Райиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дирӯз дастур дод, ки дар мӯҳлати ду ҳафта мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд бо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба иваз карда шаванд. Дар робита ба ҳамин ин ҳафта "Озодагон" ба коршиносон чунин суол кард:
Абдураззоқ АБДУЛЛОЕВ, роҳбари ширкати "Аҳмадсоз"
Ман фикр мекунам, ки ин яке аз ташаббусҳои неки шаҳрдорӣ барои пешрафти ҷомеа ва роҳандозии дурусти сиёсати кадрӣ мебошад. Ман чун як ҷавони тоҷик ин иқдоми инноватсионии раиси шаҳри Душанберо дастгирӣ менамоям. Зеро имрӯз ҷавонони болаёқат зиёданд, ба хусус он ҷавононе, ки дар хориҷ аз кишвар кору таҳсил мекунанд ва ҷаҳонбинии васеъ доранд, ки дар асри 21 ва ҷаҳонишавӣ мувофиқ аст. Боварӣ дорам, ки аксари ин гуна ҷавонҳои болаёқат воситаҳои коммуникатсионӣ ва технологии замонаро истифода бурда метавонанд, ки ин дар замони мо хеле нақши муҳим дорад. Илова бар ин аксари ҷавонон, ки дар давраи истиқлолият таваллуд шудаанд, аз қонунҳои капитализм хуб бохабаранд ва дар кишварҳои хориҷи дурру наздик кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо дар шароити иқтисоди бозорӣ, ки дар Тоҷикистон амал мекунад, аз иҷрои вазифа беҳтар мебароянд. Вале бояд чанд омилро ба назар гирифт: пеш аз ҳама дар интихоби кадрҳои ҷавон бояд ҷиддӣ муносибат кард ва танҳо ҳирфаияти онҳо ба назар гирифта шавад. Дар баробари ин эҳтироми кадрҳои пешина, ки аз вазифа гирифта мешаванд, бояд ба ҷо оварда шавад. Агар онҳо ба нафақа мебароянд бояд бо нафақаи хуб гусел карда шаванд ва агар имконият бошад ба вазифаи дигари соҳаи худ ба кор қабул шаванд, ки дар он ҷо маълумоти замонавӣ, инноватсионӣ ва технологӣ камтар мавриди амал қарор мегирад.
Абдулло ҲАБИБОВ, вакили шаҳрӣ
Як чизро бояд қайд кард, ки раиси шаҳри Душанбе дар сиёсати кадрӣ ҳамеша такя ба ҷавонон мекунад. Дар дастгоҳи раиси шаҳр теъдоди зиёди ҷавонон кору фаъолият мекунанд. Фикр мекунам, ки дар вазифаҳои масъулиятноки шаҳр мӯйсафедон хеле каманд. Онҳое, ки дар вазифаҳои роҳбарикунандаи бемористону мактабҳо кор мекарданд ва синнашон то ҷое расидааст, таҷрибаи кории хуб доштанд ва мутахассиси соҳаи худ буданд. Онҳо то имрӯз қадрдонӣ шуданд ва агар синнашон ба нафақа расида бошад бояд бо нафақаи хуб қадрдонӣ карда шаванд. Зеро акнун вақти истироҳати онҳост ва ба ҷавонони донишманду кордон имконият диҳанд. Вале хоҳиши он мутахассисони солманде, ки кор карданиянд бояд ба назар гирифта шавад. Дар шаҳри Душанбе барои ҷавонон роҳ кушода аст. Акнун бас аст хотирбинӣ ва бояд ҷавонон ба кор қабул карда шаванд. Танҳо ҷавонони донишманду соҳибтаҷриба метавонанд ҷомеаи моро пеш баранд ва раиси шаҳр дар оянда бояд ба ҷавонони кордону соҳибтаҷриба такя кунад.
Иноят ИНОЯТОВ, ҳуқуқшинос
Ҳамаи дастурҳо бояд дар доираи қонун ҳаллу фасл гарданд. Дар бораи он ки як корманди соҳаи маориф ё тандурустӣ дар як вазифа наметавонад зиёда аз 5 сол кор кунад, бояд, ки меъёри ҳуқуқӣ қабул кунанд, на ин ки ба восити супориш ҳал намоянд. Мо дар давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем ва бояд ин масъалаҳо дар доираи қонун, дар асоси қабул кардани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва қарору фармонҳо ҳал карда шавад, на дар асоси супоришҳои хаттӣ.
Шавкат САИДОВ,сухангӯи шаҳрдори Душанбе
Ин тасмими шаҳрдорӣ дар доираи коҳиш додани ҳолатҳои тақаллубкорӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва риояи талаботи қонуни коррупсия сурат гирифта аст. Барои аз байн бурдани ҳар гуна сохтакориҳо ва ҷамъоварии маблағ бо роҳи ғайриқонунӣ мусоидат мекунад. Як паҳлӯи дигари ин муқаррароти раиси шаҳри Душанбе шароит фароҳам овардан ба татбиқи патенсиали мутахассисони ҷавон мебошад. Албатта дар асоси таҳлилҳои амиқ ва хулосаҳо барои вазифаи ҳар як директори мактаб то 5 номзад пешниҳод карда мешавад, ки донишу малакаи номзадҳо ба инобат гирифта хоҳад шуд.
Мӯсо АСОЗОДА, сиёсатшинос
Вақте супориш шудааст, ки мудирони маориф, директорони мактабҳо ва сардухтурони беморхонаҳои шаҳри Душанбе, ки беш аз 5 сол дар як вазифа кор кардаанд, аз мақомашон барканор мешаванд, аз нигоҳи ман дар ин муассисаҳо камбудиҳо ҷой дорад. Аз тарафи дигар ман фикр намекунам, ки тамоми мудирону роҳбарони он сохторҳои номбаршуда, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, баъди 5 сол иваз карда шаванд. Лекин дар ин раванд аз ҳама муҳим ҷобаҷогузории кадрӣ мебошад. Агар интихоби кадрҳои ҷавон дуруст сурат гирад ва донишу малакаву таҷрибаи кории онҳо ба назар гирифта шавад, ин ба манфиати кор аст. Агар дар ин самт таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир шавад, фикр мекунам камбудиҳои ҷойдошта дар оянда роҳи ҳалли худро пайдо хоҳанд кард. Аз сӯи дигар иваз кардани кадрҳои кӯҳна ба кадрҳои нав маънои онро дорад, ки дар сохторҳои номбаршудаи шаҳр дигаргунии ҷиддие ба амал меояд ва диду назари наве дар фаъолияти ниҳодҳо пайдо мегардад.
Қиёмиддин АВАЗОВ, раиси бахши ҷавонони ҲНИТ
Воқеан дастуре, ки раиси шаҳри Душанбе додаст иқдоми хуб аст, агар чӣ дар асоси гуфтаҳои президенти кишвар сурат гирифтааст. Чун президенти кишвар дар ҷаласаи солонаи ҳукумат дар атрофи ин масъала ишорае карда буд. Ин тасмими ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев хеле хуб аст. Вале аз нуқтаи назари банда як мушкилие вуҷуд дорад, ки мабодо ҷавононе ба сари вазифа наоянд, ки ба мавқеи ҷуғрофии онҳо аҳамият дода шавад. Ҷавононе бояд ба вазифаҳои роҳбарикунанда интихоб гарданд, ки воқеан сазовору арзанда бошанд. Агар ин паҳлӯи масъала ба назар гирифта шаваду ҷавонони соҳибтаҷрибаву соҳибандеша ва кордон ба кор даъват шаванд, хеле хуб мешавад. Аммо намедонам, барои кадрҳое, ки аз мақомашон барканор мешаванд дар ҷои дигар вазифа ё кор додан ба назар гирифта шудааст ё не. Зеро он кадрҳое, ки барканор мешаванд, зиндагӣ доранд ва бешак соҳиби зану фарзанд мебошанд ва таъмини оила бар дӯши онҳост. Онҳо болои хонаводаи худ масъулияти бештаре доранд. Агар барои мутахассисони барканоршуда низ коре дода мешавад ва боз ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда даъват мегарданд, ин тасмими хуб аст. Зеро ҳама сола ҳазорҳо ҷавон донишгоҳҳои дохилу хориҷро хатм мекунанд ва ба ҷои кор ниёз доранд.
Шариф МУЛЛОЕВ, устоди донишгоҳ
Фикр мекунам,ки сиёсати кадрӣ агар шаффоф гузарад ва аз рӯи принсипи хешу таборӣ сурат нагирад, шояд дар системаи маориф дигаргунии куллие ба амал ояд. Вале феълан ин соҳаро шахсони тасодуфӣ андар қисми зиёд ишғол намудаанд. Онҳо вазифаи хешро танҳо дар ҷамъ овардани маблағ медонанд. Шояд амали мири шаҳри Душанбе то андозае дуруст бошад. Аммо ман бо боварӣ мегӯям, ки ҳоло ҳам шахсони поквиҷдон ва бо маънии том сарсупурдаи касби хеш дар соҳаи маориф ҳастанд. Дар мавриди пайдо шудани теъдоди зиёди ҷавонони соҳибтаҷриба банда шубҳа дорам. Шояд қисми каме пайдо шаванд? Имрӯз ҷавонон дар ин соҳа хизмат ва фаъолият кардан намехоҳанд. Сабаби асосӣ кам будани маош. Дар сурати иҷрои дастури раиси шаҳр ва барканории шахсони мутасадии беш аз 5 сол роҳбарикунанда онҳоро ба сифати омӯзгор ба кор таъмин намоянд, хуб мешуд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |