Бахшҳо
18 янв 2012 05:54Гузориш

Ҳақиқати «нони дуюм» дар Ҷиргатол

Андози заминро аз пули музди меҳнати писарам, ки аз Русия фиристод, пардохт кардам. Аз баҳори оянда икдом дорам, ки ин замини картошкаро ҳам ба давлат супораму худ новобаста аз синну сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам.

Вақте картошка мегӯем, беихтиёр ноҳияи Ҷиргатол пеши назар меояд.    Оддитар карда гӯем, дар тамоми манотиқи кишвар ин мавзеъи кӯҳистон, аммо зархезу серҳосилро бо картошкаи хушсифаташ мешиносанд. Мешинохтанд, гӯем ҳам хато нест. Чаро ки аксари мардум дар ҳоли ҳозир картошкаи навъи ҷиргатолиро тариқи «суперсужа»-ҳои телевизионии Идигули Маҳмуд ва Далер Сафаров мебинанду бас.  
Ростӣ, ман ҳам ба ҳайси як тамошочии оддии телевизион пеш аз ҳама ба ҳунари «воло»-и наворбардорон ва журналистони ТВ қоилам, ки чӣ тавр аз заминҳои беканори юнучқа ва шӯразорҳои солҳои сол бекорхобида, ки тақрибан 25-30%-и онро заминҳои кишти картошка ташкил медиҳанд, ҳазорҳо тонна ҳосили картошка мерўёнанд. Ин наворҳоро чунон сохтакорӣ мекунанд, ки даҳонат боз мемонад ва гумон мекунӣ, ки маблағаш барои сохтмони НОБ-и «Роғун» кифоят мекунад. Дар асл бошад, вазъи кишту кори картошка дар ноҳия тамоман ранги дигар дорад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки рўз аз рўз сафи заминҳои бекорхобида зиёд мешавад, мардум аз тарси гаронии андози замин ва боло рафтани нархи нуриҳои минералӣ, афзоиши қимати сўзишворӣ ва дар ниҳояти кор бо як арзиши ночиз ба фурӯш баровардани дастранҷашон, ки ба ҷуз зарар чизе дигар ба хамёни бе ин ҳам тиҳиашон намеорад, аз замин дасту дил мешӯянд.

Заминҳои «майзада» дар Ҷиргатол

Омӯзгори фанни ботаника, ки дар ноҳияи мазкур ба сар мебараду рӯзии хонаводаашро аз замин пайдо мекунад, мегӯяд: «Ман дар баробари муаллимӣ, сӣ соли умрамро ба парвариши зироат, ба хусус картошка бахшидаам. Дар тӯли ин солхо ба истиснои панҷ соли охир, беҳтарин навъи картошкаи хушсифатро ба даст меовардам. Гарчанде арзонтар ба фурӯш ҳам мерафт, вале ҳосил, ки фаровон буд, ҳам харҷи кишту корро мепӯшонд ва ҳам барои таъминни рӯзгор мерасид».   Ҳамсӯҳбатам меафзояд, ки имрӯз заминҳои мо мисли як шахси майзада, ки бе нӯшокии сархушкунанда мавҷудияти худро имконнопазир медонад, бе нуриҳои минералӣ хосили дилхох намедиҳанд: «Имсол аз тарси андози замин кишти картошкаро аз якуним ду гектар ба 50 сотих фуровардам. Қимати як халта  селитра  то 140 сомонӣ,  карбамит 150 сомонӣ ва  аммафос ба 130 сомонӣ баробар шуда, на ҳама имкони харидории онро доранд. Акнун болоравии нархи сӯзишворию тақсимбандии номунтазами об, ки деҳқонро ба ҷон меовард, дарди бедаво шудааст». Муаллими бечора, ки аз ҳар боб шикоят дошт мегӯяд, дар охири кори порсола килои картошкаро 90 дирамӣ фурӯхтам, ки ҳатто харҷи кардаамро напӯшонд.
-Андози заминро аз пули музди меҳнати писарам, ки аз Русия фиристод, пардохт кардам. Аз баҳори оянда икдом дорам, ки ин заминро ҳам ба давлат супораму худ новобаста аз синну сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам.

