Бахшҳо
25 янв 2012 05:22Дидгоҳи хос

Умед

Ноумедӣ хӯ ва хислати шайтон аст, Худо ба шайтон ноумедиро дода…

Дар замони мо расм шудааст, ки ҳар кас рақамеро аз они худ кунад, ба яке бартарӣ диҳад ва дигареро радди маърака кунад. Дар гузашта ҳам ҳамин одат роиҷ будааст. Адади чор мақбули як мазҳаб, сенздаҳ номақбули афроди дигар.  Рӯзҳоро ҳам ҷудо мекунанд, ҳар кас аз пеши худ, ҳар гунае дилаш бихоҳад, душанбе-рӯзи вазнин, шанбе –нимарӯзи корӣ ва ғайра. Аммо назди Худои Азза ва Ҷалла ҳама рӯзу моҳу солу рақаму ададҳо якгуна ва якхелаанд, мисле, ки ҳамаи Инсонҳо офаридаи Ӯянд, ҳамин тавр.Оре, оддӣ ва ба як шакл.
Дар шабакаи ҷаҳонии интернет ва ВАО-и ҷаҳонӣ ҷор мезананд, ки 20-уми декабри соли 2012 (20.12.2012) дунё ба охир мерасад, қиёмат қоим мешавад. Зудбоварҳо ва онон, ки аз офаридгор фаромӯш кардаанд, ба таҳлука афтода пайи дарёфти ҷойи гурез ва паноҳгоҳанд. Бовар доранд, ки аз тақдир мегурезанд, сарнавишташонро дигар мекунанд, бехабар, ки қисмат дар пешонаашон хатти зиндагиашонро барвақт навишта, замоне, ки дар батни модар буданду ҳамагӣ як пора гӯште беш набуданд.
Мутаасифона, на ҳамаи мо аз неъмати азалӣ-зиндагӣ, ки муаррифгари ҳастиву нестиамон ҳаст, ба таври бояду шояд истифода мекунем. Намегӯям, ки истифода накардаем, балки аз муқаддасоти он, ҳусну қубҳ ва рисолати аслии буданамон фаромӯш мекунем. Бо камтарин комёбӣ ба осмони ҳафтум мепарем, аз камтарин мушкилотамон шикоят ба даргоҳҳои ношоиста мебарем. Роҳи бурунрафт меҷӯему намеёбем, мисле ки шомгоҳон гов гум мешавад, говгумем.
Саодат ва рифоҳро дар хӯрдану нӯшидан ва кайфу сафо мебинем, аз ҷавҳари асл фосила мегирем, роҳи наҷотро дар масту аласт гаштану чашм пӯшидан аз нуқсҳои ҷомеъа  ҷӯё мешавам. Пӯё ва ҷӯё будан намехоҳем.
Истиқлоламон бисту яксола мешавад, аммо тафаккурамон ҳанӯз дар як ҷо «пой» мекӯбад. Такрор ба такрор мегӯем, ки ҳанӯз ба истиқлоли комил нарасидаем, ҳоло ҷавонем. Ҷопони милитаристӣ пас аз мағлубияташ дар ҷанги дуюми ҷаҳон дар зарфи 15 сол тавонист, ки ба як кишвари пешрафта ва рушдкарда табдил ёбад, Олмон ду нима шуду тараққӣ кард, боз воҳид шуду пеш рафт. Эрон 33 сол дар инзивоъ қарор дорад, аммо абарқудрати минтақа эътироф гаштааст.
Вакилони мо ҳаворо ба иҷора медиҳанд, аммо ангуштшумор аз онҳо аз ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирони ҳамватанамонро, ки беш аз 2 миллион нафаранд, дифоъ мекунад. Мансабдоре, ки вазифааш пуштибонӣ аз ғарибуфтодаҳои ватан аст, бе ҳеч азоби виҷдон мегӯяд, ки надонистани забон ва надоштани касби муайян мушкили рақами яки муҳоҷирон аст. О инсоф куҷост: Агар ҳамватани азизам, ки касб медошту забон медонист ва бори рӯзгорашро дар Меҳан кашида метонист, куҷо ба ғурбат мерафт?
Ба ҳар сурат мушкил болои мушкил дар рӯёрӯи мо қарор дорад, аз иҷтимоъ то сиёсат ва то бунёди ҷомеъаи мутамаддин, ки ҳадафаш арҷгузорӣ ба Инсон ва ин зоти шариф буда ва ҳаст.
Ноумедӣ хӯ ва хислати шайтон аст, Худо ба шайтон ноумедиро дода. Инсон бо умед зинда аст, бо умеди зистан, будан ва расидану рафтан.
Ин умед буда, ки умедворонро зинда медорад, чароғи умед ҳидоятгари мост. Орзуҳои беохир, аммо боз ҳам дилгармкунанда, ки ана-ана  носозгорӣ тай шуду қуллаи мурод наздик аст, вуҷуди моро тарк намекунад.
Бовар мекунем, пофишорӣ мекунем, қад мекашем, ба роҳамон идома медиҳем. Танҳо ба як хотир, бо ҳадафи расидан ба УМЕД.

Хилватшоҳи Маҳмуд

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)