дошт. Тибқи қонуни милитсияи Русия ва сарқонуни ин кишвар масъулини ҳифзи ҳуқук аз ваколати худ берун баромадаанд. Аз ҷониби дигар метавон гуфт, ки ин гуна рафтор кардани масъулини ҳифзи ҳуқуқи Русия ба хотири ба таври сунъи ташкил кардани ҷинояткории шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Зеро барои ҳеч кадом мақомоти Русия бе ҳуқуқ будани шаҳрвандони Тоҷикистон махфӣ нест. Бо ин роҳ онҳо мехостанд, то  муҳоҷирони кори Тоҷикистонро ҷинояткор муаррифӣ намоянд. Зеро берун аз Тоҷикистон ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар боре ҳам ҳимоя намешавад. Ва суханони сафорату консулгариҳо низ дар чунин маворид қурб надорад.

Ба сифати далел Файзиниссо Воҳидова аз қазияи халабони рус мисол оварда мегӯяд, ки бо кадом роҳ ва мақсаде набошад, давлати Русия барои дифоъ аз шаҳрвандаш муввафақ гардид. Дар сурати муқоисаи фаъолияти мақомоти Русияву Тоҷикистон метавон гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ӯҳдаи ҳимояи шаҳрвандонаш намебарояд.

Ҳумайрои БАХТИЁР

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)