Воқеан, ҳарзагӯӣ ва чашмбандии наворбардорони ТВ дар минтақа ва ҳам «интервю»-ҳои пур аз дурӯғи Аслонбек Абдураҳмонов, райиси ноҳия афсонаи бибиямро, ки мегуфт: «Бобои Сайқурбон аз замини кишт картошкаеро дарёфт мекунад, ки барои аз замин бардоштанаш экскваторро даъват кардааст»-ро ба ёд меорад.
Маврид ба ёдоварист, 26 августи соли 2011 президенти кишвар ба ноҳия сафар дошт ва зимни он аз вазъи картошкапарварӣ шадидан изҳори нигаронӣ кард. Вале боз ҳам, райиси мӯҳтарами ноҳия вазъияти ноҳия ва беҳдошту сатҳи иҷтимои мардумро бо дигар ранг шарҳ дод. Шояд дар ин вақт Абдураҳмонов вазъи зиндагии мардумро дар муқоиса ба шароити зиндагии хеш баҳодиҳӣ карда бошад, вале ба ҷаноби райис гуфтанием, ки сокинони оддиву хокии Ҷиргатол сабукрави бо пули картошкаи фурӯшиашон «Тойота-Кемри» он тараф истад, ҳатто дучархаву сечарха харида наметавонанд.
Мутмаинам, ки агар аз имрӯз аз ҳар мансабдори ноҳия пурсанд, ки нархи картошка чӣ қадар аст, лаҳзае сукут накарда мегӯянд, ки 1 кг картошка ба 1 сомонию 30 дирам баробар аст. Аммо дар саросари минтақа бо ин нарху аз он болтар ҳам картошка ёфта намешавад, зеро деҳқони бечора аз тарси қарзҳояш картошкаро тирамоҳ, ҳатто ба хона наоварда, аз сари замин бо нархи 80-90 дирам  фурӯхтааст.
Як ҳафта қабл ба хотири аёдати волидайн ва ибораи роиҷи шабакаҳои ТВ меҳмони «макони картошка» гашта будам. Бечора модари пирам барои пухтани таом ҳатто як кило картошка надошт ва хоҳиш кард, ки барои хонавода 100 кило картошка харидорӣ намоям. Пул ҳам доштам, аммо дар ду рӯз дар ҳеч кунҷу канори ноҳия картошка пайдо накардам. Посух қариб, ки дар ҳама ҷо якхела буд: «Мо картошкаро замистон нарасида, фурӯхта тамом кардем».
Ана акнун аз Душанбе картошка харида, роҳкиро дода, ба Ҷиргатол-макони картошка мебарам…

Охири кор

Шояд хонандаи азизи ин сатрҳо «қарзи тирамоҳӣ»-ро нафаҳмида бошад. Бароятон рӯшанӣ меандозам. Ибораи «қарз бо картошка дар тирамоҳ»  дар Ҷиргатоли «серкартошкаи бекартошка» кайҳо ба ҳукми анъана даромадааст.  Деҳконони ноҳия аксар вақт роҳи ҳалли мушкилоти рӯзгорро дар қарзи қабл аз вақти ҳосилғундорӣ мебинанд. Онҳо ҳанӯз аз замистони сол, ки ҳосили кишти картошкааш номаълум аст, ба қарз, ё ба истилоҳ «бартер» рӯ меоранд, ки ин мушкилро дар «суперсужа»-ҳои телевизионии бону Идигули Маҳмуд ва ҷаноби Далер Сафаров  бо пурбин (микроскоп) ҳам дида наметавонӣ.
Аз ҳама асосиаш ин аст, ки Ҷиргатол дигар мисли собиқ ноҳияи картошкапарварӣ маҳсуб намегардад. Ин ҷо дигар ҷои таърифи дурӯғини мансабдорон ва наворҳои аз асл дури телевизионӣ чизи дигар нест, ҳатто картошка ҳам.

Шӯҳратулло Киромиддинов, донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ

PS: Аснои нашри мавод иттилоъ расид, ки бо фармони марбутаи сарвари ҳукумати кишвар Аслонбек Абдураҳмонов, райиси ноҳияи ҳукумати ноҳияи Ҷиргатол аз симматаш барканор гардид. Шояд бо ба сари қудрат омадани масъули дигар кишоварзон ба замин дилгармӣ пайдо мекунанду картошкаи Ҷиргатол шӯҳрати дар гузашта доштаашро ба даст меорад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)