Аз идора:Чандест, ки танишҳои бесобиқа миёни донишмандон ва сиёсатмадорон дар мавриди созгории ислом ба низомҳои муосир ва донишҳоии кунунии дунё ба вуҷуд омада. Дар шароити нави муносиботи ҷаҳони ин таниш ва мухолифатҳо характери сиёсӣ ва систематикиро аз ҷониби пешвоҳои сиёсӣ касб кардаанд. Як чиз мушаххас аст, ки носозгории исломро бо низомҳо ва сиёсатҳои муосир пешвоёни сиёсӣ ва роҳбарони як қисм кишварҳо аз роҳи мутафаккирон ва донишмандонашон ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода мекунанд. Аммо дар ин миён қурбонии ин танишҳо ва мухолифатҳо мардуми сайёра мешаванд ва рӯз то рӯз пароканиши нуқтаназарҳои хатарзо ва азҳамзудоянда мардуми сайра: мусалмонро аз номусалмон ҷудо мекунанд. Дар ин авохир дар заминаи мухолифати ҷомеаи ғарбӣ бо ҷомеаи исломӣ ва печида будани ҳадафҳои сиёсии Ғарб ба ҳадафҳои тамаддунияш мухолифатҳо ва танишҳоро зиёдтар гардонидааст. Ҳамин аст, ки имрӯз терроризм, хушунат, худкомагӣ ва дигар аъмоли номақбулу ғайриинсонӣ дар асри навин ба номи ислом "мехкӯбӣ" мешавад. Ҳафтанома тасмим гирифт, ки дар ин баҳси тамаддун? як мусоҳибаи Шоҳзода Карим оқохони IV-ро аз шумораи 10 декабри соли 2006-и нашрияи "SPIEGEL", ки бар пайи як изҳороти пешвои масеҳиёни дунё Папа Бенидикти XVI сурат гирифтааст, бознашр намояд. Карим Оқохони IV пешвои 20 миллион мусалмонони исмоилии ҷаҳон дар як суҳбати худ бо "Шпигел"-и олмонӣ асосҳои дини исломро ба баррасӣ гирифта, баҳсеро атрофии изҳороти ахирини Папа дар мавриди ислом ва усулҳои ҷилавгирӣ аз як даргирии ҷаҳонӣ байини динҳо ва мазоҳиб ба миён гузошта буд.КАРИМ ОҚОХОНИ IV: Ҳеҷ кас наметавонад маро мутақоид кунад, ки динҳои ислом, масеҳият, яҳудият, ки миёни ҳам дар рақобатанд дар замони мо дар онҳо умумияте зиёд бошад.SPIEGEL: Алоъҳазрат дар суханронии Папа Бенедикти XVI як нутқи император Монуил иқтибос шуд, ки гуфта: "Ба ман нишон бидиҳед, ки Муҳаммад чи навигарӣ овард, чӣ буд ва Шумо онҷо фақат амалҳои бад ва ғайринсонӣ, мисли фармони таълиму густариши динаш аз роҳи шамшер меёбед". Ин иқтибос аз асри XIV сарисадоҳои зиёдеро дар ҷаҳони ислом ба вуҷуд овард. Бархӯрди Шумо чӣ гуна буд?ОҚОХОН: Аз нуқтаи назари ман, банда дар ибтидо нороҳат аз ин баёния будам, ба ин манзур ки он нохушиҳои зиёдеро дар олами ислом ба вуҷуд овард. Ба назар мерасад, ки дар ҳоли ҳозир ҳаракат ба самти суъйи тафоҳуми бештар байни мазоҳиб тахриби равобит вуҷуд дорад. Фикр мекунам мо муваззафем, ки бояд талош бикунем то ба вазъият чизе илова накунем, ки ба вахим шудани вазъ биоварад. SPIEGEL: Бенедикт XVI сароҳатан худро аз нутқи иқтибосшудаи император ҷудо мекунад. Мавқеи шахсии Папа дар мавриди таалуқият ба суханронии худ, ки ӯ чӣ мехост, ҳамин буд, ки мехоҳад гуфгӯйҳо сода шаванд ва чандин дафъа ҳам ӯ эҳтиромоти худро нисбати дини ҷаҳонӣ, ки ислом мебошад изҳор дошт. Оё ин фақат интихоби номуваффақонаи суханҳо буд? Ё ӯ дониста ин иштибоҳро кард?ОҚОХОН: Ман намехоҳам он чизеро муҳокима кунам, ки наметавонам. Ва ин барои ман бедалел аст, ки ман бигӯям, ки медонам ӯ чӣ мехост. Вале ин давра(асримиёнагӣ) дар таърих то дараҷае, ки ба ман муълум аст, яке аз давраҳои фавқулодаи табодули идеологӣ (каломӣ) ва баҳс миёни ипреияи Визонтиё ва ҷаҳони мусулмонӣ аст. Замони ҳаяҷонангез аст, ки изҳороти императорро инъикос намекунад, аз ин рӯ ман фикр мекунам хориҷ аз чаҳорчӯба аст. SPIEGEL:Мавзӯи суханронии Папа Бенедикт дигар буд. Ин як мавзуи дӯстдори ӯст: робита миёни дин (эътиқод) ва ақл, ки ба ақидаи ӯ далолат ба инкори ҳар гуна алоқа миёни дин ва хушунат мебошад. Оё ин чизе ҳаст, ки Шумо ба он мувофиқ бошед? ОҚОХОН: Агар Шумо суханронии ӯро ҳамчун як навъе дар бораи эътиқод ва ақл маънидод мекунед, ман фикр мекунам мубоҳиса хеле ҷолиб аст ва то ҳатто метавонад ба таври фавқулода чун як омили созанда миёни ҷаҳони мусулмонӣ ва ғайримусулмонӣ бошад. Ду навъи бархӯрди ман бо ин суханронии Папа вуҷуд дорад:Нигаронии ман аз тахриби равобит вуҷуд дорад, ки ҳамзамон ман имкониятро намебинам. Имконияти баҳс дар бораи масоили ҷиддӣ ва муҳим: равобит миёни эътиқод ва мантиқ. SPIEGEL: Агар Папа Шуморо бо дигар пешвоёни динӣ ба як баҳси дар мавриди эътиқод, ақл ва хушунат даъват мекард, мепазируфтед? ОҚОХОН: Бале, мушаххасан. Ман агар мебудам чунин дараҷаеро ба вуҷуд меовардам, ки баҳси марбути сартосари ҷаҳон дар марҳилаҳои муайян ба маҳдудаҳои хос бармехӯрд. Пас ман дар суҳбат бештар тарҷеҳ медиҳам, ки ахлоқи ҷаҳони ношӣ аз динҳои бузурги рӯйи замин аст. SPIEGEL: Оё ислом мушкиле бо ақл дорад?ОҚОХОН: Комилан, не. Дар воқеъ агар ман мебудам, акси инро мегуфтам. Ба эътирофи Иброҳим ислом ба эҳтимоли зиёд яке аз бузургтарин мавқеъе аст, ки таваҷуҳи бисёре ба дониш дорад. Ҳадафи ислом маърифати хилқати Худост ва ба ин манзур имон аст, ки мантиқан дар дараҷаи баландтарин мебошад. Ислом дини ақл аст. SPIEGEL: Пас сабабҳои асосии терроризм чистанд? ОҚОХОН: Моҷароҳои ҳалношудаи сиёсӣ, пеш аз ҳама ҷаҳолат, чизе ки аз як даргирии динӣ (эътиқодӣ) пайдо шуд. SPIEGEL: Кадом моҷароҳои сиёсиро Шумо дар назар доред? ОҚОХОН: Ҳамонҳое, ки дар Шарқи Наздик ва Кашмир барои мисол вуҷуд доранд. Ин моҷароҳо дар мудати даҳсолаҳо ҳалношуда боқӣ мондаанд. Адами вуҷуди зарурати дарки он ки вазъият дар онҷо бадтар мешавад, мисли саратон аст. Агар Шумо талош накунед, ки аз таъсири саратон дар мавқеи худаш амал кунед дар ниҳоят ин худ эҷоди осебҳои хушунатбор аст. Ин метавонад табдили як муҳит барои парвариши терроризм гардад. Акнун дар масъалаи паҳннамудани дин ба воситаи шамшер: тамоми динҳо дар бархе аз замонҳо дар тӯли таърихи худ бо истифода аз ҷанг барои муҳофизат аз худ ва густтариши худ истифода кардаанд, аммо нест чунин як ҳолате, ки мазҳаб ба унвони як тавҷеҳи барои иқдомоти низомӣ мавриди истифода қарор гирифта бошад. Вале ислом ба ин даъват намекунад, зеро исломи дини сулҳ аст. SPIEGEL: Ин дуруст аст, ки ҷиноятҳои ваҳшатнок аз номи масеҳият содир шудаанд, масалан бо роҳи салибиюн. Аммо ин хеле пеш буд, дар гузашта буд. Аммо ҷиҳодиҳо ҷиноятҳои худро ҳоло дар замони мо содир мекунанд. ОҚОХОН: Ин на он қадар гузаштаи дур аст, ки мо ҷангҳои хунинро дар олами масеҳият дидем. Ба Ирлондиёи Шимолӣ назар кунед. Агар мо, мусалмонҳо маънидод кунем, ки дар онҷо ҳамчун баёни дурусти протенстантизм ва католикизм ва ҳатто ҳамчун моҳияти эътиқоди масеҳӣ чӣ гузашт, Шумо фақат мегуфтед, ки мо намедонем чӣ мегуем. SPIEGEL:"Ғарб (қад алам мекунад)дар муқобили истироҳат" навиштааст профессор Хангтинтон дар китоби машҳураш "Бархӯрди тамаддунҳо". Оё чунин як бархӯрде вуҷуд дошта метавонад, масалан бархӯрди иҷтинобнопазир? ОҚОХОН: Ман тарҷеҳ медиҳам, ки дар бораи бархӯрди ҷоҳилият суҳбат кунам. Бисёр хасоратҳои ваҳшатнок, хатарзову ҷоҳилона вуҷуд дорад. SPIEGEL: Аз кадом нуқтаи назар ба ин ҷавоб мегӯед?ОҒОХОН: Аз ҳарду нуқтаи назар. Вале асосан аз нуқтаназари ҷомеаи ғарбӣ. Ман фикр мекунам, ки як шахси таҳсилкарда дар асри XXI бояд чизе дар бораи ислом бидонад, вале шумо мушоҳида кунед ба омӯзишу парвариш дар ҷомеаи ғарбӣ ва мебинед, ки тамаддуни исломӣ вуҷуд надорад. Чӣ дар мавриди ислом меомӯзонад? Он чӣ ки ман медонам - ҳеч чиз. Барои ғарбиҳо дар мавриди шиа то замони Инқилоби Ирон чӣ маълум буд? Ва ё аз ваҳҳобизми иртиҷоии сунниҳо то зуҳури толибон чӣ медонистем? Барои мо ниёз аст, ки корҳои омӯзишии зиёде анҷом диҳам, то ба он ғолиб шавем. Ба ҷойи он ки мо ба якдигар додувой кунем, зарурат аст, ки шунидани якдигарро биомӯзем.Барои он ки мо ба ин бирасем бояд корҳои якҷоя ва ҳамкориҳои дуҷониба кунем. Мо дар якҷоягӣ метавонем ба як қатор дастовардҳои тамаддуни башарӣ ноил гардем. Барои сохтани ин зиёд роҳҳо вуҷуд дорад, аммо ман фикр мекунам шумо наметавонед инро бар асоси ҷаҳл бисозед. SPIEGEL: Дар ҳамин ҳол ба чашм мерасад, ки махсусан дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз ҳама бештар ақибмонда ва ғайридемократӣ кишварҳои мусулмоннишин ҳастанд. ОЁ ислом ниёз ба як марҳалаи таҷаддудгарӣ (рӯшангарӣ) дорад? Оё ҳатто дин бо демократия носозгор аст мисли дигар иддаоҳо? ОҚОХОН:Тавре ки ман аллакай изҳор кардам бояд боадолат бошем. Як қисм пешвоёни сиёсӣ муаммоҳоеро ба мерос гузоштаанд, ки ҳеҷ рабт ба дин надоранд. Роҳҳали мудирияти ҷадид бояд аз нигоҳи раванди замон озмудашуда ва таъйидшуда бошад. Ман ба ин бовар нестам, ки кишварҳои мусалмонӣ ба таври муназзам иқтисоди ақибмонда доранд. Як қисм аз кишварҳои иқтисодашон зудрушдкунанда ва як қисм аз кишварҳои аз ҳама бештар саноатии нав дар миёни кишварҳои ҷаҳони ислом мебошанд. Акнун дар бораи демократия: Эътиқодоти демократии ман ба демократия (мутафаккирони)-и юнонӣ ва фаронсавӣ бар намегардад, балки ба марҳилаи 1400 сол пеш бармегардад. Ин усулҳоеанд, ки дар дини ман вуҷуд доранд. Дар замони зиндагии Пайғамбар (дуруди Худо бар ӯ) ҳеч раванди систематикии мушовараи равандҳои сиёсӣ набуд. Аммо аввалин имоми шиаҳо, писарамаки Муҳаммад ва фарзадхонди ӯ ҳазрати Алӣ гуфта буд: "Ҳеч ифтихор, ки мо медонем ва ҳеч қудрату сабр қобили пуштибонӣ ва эътимод мисли мушовара нест".
Мутарҷим: Иршод СУЛАЙМОНӣ
Мӯҳр