Дар навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон масъулини Амонатбонк ва Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (РАДСИН) то ҳанӯз ба мувофиқа наомадаанд, ки қарздорӣ аз нафақа барои бознишастагон вуҷуд дорад ё не.
Изатулло Раҳмонов, сардори Амонатбонки минтақавӣ ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, ки то рӯзи 16-уми январ қарзи нафақа зиёда аз 10-милёну 800-ҳазор сомониро ташкил медиҳад: «Дар ҳамаи навоҳӣ, ба ҷуз шаҳри Кӯлоб, қарз аз нафақа ҷой дорад. Ба хусус дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ пардохти ҳаққи нафақапулӣ нигаронкунанда аст. Дар ин навоҳӣ аз 1,5 то 2-милён сомонӣ нафақаи бознишастагон пардохт нагардидааст».
Аммо Ҷурабек Қурбонов, сардори РАДСИН дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб мегӯяд, то рӯзи 17-уми январ дар ҳамаи навоҳии минтақа қарздорӣ аз нафақа мавҷуд нест. Ба гуфтаи ӯ, мушкили қарздорӣ аз нафақа танҳо дар ноҳияи Восеъ будааст, ки он ҳам рӯзи 17-уми январ ба пуррагӣ маблағгузорӣ гардид: «Маълумоти пешниҳоднамудаи Амонатбонк комилан нодуруст мебошад. Кормандони агентӣ ҳамарӯза аз шӯъбаҳои ин бонк дар навоҳӣ бақияпулӣ аз нафақаро таҳти назорат қарор додаанд. Талаботи нафақаи соли 2011-ум ба ҳолати 17.01-и имсол пурра маблағгузорӣ гардида, қарздорӣ аз нафақа вуҷуд надорад».
Аммо дар навоҳӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳое ҷой доранд, ки баъзе аз бознишастагон ҳаққи 3-4-моҳаи нафақаашонро гирифта натавонистаанд.
Айб дар ош ё дар мош?
Сардори Амонатбонки минтақа низ инро рад намекунад, вале ба қавли ӯ, дар ин ҳолатҳо худи нафақагирон айбдор будаанд. Зеро бо сабабҳои номаълум, гирифтани нафақапулиашонро ба таъхир мегузоранд. Вале худи бознишастагон шикоят аз он мекунанд, ки танҳо бо иллати набудани маблағи пулӣ дар Амонатбонки навоҳӣ, эшон наметавонанд ҳақашонро дар сари вақт, яъне аввали моҳ бигиранд.
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Исоев, сардори Амонатбонки шаҳри Кӯлоб, ки воқеан ба иттилои манбаъ, ягона шаҳре дар ҳамаи навоҳӣ будааст, ки маблағи нафақаро ба пуррагӣ таъмин кардааст, мегӯяд, роҳи ҳали ин мушкилро дар он ёфтааст, ки аз ҳисоби даромадҳои бонк ва маблағҳои озоди воридмешуда, ҳаққи нафақаро ҳамарӯза ба воситаи банкомат ва минибанкоматҳо таъмин мекунад: «Баъдан, бо ворид шудани маблағ аз раёсати агентии нафақа, маблағи аз дигар самт харҷшударо рӯпӯш мекунем».
Аммо Раҳмонов иттилои зердасти худ аз Амонатбонки шаҳриро такзиб карда гуфт, ки дар ҳеч сурат бонк ҳуқуқи аз дигар самт пардохт намудани ҳақи нафақаро надорад. Дар акси ҳол, ин гуна амалиёт қонуншиканӣ ҳисоб мешавад: «Аз ҳисоби даромади бонкӣ ҳеч масъул ҳуқуқи сарф намудани онро надорад. Шояд аз ҳисоби бақияи озод пардохт карда тавонанд».
Мантиқан сардори Амонатбонки минтақавӣ аз амалиёти зердастонаш ба пуррагӣ бехабар мондааст ва ҳатто намедонад, ки эшон пардохти нафақаро аз кадом ҳисоб ба анҷом мерасонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли худи ӯ, тайи 6-моҳ аст, ки иҷрокунандаи вазифаи сардори Амонатбонки минтақаро ба ӯҳда дорад. Ӯ мегӯяд, ҳаргиз нияти ба ин вазифа гузаштан надорад, вале дар «боло» ӯро иҷборан ба мӯҳлати номаълум, ба ҳайси иҷрокунандаи сардор бозмедоранд, зеро ба андешаи ӯ, то ҳол кадри мувофиқ ба ин курсиро пайдо карда наметавонанд. Ҳарчанд дар ин маврид Раҳмонов мегӯяд, фарзанди Амонатбонк асту дар ҳар гуна вазифа барои он содиқ мемонад ва сидқан кору фаъолият мекунад.
Аслиддин Достиев
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |