Ҳодисаҳои "баҳори араб" бархе ҳукуматҳои худкомаро маҷбур кард, то даст ба ислоҳоти сиёсӣ зананд. Аз ҷумла баъзе аз кишварҳои Осиёи марказӣ низ дар сиёсатҳои хеш бознигарӣ намуданд. Метавон гуфт, ки ҳодисаҳои кишварҳои арабӣ сарварони кишварҳоеро, ки низоми диктотурӣ доранд, андаке ба худ овард. Аз мисолҳои таърихӣ мушоҳида мешавад, ки ислоҳотҳо замоне рӯи даст гирифта мешаванд, ки ё кишвар обистани инқилоб гардад ё сатҳи зиндагии ҷомеа посухгӯи ниёзҳои мардум набошад.
Солҳои охир сиёсатшиносон ва сиёсатмадорони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон хостор ва интизори ислоҳоти сиёсӣ ба хусус дар сиёсати дохилӣ ва кадрии ҷумҳурӣ мешаванд. Аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ чанде пеш бо пахши як баёния аз президент Эмомалӣ Раҳмон талабгори чунин як ислоҳоти кадрӣ шуда буд. Воқеан вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон низ, ки бӯҳронӣ ва нигаронкунанда аст, роҳандозии ислоҳоти куллиро дар кишвар тақозо дорад.
Аммо аз оғози сол мушоҳида мешавад, ки президенти Тоҷикистон ин бор низ баръакси интизороти мухолифон ва мунаққидони сиёсиаш ислоҳоти чашмгире ба сомон намерасонад ва ҳамаи тасмимҳояш ҷуз давоми сиёсатҳои қаблиаш нахоҳад буд.
Президенти Тоҷикистон ҳанӯз дар табрикоти солинавиаш соли 2012-ро аз он ҷиҳат барои тоҷикистониён муҳим хонд, ки дар ин сол низ моро ду ҷашни бошукӯҳ, 20 солагии сесияи 16-уми Шӯрои олӣ ва 15 солагии ваҳдати миллӣ интизор аст. Ин гуфтаҳо бозгӯи онанд, ки дар кишвари мо ҳеч ислоҳот ё таҳаввулоти сиёсиро интизор шудан имконпазир нест. Яъне боз ҳамон ид, боз ҷашн, боз рақсу бозӣ. Идомаи амалҳои бистсола.
Ба сарвазир додани баъзе ваколатҳоро аз ҷониби раисиҷумҳур бархе аз коршиносон ҳамчун рӯ овардани президент ба ислоҳоти сиёсӣ унвон намуданд. Аммо ба вазифаи муовини аввали нахуствазир таъин шудани шахси наздик ба сардори давлат Матлубхон Давлатов ин фарзияро ботил кард. Зеро вазифаҳое, ки ба дӯши нойиби якуми сарвазир вогузор шудааст гумонеро ба миён меорад, ки тасмимгиранда маҳз ҳамон кас хоҳад буд.
Пасманзар
Тағйироти кадрие, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон рӯи даст гирифт, низ давоми мантиқии ҳамон сиёсати нав-кӯҳна аст, ки чеҳраҳои қаблӣ танҳо ҷойи худро иваз менамоянд.
Раванди таъиноти кадрҳоро агар пеши назар биёред, ба хулосае мерасед, ки мансабдорони кунуни тоҷик ҳамадононанду аз ӯҳдаи ҳама кор мебароянд. Агар чунин нест, аз як вазорат ба вазорати дигар ва аз кумитае ба кумитае бурдани мансабдорон чӣ маънӣ дорад?
Як бор "фаъолият" ва вазифагирии Шарифхон Самиевро ба хотир оред. Аз "Барқи тоҷик" ба нерӯгоҳи "Норак" ва аз он ҷо ба симмати раисии шаҳри Қӯрғонтеппа расиданашро дар назар дорам. Оё ин чунин маъно надорад, ки оқои Самиев ҳам энергетики хуб асту ҳам менеҷер ва мисли ӯ мутахассис дар тамоми Тоҷикистон ёфт намешавад…
Ба ҳар ҳол, даҳрӯзаи аввали соли 2012 касро ба хулосае меорад, ки мунтазирони ислоҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон боз ҳам дар интизороташон иштибоҳ карда ва то чанд муддати дигар ҳам мунтазир бояд бимонанд. Вассалом.
Азизи Нақиб
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |