Бахшҳо
26 янв 2012 08:58Гузориш

Шӯрообод: Марзбонон гаравгони барф

Дар соли 2011 3-сарҳадбони тоҷик дар хати марзи Тоҷикистону Афғонистон дар Шурообод ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои Худойбердӣ Алиев, муовини қумондони қисми низомии сарҳадбонони тоҷик, мустақар дар ноҳияи Шурообод, соли сипаришуда дар хати сарҳади давлатӣ 2-тан аз сарбозон ва як афсари сарҳадбони тоҷик ба ҳалокат расидаанд. Аммо, дар прокуратураи ҳарбии минтақавӣ зимни як нишасти матбуотӣ барои журналистон хабар додаанд, ки шумораи фавтидагони марзбон дар ин мавзеъ, 7-нафар будааст.
Майор Алиев гуфт, ин сарҳадчиён ҳангоми дар ҷанг даромадан бо гурӯҳҳои қочоқбари афғонӣ, ки хати марзро шикаста, вориди хоки Тоҷикистон мешуданд, қаҳрамонона қурбон шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, аз ҷониби марзшиканони афғон низ 11-нафар дар ин задухӯрдҳо ба ҳалокат расидаанд. Соли гузашта аз сарҳадшиканон 3,75-килограм маводи ҳероин, наздики 200-килограм бангдона, 15-килограм афюн, беш аз 8,6 килограм ҳашиш, 8-адад автомати Калашникуф, 10 тирдон бо 269-дона тирҳои гуногун, 2-адад гулӯлаи қудраш 40мм ва 3 норинҷаки дастӣ мусодира шуд.
Гуфта мешавад, ноҳияи Шурообод мавзее будааст, ки наздик ба 150-километр хати сарҳад бо ҷумҳурии Афғонистон дорад. Бояд гуфт, маҳз дар ҳамин мавзеъ, ки мутаасифона дар баъзе ҳолатҳо хати сарҳад бо иллати мавзеҳои мушкилгузар, пурра таҳти назорат қарор намегирад, мунтазам сарҳадшиканӣ ба қайд гирифта мешавад. Инчунин, ҳолатҳое ҳам ҷой доранд, ки убури сарҳад аз ҷониби марзчиён норӯшан мемонад ва танҳо баъди оне, ки ҷинояткорон дар ҳудуди рустоҳои ноҳия ба бедодгарӣ даст мезананд, ошкор мегардад. Ба унвони мисол, охирон бедодгарии афғонҳо даҳаи дуввуми моҳи декабр дар ҷамоати Саричашма рух дода буд, ки он ҳангом ҷинояткорони афғонӣ беш аз 20-сар говони сокинони ин ҷамоатро ба таври маҷбурӣ, бо истифода аз автомат, гирифта, бурда буданд. Бояд гуфт, ин на аввалин (худо кунад, охирин бошад) ҳолати гову моли тоҷиконро ба яғмо бурдани афғонҳо мебошад. Аммо аҷиб он аст, ки дар ҳама ҳолат дуздпешаҳои афғонӣ подабонҳои тоҷикро маҷбур мекунанд то соҳили руди Панҷ подаи ҳайвони дуздиашонро пеш карда, баранд. Як сокини ноҳия мегӯяд, гову моли тоҷикон ба садои афғонҳо одат накардаанд, аз ин хотир афғонҳо тоҷиконро бо худ мегиранд, то говҳояшонро низ худашон ба соҳил баранд. Гузашта аз ин, қочоқчиёни афғон на танҳо молу гов, ки ҳамасола сокинони ноҳияро ба гарав гирифта, ба он тарафи руди Панҷ мебаранд. Ба иттилои Амирхон Икромов, раиси ноҳия, танҳо дар соли 2011-ум 6 тан аз сокинони ноҳия аз ҷониби афғонҳо ба гарав бурда шуда будаанд. Дар натиҷаи амалиётҳои муштарак аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон, ҳамаи 6 гаравгонбурдашуда озод шудаву ба манзилашон баргаштаанд.
Майор Алиев, муовини қумондони қисми ҳарбии сарҳадбон мегӯяд, барои назоратро дар сарҳад мустаҳкам намудан, гурӯҳи кавалерӣ ташкил намудаанд. Сарҳадбонон ба мавзеҳои мушкилгузар ва тақрибан ногузар, аз асп истифода мебаранд. Аммо ин амал низ, ба ҳангоми боридани барфи зиёд, бомуваффақият набудааст. Ба гуфтаи майор, ҳанӯз дар арафаи соли нав як гурӯҳи сарҳадбононро барои кумак ва пурзӯр намудани хати сарҳад ба як дидбонгоҳи дуртар фиристонда буданд. Вале бо ҷурми боридани барфи зиёд, гурӯҳ дигар барои бозгаштан ба қисми ҳарбӣ имконият надорад. Ба қавли қумондон, барои тоза кардани роҳ аз барф ҳатто трактор оҷиз мондааст. Бо аспу пиёда низ рафтан тамоман номумкин аст. "Ҳарчанд дидбонгоҳ бо хӯроквории 6-моҳа ва ҳам движоки барқдиҳанда таъмин аст, вале иваз намудани сарҳадбонон зарур аст. Дар мавриди ин мушкилӣ чониби қисми ҳарбӣ чархбол даъват кардааст. Бо омадани чархбол, умед ҳаст, ки эшонро иваз намоем", мегӯяд қумондон.
Аммо, ҳарчанд ки марзбонону ҳам дигар мақомоти қудратӣ ба боваранд, ки дар муҳлати муайяне сарҳад мустаҳкам мегардаду дигар убури он барои ҷинояткорон мушкил меояд, вале мардуми рустои наздисарҳадӣ ба ин бовар надоранд. Ба андешаи эшон, солҳои зиёдест, ки ин ваъдаро мешунаванд, вале барои посбонии сарҳад ҳанӯз ҳам ва дар ояндаи наздик низ имконият фароҳам нест. Моҳе нест, ки афғонҳо дар ҳудуди ноҳия ногаҳону ғайриинтизор пайдо нашаванд. Кор то ҷое расида, ки шабона ва ҳатто дар рӯзи рӯшан ҳам, дар мавзеҳои ғафлат, дар роҳи мошингард бо яроқи ҷангӣ баромадаву ба истилоҳ, "рэкетӣ" мекунанд ва нақлиёти омадаро боздошт намуда, пул меситонанд. Ҳадди имкон, танҳо дар соли гузашта 2-ҳолати инчунин авбошии афғонҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Шурообод-Помир рух дода буд, ки дар ҳолати охирин, як афсари ванҷӣ, ки аз рухсатӣ ба қисми ҳарбиаш бармегашт, дар натиҷаи муқобилият кардан, аз ҷониби афғонҳои роҳзан ба ҳалокат расида буд.

Аслиддин ДОСТИЕВ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)