Бахшҳо
20 янв 2012 10:28Гузориш

Меъёр. Яъне чӣ?

Арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла риояи меъёр як рукни рисолати инсонӣ буда ва барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд…

На танҳо андоза ва кадом ченаки муайянро меъёр мегӯянд. Аммо «ҳар суханро ҷову ҳар нуктаро маъно бувад»-и пешдодиён ҳам барҳадар гуфта нашуда.Амале, ки аз ҷониби ин ё он мансабдор, ба вижа онҳое, ки дар роҳаткурсии идораҳои барҳавои давлатӣ менишинанду аз кисаи шаҳрванди оддӣ маош мегиранд, бояд меъёр ва стандарти худро дар чорчӯби қавонини роиҷи ҷомеъаи муосир дошта бошад. Ин ашхос жарфтару сареҳтар биандешанд, ки буҷаи давлатӣ аз осмон намеояд ва он дирам болои дирам аз обилаи даст ва пасандози сокинони кишвар ҷамъ мешавад. Эшон бояд фаромӯщ накунанд, ки масъулин барои хидмати мардум таъин ва ё интихоб мешаванд, на мардум барои хидмати онҳо.
Одоб ҳам як рукни меъёри инсонӣ маҳсуб мегардад ва арҷгузорӣ ба ин арзиш кори шойистагон аст. Рисолати ҳирфаии як рӯзноманигор ҳам новобаста аз шакли фаъолияти коргоҳаш инъикоси воқеъияти давр ва пайгириву рӯшанӣ андохтан ба иттилоъи саҳеҳ асту бас. Арқомро бошад, масъулин муваззафанд, ки дар ихтиёри журналист гузоранд.
Аммо бархӯрди баъзе аз ҳамкорони мо, ки дар хадамоти матибуотии мақомоти давлатӣ ифои вазифа доранд, касро ба андеша кардан водор месозад. Тасаввур кунед, ки ба нишасти матбуотии тақвимӣ рафтаед ва масъули ин бахш аз шумо суол мекунад, ки  туро ба ин ҷо кӣ даъват кард? Ва боз илова мекунад, ки агар роҳбарамон пурсад, бигӯ, ки «худамон бе даъват омадем…Намедонӣ, ки ба ҳоли ин ҳамқалам бихандӣ ва ё гиря кунӣ, гузашта аз ин вақте худро дар ҷои ӯ ва ӯро дар ҷои худат тасаввур мекунӣ, навори лаҳзаи ба сарат оби хунук рехтан пешорӯ меояд.
Саҳнаи аз ин аҷибтар дар толори маҷлисгоҳ туро интизор аст. Вақте роҳбари як ниҳоди танзимкунандаи меъёрҳо матлаби интиқодии як расонаро ба номи дигар расона эълом мекунад. Ва аснои радду бадал маълум мешавад, ки мавод дар ВАО-и ватанӣ нею дар расонаи хориҷӣ нашр шудааст.
Ин ҳам дарди ба хайр аст, агар ангуштшумор ҳодиса дар меъёри вақту замон бошад. Сари ҳар қадам мебинед, ки арзишҳои меъёрӣ ва инсонӣ зери по мешаванд, онро эҳтиром намекунанд: Ронандаи мусофиркаш аз меъёр зиёд мусофир бор мекунад, мансабдор «бе меъёр» қонуншиканӣ мекунад, табиб қасами Ҳиппократро риоя намекунад, халабони аҷнабӣ ҳарими ҳавоии кишвари мустақилро убур мекунад ва додгоҳ зери фишори беруна муҷриминро раҳо мекунад…
Пас, бардошти мардум аз унсури  меъёр мисли фаҳмиши як чизи беҳуда ва нозарур арзёбӣ мешавад. Дигар касеро парвои он нест, ки дурӯғ торикии имон аст, ростиву растагорӣ ҳам дар ин росто зери суол рафта, ҷойи асосии меъёрҳои инсониро дурӯғ мегирад. Дурӯғу дурӯягӣ, ки инсонро ба нестӣ мебарад.

 

Хилватшоҳи Маҳмуд

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)