Дар миёни 5 рӯз чор нафар маъмурони воломақоми Ниҳоди посдори инқилоби исломии Эрон ба таври мармуз фавтидаанд.
Ҳамаи ин афрод ба маълумоту лоиҳаҳои махфии таҳияи аслиҳоти ҳарбӣ дастрасӣ доштаанд ва дар коркарди онҳо бевосита ширкат мекардаанд. Гуфта мешавад, миёни онҳо нафари ба таҳияи аслиҳаҳои ғайримаъмулӣ машғул, ҷенероли ҷанги миёни Эрону Ироқ, ихтироъкори аслиҳаи электронӣ низ будаанд. Сабаби фавти ин 4 нафар, ки аз 50 то 55 сол доштаанд, сактаи қалб ва ғалаёни хун (инсулт) дониста шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бар асари як инфиҷор олими соҳаи ядроӣ- Мустафо Аҳмади Равшан кушта шуда буд. Тафтишот муайян карда буд, ки дучархасаворе ба зери нақлиёти олим маводи таркандаро насб карда ғайб задааст. Пештар олими соҳаи физикаи ядроии донишгоҳи Теҳрон Масъуд Алии Муҳаммадӣ низ аз тариқи инфиҷор дар нақлиёташ ҷонашро аз даст дода буд.
Дар ҳарду ҳолати аввалӣ Эрон Амрико ва Исроилро дар даст доштанашон дар ин инфиҷорот муттаҳам карда буд.
Дар ҳолати ахирӣ Теҳрони расмӣ ҳанӯз ифшои назар накардааст.
Мӯҳр