Бахшҳо

Соли наҳанг бо шикори «Наҳангчаҳои бузург» оғоз шуд

Дар як муддати кӯтоҳ боздошти чандин нафари масъулу боломақом далели он аст, ки дар сафҳои ҳукумат нафарони тасодуфӣ ҳанӯз зиёданд.
Чидани рақамҳои "тиллои"-и мошинҳо, боздошти кормандони интизомиву қудратӣ бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва эъломи хабарҳо аз дастгир шудани наздикони мансабдорон бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои мухталифро бархе коршиносон қадаме ба сӯи шикори "наҳангҳои бузург" унвон мекунанд. Қадаме, ки панҷсолаҳо инҷониб барои нагузоштанаш ҳукуматро танқид мекарданд.

Омӯзгору табиб дигар дар "муд" нест. Акнун навбати "нарко-афсарон"


Вазорати корҳои дохилӣ ахиран аз боздошти як афсари вазорати мудофиа хабар дод. Ин низомиро бо гумони қоҷоқи маводи нашъадор дар шарқи кишвар боздошт кардаанд. Ба иттилои манбаъ дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони ВКД дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз Қиёмиддин Соатов, муовини фармондеҳи яке аз қисмҳои низомии тобеи вазорати дифоъро дастгир кардаанд. Дар ҷараёни тафтиш аз капитани боздоштшуда як кило ҳероин забт ва мусодира шудааст. Аммо ин ягона ҳолати дастгир шудани афсарон бо гумони қоҷоқи маводи мухаддир дар соли равон нест. Дар нахустин рӯзҳои соли нав як афсари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки рутбаи полковникро дошт, дар шимоли кишвар боздошт гардид. Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳам, ки ҳамеша аз ҷониби таҳлилгарон барои боздошти муаллимону табибони ришвахор интиқод мешуд, якбора аз дастгир кардани чанд нафаре хабар дод, ки ба нашъаҷаллобӣ машғул буданд, ҳарчанд мансаби баланди давлатӣ ҳам доштанд.


Ба гунаи мисол ин ниҳод эълон дошт, ки муфаттиши калони Шӯъбаи тафтишотии Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон, лейтенанти калони милиса Шарипов А.Б.-ро бо иттиҳоми аз як гумонбар талаб кардани 8.000 доллари амрикоӣ дастгир кардаанд. Ҳамчунин, кормандони Агентӣ сардори шӯъбаи истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъадори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (РМЗГҒММ) ВКД, подполковники милиса Зафар Мирзоевро боздошт кардаанд. Зафар Мирзоевро дар ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва бо максади ба даст овардани фоидаи моддӣ ба соҳибияти дигар касон додани воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон гумонбар медонанд.


Ниҳоди мазкур ҳамчунин прокурори шӯъбаи назорати тафтиши пешакии прокуратураи вилояти Суғд Меҳроҷ Бобоумаровро бо гумони ришвахорӣ дастгир кардааст. Ҳамчунин Фаттоҳ Саидов, раҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нишасти хабарие аз боздошти Рустам Ҳаитов, яке аз нашъаҷалобони маъруф ва шарикони ӯ хабар дод. Ба қавли вай яке аз ҳамроҳони Ҳаитов сардори ШМЗГММ ШКД ноҳияи Фархор Фаридун Умаров, бародари муовини сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Мансур Умаров будаааст.


Сомонаи радиои "Озодӣ" бошад, дар пайи хабари боздошти ду шаҳрванд бо бештар аз 100 кило маводи мухаддир дар ноҳияи Қубодиён бо истинод ба манобеи наздик ба мақомоти интизомии вилояти Хатлон навишт, ки "яке аз афроди боздоштшуда фарзанди генерали баландпояи тоҷик аст, ки дар яке аз вазоратҳои қудратии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад".


Дар мавриди ба амалҳои ҷиноӣ даст задани одамон зери сояи бародарони мансабдорашон мавзӯи гуфтугӯ дар доираҳои алоҳида буд. Сару садо ва овозаҳо миёни мардум баланд мешуд, вале кам шуда буд, ки хабари боздошт ва эълони пайвандияшон бо мансабдорон расонаӣ шавад.


Вазирони порахӯр кай дастгир мешаванд?


Бархе коршиносон аз оғози раванди боздошти афсарон ва хешовандони мансабдорон истиқбол карда, бо шикори "наҳангчаҳои бузург" оғоз шудани соли наҳангро фоли нек арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, агар суръати кор ҳамин гуна идома ёбад, дур нест замоне, ки навбати "наҳангҳои бузург" ҳам бирасад. "Наҳангҳои бузург"  ба таъбири ин соҳибназарон вазирону мансабдорони сатҳи болоиянд. Ин таҳлилгарон мегӯянд бо маоше, ки ин мансабдорон мегиранд, чунин кушку қаср, манзилҳои бодабдаба, мошинҳои хориҷӣ ва "карру фар" кардан имконнопазир аст. Ва чандин маврид дар нишастҳои хабарӣ журналистон аз Фатоҳ Саидов, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пурсиданд, ки чаро ниҳоди ӯ вазирҳои порагирро дастгир намекунад? Фаттоҳ Саидов посух гуфт, ки онҳо ба касе бартарият намедиҳанд, дар назди қонун ҳама баробаранд. Ба қавли номбурда онҳо дар асоси ариза ва шикоятҳо амал мекунанд ва то кунун нисбат ба ҳеч вазир ва мансабдори сатҳи болоӣ аз ҷониби шаҳрвандон аризае нарасидааст.


Гуфта мешавад, агар нафарони боздоштшуда, аз қабили кормандони мақомоти интизомиву қудратӣ, ки рутбаҳои баланд доранд ва ҳамчунин пайвандони мансабдорони дигар дар фурсатҳои наздик раҳо нашаванд ё дар асоси қонуни авф раҳо нагарданд, пас ба муборизаи зиди ҷинояткорӣ ва фасод дар ҳамаи бахшҳо мешавад умед баст, дар сурати баръакс…


Рақамҳои 8888-у 7777 аз кӯчаҳо ғайб мезананд


Оғози моҳи январи соли 2012 боз як хабари дигар ҷомеаро ба қавле "такон" дод, албатта ба сӯи умедворӣ.Зимнан, ВКД эълом дошт, ки ҳаракати мошинҳо бо "рақамҳои тиллоӣ", масалан "7777" ва "8888" мамнӯъ мешавад. Бозрасии давлатии автомобилӣ гуфт, рақамҳои мазкур ба шумораҳои маъмулӣ иваз хоҳанд шуд. Масъулияти ягонаи тамоми ронандагон дар таъмини бехатарии роҳҳо аз сабаби аслии иқдоми мазкур унвон шуд. Ёдовар мешавем, соли сипаришуда БДА соҳибони рақамҳои "тилдлои"-ро аз роҳи музояда пайдо мекард. Он замон гуфта мешуд, маблағҳои аз фуруши ин шумораҳо бадастомада ба нерӯгоҳи Роғун фиристода мешавад.


Гуфта мешавад, рақамҳои якхела барои ронандаҳо мисли имтиёз кӯмак мекунад. Масалан, мошинҳои чунин шуморадоштаро на ҳама вақт кормандони БДА нигоҳ медоранд. Гузашта аз ин бархе шумораҳои "тилои"-ро хоси нафарони махсус медонистанд.  Масалан овозаҳо буд, ки рақамҳои 8888 аз хешовандони райисҷумҳур ва шумораҳои  7777 аз наздикони Маҳмадсаид Убайдуллоев аст.


Аммо ҳоло низ дар кӯчаҳои пойтахт сабукравҳо бо рақамҳои якхела дар гаштугузоранд.


Барчидани "рақамҳои тиллоӣ" аз аввалин натиҷаҳои кори Рамазон Раҳимов, вазири тозатаъини корҳои дохилӣ унвон мешавад. Раҳимов баъди дар курсии Абдураҳим Қаҳҳоров нишастан нахуст писараш Дилшодро, ки дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт маъмури фаврии милиса шуда кор мекард, аз вазифа барканор намуд. Ҳамчунин, бо амри вай бародараш Раҳмонқул Раҳимовро аз вазифаи  сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд гирифтанд.


Агар тасмимҳои ахири ҳукумат дар самти тартибот ва аз ҷинояткорон тоза кардани сафҳо, ҳарчанд онҳо мақомҳои баланд ҳам бошанд, бархе аз коршиносонро хушбин кардааст, аммо аз ҷониби дигар онҳо мегӯянд ин раванд бояд аз чанд соли қабл оғоз мешуд. Ҳамчунин, нафароне ҳам ҳастанд, ки иддао доранд ҳукумат бо ин амалаш заъфҳои худро ба намоиш гузошт. Дар як муддати кӯтоҳ боздошти чандин нафари масъулу боломақом далели он аст, ки дар сафҳои ҳукумат нафарони тасодуфӣ ҳанӯз зиёданд, хулоса мекунанд онҳо.


Абдулазизи ВОСЕЪ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)