Бахшҳо
19 янв 2012 05:22Гузориш

Партовгоҳи «Севастопол»: Чӣ бояд кард?

Мутаасифона, масъулини ҳукумати ноҳияи Сино роҳи ҳалли як мушкилие, ки солҳост бархе аз истиқоматкунандагонро ба ташвиш овардааст, наёфта, то ҳол чораҷӯйӣ мекунанд.

Бархе аз сокинон шаҳраки «Севастопол»-и ноҳияи Синои пойтахт ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудаанд, аммо масъулини ҳукумат то имрӯз чорае наандешидаанд.   
Холаи Муҳаббат, яке аз истиқоматкунандагони бинои Раҳмон Набиев 10, ки роҳбарии бинои мазкурро ба ӯҳда дорад ва дорои маълумоти тиббӣ аст, дар наздикии хонаҳояшон ҷойгир кардани партовгоҳро хатар ба ҷони худу фарзандонашон дониста ба бемории марговар дучор шудани писарчаи 12 соларо далел бар гуфтаҳои худ медонад. Ин бону мегӯяд, дар чунин мавзеъ ҷой додани партовгоҳ барои шумораи зиёди истиқоматкунандагон зараровар аст: «Соли гузашта як писари ҳамсояаамон ба бемории шадиде гирифтор шуд, вақте ӯро ба беморхона бурданд, мутаасифона табибон бемории кӯдакро муайян карда натавонистанд. Танҳо ҳамин қадар гуфтаанд, ки шояд ба организми кӯдак ягон микроб таъсир расонда бошад, аммо ба дарди ӯ саривақт дармон бахшида натавонистанд. Бо заҳмат ва харҷи маблағҳои зиёд  кӯдакро аз дами марг раҳониданд».  
Холаи Муҳаббат изҳор дошт, ки то имрӯз сабр карда, барои кӯчонидани партовгоҳ аз назди хонаҳоямон ба шахсони масъули раддаи поёни ҳукумат муроҷиат намудем, вале эшон шикояти моро нодида гирифта чорае наандешиданд. Тасмим гирифтем, ки бо ариза ба райиси ноҳия муроҷиат мекунем ва ҳамин тавр ҳам кардем. Интизор доштем, ки масъулини боломақом барои ҳалли ин мушкилӣ чорае меандешанд, мутаасифона онҳо низ то ҳол ягон чора надиданд. Аз тарси он ки буйи партовгоҳ ба хонаҳоямон надорояд тобистону зимистон дару тирезаҳоямон пӯшидааст. Мо ба масъулин расонидем, ки агар барои пурра кӯчонидани партовгоҳ имконият набошад, аққалан қисме аз қуттиҳо ба ҷойи дигар кӯчонида шавад. Ба гуфтаи ин бону, як маротиба қисме аз қуттиҳоро ба ҷойи дигар кӯчониданд, вале пас аз чанд муддат боз гардонда ба ҷойи аввалааш меоранд ва то ҳол дар ҳамин ҷо боқӣ мондаанд.

Бачаҳо ҳам дар хатаранд

Хайринисо Шарипова, мудири кӯдакистони №62-и шӯъбаи маорифи ноҳия низ ба андешаи истиқоматкунандагони бинои наздик ба партовгоҳ мувофиқ буда, пешниҳоди онҳоро ҷонибдорӣ менамояд. Ӯ мегӯяд, воқеан ҳам ин партовгоҳ дар ҷойи номувофиқ ҷойгир карда шудааст. Пеш аз ҳама барои мо бисёр нигаронкунанда аст, ки партовгоҳ дар наздикии ошхонаи боғчаи «Афсона» қарор дорад, дар ҳоле  ки дар ин боғча 100 нафар кӯдакони аз сини 2 то 6-сола таълиму тарбия мегиранд, ба назари ман аз нигоҳи санитариву экологӣ бисёр хатаровар аст. Мудири боғча номувофиқ будани ҷойи партовгоҳро қабл аз ҳама дар наздик буданаш ба даромадгоҳ ва ошхонаи кӯдакистон дониста изҳор дошт, ки хуб мешуд агар миқдори қутиҳои партовпартоӣ камтар карда мешуд ва як қисми онҳо ба ҷойи дигар кӯчонида  мешуд.  
Хуршед Саидов  сардори коперативи моликони № 16-и ноҳияи Сино дар чунин мавзеъ ҷойгир намудани партовгоҳро вобаста ба шароити набудани ҷойи дигар мувофиқ дониста шикояти сокинонро беасос арзёбӣ намуд. Ӯ дар ин вазифа таҷрибаи якунимсола дорад. Номбурда мегӯяд, дар шаҳраки «Севастопол» ҳамагӣ 3 нуқтаи партовпартоӣ мавҷуд аст, ки дар яке 8 қуттӣ дар дигараш 16 ва дар ин партовгоҳ 21 қуттӣ ҷойгир карда шудааст. Аз соли 2005 ин ҷониб ин партовгоҳ дар ҳамин мавзеъ ҷойгир аст ва то соли 2010 касе шикоят накарда буд, вале аз ҳамин сол сар карда онҳое, ки дар бинои наздикии партовгоҳ ба сар мебаранд изҳори норозигӣ мекунанд, ки партовгоҳ аз ин ҷо ба ҷойи дигар кӯчонида шавад. Мутаасифона, мо ин шароитро надорем, имконияти қуттиҳоро ба ҷойи дигар кӯчонидан ҳам надорем, зеро ҷойи мувофиқ ёфт намешавад, афзуд Хуршед Саидов. Ӯ мегӯяд, моҳи июни соли 2011 аз номи истиқоматкунандагони бинои Раҳмон Набиев 10  ба ҳукумати ноҳия аризаи шикояти пешниҳод намудааст. Ба қавли ӯ, масъулин қавл додаанд, ки барои ҳалли ин мушкилӣ чора мебинанд вале то ҳол ба аризаи пешниҳоднамудаи эшон ҷавоб нагуфтаанду хомӯширо ихтиёр намудаанд.

Ҳама норозӣ!

Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Ганҷалов муовини якуми райиси ноҳия, ки танзими корҳои манзилию коммуналиро ба ӯҳда дорад мегӯяд, мо аз мушкилии сокинони ин маҳал огоҳ ҳастем, соли дуюм аст, ки онҳо барои кӯчонидани партовгоҳ аз назди хонаҳояшон шикоят мебаранд . Барои ҳалли ин мушкилӣ чораҷӯӣ ҳам намудем, аз чунин аҳвол бохабар шуда, аз онҷо дидан намуда, як маротиба қисме аз қуттиҳоро ба ҷойи дигар кӯчонидем, вале сокинони дигар низ нахостанд, ки партовгоҳ дар назди хонаҳояшон бошад, ба тарафи шимолу ғарбии боғча кӯчонидем, вале роҳбарияти кӯдакистон низ изҳори норозигӣ намуданд , ноилоҷ монда, ба ҷойи авалаашон баргардондем.
Муовини райиси ноҳия дарвоқеъ зиёд будани қуттиҳоро дар ин партовгоҳ ва мушкилоти сокинони маҳаллаи мазкурро тасдиқ намуда иброз менамояд, ягона роҳи ҳалли ин мушкил  дар он аст, ки мо бояд партовгоҳро ба ду қисм тақсим намоем. Ин намояндаи ҳукумат номусоид будани сардии ҳаворо иллати кашол ёфтани ҳалли ин мушкилӣ дониста мегӯяд, мо ба аҳолии ин маҳалла маслиҳат додем, ки то фасли баҳор бо ҳам мувофиқа кунанд ва барои кӯчонидани қисме аз қуттиҳо ҷойи муайянро интихоб намоянд, то ин ки мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро биёбад.

Чора нест…

Ин дар ҳолест, ки аризаи шикоятии истиқоматкунандагони бинои Раҳмон Набиев 10 дар гармтарин фасли сол -моҳи инюни соли 2011 ба ҳукумати ноҳияи Сино расидааст. Мутаасифона, масъулини ҳукумати ноҳияи Сино то ҳол роҳи ҳалли як мушкилие, ки солҳост бархе аз истиқоматкунандагони шаҳраки «Севастопол»-ро ба ташвиш овардааст, наёфта то ҳол чораҷӯйӣ мекунанд.

Ибодуллоҳи Тоир

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)