Имрӯз, 23-уми январ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки васеи фаъолони пойтахт ва роҳбарони сохторҳои шаҳрию райисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Тибқи иттилои Шафқат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт, Убайдуллоев қабл аз ҳама масъалаи пешгирии бо роҳҳои сохтакорӣ дарёфт намудани шаҳодатномаи маълумоти миёнаи умумӣ ба ашхоси таҳсилнакарда ва берун аз мактаб бо амалҳои номатлуб даст задани хонандагонро таъкид намуда, муовини райиси шаҳри Душанбе С. Раҳимова ва сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Г. Бобоеваро супориш дод, ки дар баробари ба сифати таълим таваҷҷўҳ зоҳир кардан, нисбати одобу тарбияи мактабиён дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои падару модарон ва мақомоти дахлдор чораҳои оммавиро тақвият бахшанд.
Ҳамзамон, таваҷҷўҳи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, шўъбаҳои кор бо занон, оила ва фарҳанг, бахши кор бо ноболиғон ва мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе барои пурзўр намудани фаъолият дар ин самт нигаронида шуда, дастур дода шуд, ки баҳри рафъи нуқсонҳои ҷойдошта ва ташкили ҳамкориҳои муштарак кори Шўрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ пурзўр карда шавад.
Тасмими шаҳрдор
Райиси шаҳр ҳамчунин дастур дод, ки дар мўҳлати ду ҳафта мудирони шўбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд бо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба иваз карда шаванд.Дар назди фаъолони пойтахт дар ҷаласа сардори РКД-и шаҳри Душанбе А. Бузмаков оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар шаҳр ва тадбирҳои роҳандозигардида баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ гузориш дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки РКД-и шаҳри Душанбе ҳолати риояи регламенти шаҳри Душанберо, ки баҳри субот ва оромии сокинон то соати 23-00 (ба истиснои муассисаҳои ҳаётан муҳим) муқаррар гаштааст, аз ҷониби тамоми субъектҳои хизматрасон новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ зери назорати доимӣ қарор диҳад ва аз тарафи комиссияи ҷамъиятӣ нисбати ҷараёни ин амалкард пайваста мониторинг бурда шавад.
Дар ҷаласа инчунин масоили ғановати бозори истеъмолӣ, пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот ва андешидани тадбирҳо алайҳи фаъолияти монополистии субъектҳои хизматрасон дар шахр, роҳандозии иҷрои нақшаҳои андоз ва аз байн бурдани бақияпулиҳо дар соли ҷорӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ дар бахши саноат, таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокӣ, хизматрасониҳои нақлиёти мусофиркаш ва дигар масъалаҳое, ки аз барномаҳои шаҳрдорӣ дар соли 2012 бармеоянд мавриди баррасӣ ва дастурҳои райиси шаҳри Душанбе қарор гирифтанд.
Зимнан қарор шуд, ки баҳри дастгирии оилаҳои камбизоат ва категорияҳои ниёзмандони шаҳр дар доираи қарорҳои қабулнамудаи шаҳрдорӣ чораҳои мушаххас амалӣ карда шавад ва нисбати ба андозаи 200 сомонӣ муқаррар намудани иловапулии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба нафақаи моҳонаи иштирокчиёни ҶБВ –и, ки феълан 150 сомонӣ дарёфт менамоянд, масъулин унвонии райиси шаҳр пешниҳод ирсол доранд.
Баҳри тарбияи кадрҳои ҷавон аз рўи ихтисоси меъмор-рангшинос ва меъмори ландшафт, ки феълан барои рушди меъмории шаҳри Душанбе ба ин гуна мутахассисон ниёзмандии бештар эҳсос мешавад, дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур гашт, ки аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо эълони озмун интихоби 8 нафар ҷавонон барои таҳсил дар донишкадаҳои меъмории Федератсияи Русия, Украина ва кишварҳои Аврупо ба роҳ монда шавад. Дар ин росто муқаррар гардид, ки шаҳрдорӣ омодааст роҳкирои донишҷўёни ояндаро тўли таҳсил соле як маротиба пардохт намояд.
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |