Ҳар миллат дар ростои таҳкими истиқлол ва давлатдории миллӣ ниёз ба ормони миллӣ дорад. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ ҳар як аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ барои таъин ва амалӣ кардани ормони миллӣ гомҳое бардоштанд. Дар кишвари мо низ талошҳо барои тарсими ормони миллӣ сурат гирифта, аммо то чи ҳад ин талошҳо муваффақ буда ё не, барои ҳамагон рушан аст. Ба назар мерасад муҳимтарин меъёр дар таъини ормони миллӣ зудгузар ва камарзиш набудани он аст. Яъне бояд ормони миллӣ арзишҳои ҷовидонаро шомил бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба мавзӯъи рӯз будани зарурати доштани ормони миллӣ "Озодагон" пурсиши ин ҳафтаро чунин матраҳ намуд:
Қодири РУСТАМ, нависанда
Ба ақидаи ман ҳеч ормоне болотар аз истиқлоли воқеъии кишвар ва озодии ростини шаҳрвандони он наметавонад бошад. Чунки ин ду сахт марбут бо якдигар ҳастанд, якдигарро такмил медиҳанд, лекин боиси рушд ва тавсеаи дигар мешавад. Агар кишвари мо ба истиқлоли воқеъӣ бирасад, давлат дар амри тасмимгириҳои худ, иҷрои тарҳҳои миллӣ, бозгашт ба андешаҳои миллӣ бастаи хости дигарон намешавад, балки маҳз ба хотири манофеъи миллӣ амал хоҳад кард. Танҳо шаҳрвандони кишвари воқеъан соҳибистиқлол метавонанд инсонҳои озоду вораста бошанд, аз ватану кишвари худ ба таври сазовор ифтихор кунанд. Дар он сурат шаҳрвандон инсонҳои сарбаланд хоҳанд буд ва инсонҳои сарбаланд ниёз ба парчами баландтарин нахоҳанд дошт, парҷамҳоро инсонҳо баланд мекунанд на парчамҳо одамонро. Давлат бояд ба таҳияи барномаҳои фарогири иқтисодӣ ва маънавии миллӣ, бо ҷалби ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ барои ғолиб шудан ба ин ду ҳадаф талош кунад. Аммо мутаассифона бо таблиғоте, ки дар кишвари мо роиҷ аст, ё телевизионе, ки мо дорем, эҷоду тарбияи инсони озод амри муҳол аст. Шабакаи телевизиони мо, ки василаи аслии ин таблиғот аст, ба фарзандони тоҷик руҳияи бардагиву ғуломиро талқин мекунад ва ин амр оқибатҳои ҳалокатнок барои тоҷик дорад.
Сайфулло САФАРОВ, муовини раҳбари МТС
Ормони миллӣ ин мушкилтарин масъалаи сиёсӣ мебошад. Чунки ҳар як табақа, ҳар як ҳизб, гурӯҳ ба таври худ ба ормони миллӣ баҳо медиҳад. Пешниҳод менамояд, ки ақидаи вай, хостаҳои ваай ормони миллӣ аст. Аз ин сабаб сари ин масъала чандин со л аст, ки Тоҷикистон баҳс дорад. Ҳеч кас дар Тоҷикистон фикри муаяйн, илман дақиқшудаву асоснокро пешниҳод накардааст. Барои ман ҳамчун сиёсатшинос ва шахсе, ки бо масоили миллӣ сару кор доштаму дорам, бе дудилагӣ ормони миллӣ ин таҳкими истиқлол мебошад. чунки истиқлол ба даст омадааст ва мо бояд онро бо ҳама роҳу имконияти дошта, мустаҳкам намоем. Дар дохили ин ормони миллии мо ваҳдати миллӣ, оромӣ, сулҳу субот меистад. Онҳо метавонанд ба мо барои таҳкими истиқлол имконият бидиҳанд. Чизи аз ҳама муҳим ин истиқлоли давлатӣ аст. Давлат, ки бошад дин ҳам метавонад рушд кунад. Худи давлат миллатро месозад ва чун миллатро сохт масъалаи ваҳдати миллӣ ҳам дар раванди сохтани миллат ҳал мешавад.
Искандари ФИРӯЗ, журналист
Ормони миллии тоҷикон бояд пеш аз ҳама зиндагии осоишта ва арзанда бошад он ҳамаи амалҳоеро, ки дар ин робита мешаванд, ҷузъи ин ҳадаф номидан мумкин аст. Вале ормони мо вақте мегӯянд сохтмони неругоҳи Роғун ва он роҳҳои иртиботию дигар чизҳо, ман фикр мекунам, ки ин масъалаи ҷузъӣ мебошад. Пеш аз ҳама мо бояд зиндагии хубе барои сокинони кишвар фароҳам кунем, ин аст ормони миллӣ. Дар шароити феълӣ давлати ҳар як кишвар пеш аз ҳама барои худ ҳадаф мегузорад, ки зиндагии мардуми худро беҳтар созад, вале дар ин 20 соли давлатдории кишварамон ҳанӯз мо надидем, ки зинадагии мардуми мо то андозае боло рафта бошад. Ба таври қобили мулоҳиза, албатта дар муқоиса ба соли 1992 шояд беҳтар бошад, лекин ман фикр накунам, ки ин як меъёре бошад, ки танҳо ба он бинигарем. Бо ҳамин далел ман дар ин ақида ҳастам, пеш аз ҳама ин ҳадафҳое, ки мегузоранд, бояд ба беҳтар кардани зиндагии ҳар як сокини кишвар равона гардад ва ормон ҳам ҳамин мебошад.
ФАРЗОНА, шоира
Ниёгони бузурги мо ҳамеша оинадори ҳам ормони миллӣ буданду, ҳам ормони башарӣ. Он сон, ки Одамушшуаро Рӯдакӣ мегӯяд: "Бӯи ҷӯи мулиён ояд ҳаме, ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме". Ва дар ин ҳуруфи муҳаббат ормони миллии ӯ тобанда мешавад. Вақте ҳазрати Рӯдакӣ хитоб мекунад "Чун теғ ба даст ори мардум натавон куш", ормони башарии худро падидор месозад. Ва мо имрӯзиёни номбардору вомбардор низ фақат бо ҳамин роҳ тавсиф меёбем. Ҳам маънои ормони миллӣ ва ҳам мазмуни ормони башарӣ тавҳиду ҳамгароии аҳли меҳан ва бани башар аст, ки ҳолиё дар асри 21 низ муқадамтарину мақадастарин таманои мову шумост.
Нурмуҳаммад АМИРШОҲӣ, муҳаққиқ
Миллат як ҷисм аст, ки ӯ даст дорад, по дорад, сар дорад, яъне агар онро мисли як одам тасавур кунем забонаш, ҳудудаш, динаш, мазаҳабаш, хат ва дар маҷмӯъ ҳар чиз, ки миллат дар заминаи он таркиб ёфтааст- ормон аст. Вақте ки як ҷисм баъзе аз узвҳои худро надорад, ҳама вақт хамон чиз ноқис аст. Ҳамаи ин гуфтаҳоро агар мо ба ормон нисбат диҳем, пас ҷисми миллат ормони он аст. Барои миллати тоҷик ормони аз ҳама муҳим истиқлол аст. Истиқлол ба ин маънӣ, ки истиқлоли пурра, Яъне истиқлоле, ки як касе барои иҷрои коре дар пеши роҳи ӯ набошад. Фарз кардем абарқудратҳое, ки имрӯз Тоҷикистонро намемонанд ҳар мароме, ки дорад барои миллати худаш пиёда созад, Барои ҳамин ҳамин ҷисмро ҳоло ҳамин ҷиҳати истиқлолаш пурра нест. Яъне дар мо ҳамин ормон ҳал нашудааст. Ҷисм дар дилаш ормону ҳавасе дорад, ки мегӯяд бояд ман пурра истиқлол дошта бошам. Фарз кардем Чин ё ҳар як миллати дигаре набошад ба воситаи алифбое маънавиёти худашро аз қаъри асрҳо кашида овардааст. Яъне тавассути ҳамон хат дар бораи миллати худ навиштааст, мунташир кардааст ва миллати худро дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Метавон гуфт хати форсӣ яке аз ормонҳои миллии мост, ки бояд ҳар чи зудтар миллат ба ин фаро гирифта шавад. Зеро хати форсӣ хати аҷдодии мо аст ва имрӯз моро аз худ чунон бегона сохтаанд, ки мегӯянд ҳамин хат хати шумо нест, хати араб аст. Яне дар тафаккури мо бор мекунананд, ки мо инро ҳамчун як чизи бегона қабул мекунем. Дар сурате, ки асосгузорони ин хат намояндагони миллати тоҷик ҳстанд. Имрӯз миллати тоҷик аз ин хат огоҳ нест, бино бар ин наметавонад илми ҷаҳонро аз худ кунад, ки ин аз нигоҳи маънавӣ барои миллати тоҷик марговар аст.
Зафари МИРЗОЁН, рӯшанфикр
Дар нигоҳи ман ҳар як инсоне, ки андешаи комил дошта бошад, бояд ормони миллӣ дошта бошад. Миллат бидуни ормони миллии худ вуҷуд дошта наметавонад. Ба вижа дар асри 21, асри- ошуфтагиҳо, бӯҳронҳо, ҷангҳо ва дигар бемориҳои ҷамъиятӣ, ки миллатро пароканда мекунад.
Миллати моро дар назари ман ормони асосиаш, ин бозшинохти худ, бозшинохти гузаштаи торихии худ ва қадами устувор гузоштан ба оянда аст. Аввал ин суханҳо гуфтори бисёр баланду мутантан мебошад. Мо мутантан будани онро канор мегузорем, чунки дар асл ин ормони асосии мо аст. Барои чӣ? Бозгашт ба худии худ чист?
Тоҷикистон равиши миллии худро дар садади ин ҳазорсолаҳо бохтааст. Тоҷик ин миллати андешагаро аст. Фарҳанггаро аст. Мағзҳои тоҷикон барои касб кардани илму фарҳанг бунёд шудаанд. Дар муқобили дигар қавмҳои ин дунё. Мутаасифона, агар ба тариқи тансилӣ бигӯем, таърих барои мо як модарандаре буд, ки мағзҳои худро бохтем дар ин давра. Гароишҳои ғайреро пайдо кардем. Гароишҳои аз ҳад зиёд бегонапарастӣ. Дигар ормонҳоро аз даст додем. Барои ҳамин мо мардуми тоҷик бояд шиоре дошта бошем, ки бозшинохти асолати миллии худ дар аввал гузошта шавад. Баъдан дигар чизҳо. Баъд аз он ҳатто дини бисёр азиз барои мо, дини мубини ислом бояд дар дараҷаи дуввум бошад. То мо корбурди тоҷикии худро наомӯзем, динро ҷой карда наметавонем. Дин бояд дар корбурд ҷой карда шавад. Дар корбурди ормони миллӣ. Бинобар ин мо бояд ончӣ дорем, дар нарди миллии таърихбозони аврупоиву мағрибиву машриқӣ, дубора набозем.
Коре анҷом диҳем, ки мардум талош барои илмомӯзӣ дошта бошанд. Мо ба ин кор муяссар нашудаем. Ҳатто он табақаи мардуми мо, ки маблағҳое доранд, фарзандҳояшонро ба он мактабе намедиҳанд, ки барои андешаи миллӣ, ормони миллӣ кор кунад. Барои ин тамоми мардуми рушанфикр бояд чунбише барои ормонҳои миллӣ бошанд. На пушти он гурӯҳбозӣ, каноракашиву муқобилнишинӣ, балки дар асоси ормони миллии худ.
Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос
Ормони моро беҳтар аз оне, ки дар конститутсияи Тоҷикистон дарҷ гардидааст, гуфтан мушкил. Фақат масъала дар сари он аст, ки баҳри ҳар чи зудтар амалӣ намудани меъёрҳо оид ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёди давлати демократӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кӯшиш кунем. Дар назари аввал чунин менамояд, ки шаҳрвандони кишвар дар чунин шароит зиндагӣ мекунанд. Вале боиси таасуф аст, ки дар асл ин тавр нест. Тамоми мушкилоти давлатдории мо низ аз нодида гирифтани талаботи конститутсия сарчашма мегирад. Набудани иродаи сиёсӣ, бисёрҳизбии ҳақиқӣ, коррупсия, аз раъйи мардум вобаста набудани ҳокимияти давлатӣ, риоя нашудани татбиқи усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, маҳалгароӣ, хешу таборчигӣ, ки бештар хоси давлати асримиёнагӣ мебошад, аз риоя нагардидани Сарқонун сар мезанад. Беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ дар заминаи рақобати солим, таҳаммул ба созмонҳои иҷтимоӣ, хусусан динӣ, дигар ҳамаи ормонҳои фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқии моро қаноатбахш менамояд. Эҳтимоли таҳдид ва хатарҳои берунаро низ аз байн мебарад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |