Бахшҳо
18 янв 2012 06:12Гузориш

Пул ва роҳҳои «бесоҳиб»

Агар масъалаи роҳсозиву таъмири он дар фурсати кӯтоҳтарин ҳалли мусбати худро наёбад, бегумон роҳҳои Тоҷикистон, ба хусус минтақаи ҷануб, ба роҳҳои асри 18 бармегардад…

Дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон тақрибан кулли роҳҳои нақлиётгарди байни рустоҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ  вайрону валангор гаштаанд. Таъмири ин ҷодаҳо аз ҷониби идораи нақлиёт ва истифодабарии роҳҳо  солҳои зиёд, аниқтараш тӯли 20 соли истиқлолият, ба роҳ монда нашудааст. Замони пеш аз касби истиқлолият ин роҳҳо дар қайди хоҷагӣ, ё ба истилоҳи онвақта, колхозҳо будаанд, ки аз ҷониби колхозҳои соҳиброҳ ва ҳокимияти иҷроияи ноҳия баҳри таъмиру азнавбарқароркуниашон ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо мегашт. Идораҳои роҳсозӣ ҳам бо истифода аз он, дар бунёд ва ё таъмири роҳҳову пулҳо бе ҳеҷ мамониат даст доштаанд. Вале акнун, ки ин хоҷагиҳо таҷдид гаштаву ба хоҷагиҳои хурд-хурде мубаддал гаштаанд, ягон хоҷагӣ намехоҳад барои таъмири ин роҳҳо маблағ ҷудо намояд. Гузашта аз ин, ҳукумати маҳаллӣ низ дар хазинаи фасодаш маблағе барои таъмири роҳро надораду, роҳҳову пулҳои обод оҳиста-оҳиста фарсудаву корношоям мегарданд.
Султон Валиев, райиси феълии ин ноҳия мегӯяд, роҳҳои нақлиётгард ва пулҳои байни рустову хоҷагиҳо тамоман бесоҳибанд. Зеро ин роҳҳо дигар дар тавозуни ягон хоҷагӣ нест. Пулҳои нақлиётгард ҳам бо айби бесоҳибӣ ва аз ин ҷо, набудани маблағ барои таъмиру барқароркунӣ чун роҳҳои нақлиётгард, вайрон шудаанд.   Мутаассифона, ҳукумати маҳаллӣ ҳам маблағи зарурӣ барои таъмири онҳоро надорад. Ҷамоатҳои дехот ҳам бо ҳамин иллат аз ӯҳдаи нигаҳдории роҳҳову пулҳо баромада наметавонад.  
Ба иқрори ҷаноби райис, соли гузашта ҳукумати маҳаллӣ натавонист барои таъмири роҳҳои нақлиётгард маблағе пайдо ва ҷудо намояд. Аммо масъулин мегӯянд, ки барои нигаҳдорӣ, таъмир ва барқароркунии роҳҳо то ҳанӯз ҳукумати маҳаллӣ кумаки пулӣ накардааст. Гузашта аз ин, маблағе, ки аз ҳисоби Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳ дар ин самт барои ноҳияи Восеъ ҷудо мегардад, хеле ночиз аст. Дар ин маврид Валиев афзуд, ки ҳукумати маҳаллӣ ба таври зӯррас ба идораи нақлиёт ва нигаҳдории роҳҳо ёрӣ мерасонад. Ба унвони мисол, афзуд ӯ, соли гузашта даҳҳо тонна битум талбида, овардем, ки барои таъмири қитъаҳои вайронгаштаи роҳ саривақтӣ буд.
Коршиносон ҳадс мезанад, ки барои таъмир ва барқароркунии 1 километр роҳ тақрибан маблағи наздик ба 1 милён сомонӣ басанда аст. Дар ин маврид, гумони ғолиб бар он аст, ки Вазорат ҳам қудрати пардохти ин гуна маблағи ҳанггуфтро надорад.

Роҳҳои соҳибдор ҳам ҳоли табоҳе доранд

Бигирем, ки роҳҳои байнихоҷагиву байнирустоӣ, ки бояд аз ҳисоби хоҷагиҳову ҷамоати дехот таъмир мешуданд, ба ибораи райиси ноҳия, бесоҳиб мондаанду бемаблағ. Аммо барои чӣ роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, ки дар баланси вазорати нақлиёту хоҷагии роҳ мебошад, таъмир намегарданд? Ба гуфтаи масъулини идораи хоҷагии роҳ, барои таъмири ин роҳҳо ҳам маблағ намерасад. Вагарна, кормандони ин муассиса кайҳо роҳҳои таъмирталабро, ки воқеан барои гардиши нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Восеъ  ҳар лаҳза хатари садамавиро эҷод мекунанд, барқарор мекарданд. Ё ин шоҳроҳ ҳам бесоҳиб мондааст?
Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта нақшаи андози давлатӣ дар ноҳияи Восеъ ҳамагӣ ба миқдори 100,9 фоиз иҷро гардид. Ба буҷаи маҳал 102 ҳазор сомонӣ ворид гардидаасту бас, ки воқеан бо ин миқдор даромад наметавон онро дар барқарорсозӣ ва ё таъмири аққалан як пули хурд сарф кард, чӣ расад ба садҳо километр роҳу даҳҳо кӯпрукҳои роҳи мошингард. Умуман, ноҳияе, ки барои таъмири роҳҳои дохилиаш маблағ пайдо карда натавонаду дар таъмири он оҷиз мондаву дастнигари куҷое мемонад, ба чӣ кор меояд?
Воқеан , ҳамин  мушкил проблемаи рақами 1-и ҳамаи навоҳии вилояти Хатлон  гардидааст. Маркази вилоят, шаҳри Қӯрғонтеппа, ончунон роҳҳои «нохуб» дорад, ки миёнаи шаҳр ҳаракат карда, нақлиёт садҳо маротиба ба чуқуриву ғорҳои сунъии эҷодшуда бармехӯрад. Роҳҳои атрофи шаҳр бошад боз ҳам вазъи бадтар доранд. Кас ҳайрон мешавад, дар бузургтарин вилояти кишвар, ки ҳар моҳ даҳҳо милён сомонӣ аз ҷамъоварии андоз маблағи даромад ворид мегардад, барои таъмири роҳҳои марказӣ маблағ намеёфта бошанд.

Бардорузан: Аз Кӯлоб то Қӯрғонтеппа

Аз Қурғонтеппа то шаҳри Кӯлоб масофаи наздик ба 200 км аст. Тақрибан 70 фисади ин роҳ вайрону валангор аст. Дуруст аст, ки роҳсозони хориҷӣ як қисми кӯчаки онро аз нав барқарор кардаанд. Аммо он ҳамагӣ на бештар аз 30 км аст, ки воқеан, на танҳо ба бехатарии ҳаракати нақлиёт мусоидат намекунад, балки хатарзо мегардад.
Возеҳтар агар гӯем, ронандагон аз шаҳри Қӯрғонтеппа қариб 50 км роҳи вайрону харобро эҳтиёткоронаву бо суръати паст тай карда меоянд. Баъд, роҳи таъмиргаштаи мумфарши сатҳи олӣ сар мешавад. Мусаллам аст, ки дар ин гуна роҳ суръати ҳаракати нақлиётро баланд мекунанд. Ва ҳамин тавр, бо суръати баланд, дар роҳи мумфарши бенуқсон наздики 25-30 км дар ағба ҳаракат карда, ва… ногаҳон боз роҳи вайрону валангори пур аз кандаву шикаставу рехтагаштаи ғору баландиву пастидор оғоз меёбад. Баъди 15-20-км-и роҳи фарсудаи дигар, боз ҳам сар аз ноҳияи Данғара наздики 40-км-и дигар роҳи таъмиргашта шурӯъ мешавад. Яъне, боз ҳам барои ронандагону нақлиёт масофаи оромиву «давондан»-и нақлиёт сар мешавад. Вале  ҳанӯз нақлиёт аз «шаттазанӣ»-и роҳҳои вайронгашта «ба худ наомадаву дами осоиш нагирифта», боз ҳам ба ин бало медарояд. Ин ҳамаро ба ҷуз таҳқир нисбат ба мусофири бечораву ронандаи сарсахт, дигар чизе наметавон унвон кард.

Талаби вакилони мардумии Данғара

Дар ҳамаи роҳҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб бошад, вазъ на ин ки нохуб, балки тамоман расво аст. Нест ягон райиси ноҳияе, ки барои таъмири роҳҳо кореро ба анҷом расонида тавонад. Дуруст аст, ки  бо ташаббуси райиси ноҳияи Ҳамадонӣ Хуҷамурод Фазлиддинов соли 2011 (то ин вақт дар ин ноҳия ҳатто 1 метр роҳ таъмир нагашта буд), дар маркази ноҳия 35-км роҳ ба маблағи умумии 100 ҳазор сомонӣ таъмир ёфт. Аммо бо гузашти як муддати кӯтоҳ, бо иллати сифати пасти корҳои сохтмонӣ, он аз нав вайрону таъмирталаб гардид. Дар дигар қитъаҳои роҳ бошад, маблағ барои таъмири роҳ мавҷуд нест.
То ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони Темурмалику Балҷувон, Шуроободу Ховалинг бошад нақлиёт бо ҳазор мушкил мерасад. Дар таъмиру нигаҳдории роҳҳо бошад, касеро парвое нест, зеро аз боло ҳам дар ин маврид касе пурсон намебошаду низ маблағи пулӣ ҷудо намекунанд. Барои ин навоҳӣ ҳам чун дигар ноҳияҳои «бародар» агарчӣ аз буҷаи давлатӣ ягон маблағе ҷудо намегардад, аммо аз ҳамон даромади софи ноҳия ҳам аз ҳукумати вилоят иҷозати маблағгузорӣ дар ин самт намекунанд. Ба унвони мисол, ноҳияи Ховалинг дар соли гузашта нақшаи андози давлатиро ба миқдори беш аз 170 фоиз иҷро кард. Яъне, зиёда аз нақша 70 фисади дигар даромад ба буҷа овард. Аммо  ба гуфтаи масъулин, маблағи барзиёд иҷрогаштаи нақшаи андоз ба буҷаи вилоят ворид мегардаду бо назардошти ҳукуматдорони вилоят он ба навоҳии «камбағалу нодортар»-и вилоят тақсим карда мешавад. Хуб, бигирем, ки ин иқдом кӯмак барои ҳам буҷаи вилоят ва ҳам навоҳии эҳтиёҷманд зарур аст. Аммо бояд барои рушди ноҳияи фаъол ҳам маблағи даркориро ҷудо намуд, то «фаъолон» рӯҳафтодаву дилмонда нашаванд.
Дар ҳамин ҳол, андозсупорандагони ноҳияи Данғара низ дар соли сипаришуда нақшаи андозро пурраву барзиёд иҷро кардаанд. Исуфалӣ Шоев, муовини райиси ноҳия мегӯяд, аз 33 милён сомонӣ даромади соф 15 милёнашро ҳукумати вилоят барои кӯмак ба навоҳии дигари вилоят ҷудо намудааст. Дар ин маврид, вакилони халқи ноҳия изҳори норозигӣ карда, дар ҷаласаи охирини худ рӯзи 27-уми декабри соли 2011 аз ҳукумати вилоят талаб намудаанд, то ин маблағро барои рушду пешравии худи ноҳияи Данғара баргардонанд. Гузашта аз ин, вакилони мардумӣ дархост кардаанд, дар оянда низ инчунин маблағгузорӣ аз ҳисоби даромади ноҳия барои буҷаи вилоят, кам карда шавад. Воқеан, дуруст ҳам кардаанд. Вакилони мардумии дигар навоҳӣ низ бояд аз ҳамтоҳои данғарагии худ ибрат гиранд ва баҳри рушду нумуъи ҳамаи соҳаҳои халқи ноҳия талош варзанд. Шояд дар оянда, як масъалаи асосии фаъолияташонро дар таъмиру азнавсозии роҳҳо нигаронӣ кунанд, агар воқеан, худро намояндаи аслии халқ ҳисоб кунанд.
Зеро, агар масъалаи роҳсозиву таъмири он дар фурсати кӯтоҳтарин ҳали мусбӣ наёбад, бегумон роҳҳои Тоҷикистон, ба хусус минтақаи ҷануб, ба роҳҳои асри 18 бармегардад ва дар ин роҳҳо дигар ба ҷуз хару ароба ҳаракати дигар нақлиёт мутмаинан, қатъ мегардад.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)