Бознашр аз ҳафтаномаи «Озодагон»
- Сиёвуш, мехостам сўҳбатеро, ки солҳо қабл оғоз карда будему мутаассифона, нотамом монд, идома бидиҳем.
- Ба назари ман чунин мерасад, ки тамоми сўҳбатҳо ва дидорҳои мо нотамоманд. Дар асл Инсон худ бо он, ки махлуқе тамом аст, мавҷуде нотамом аст. Ҳамин нотамомист, ки моро ҳамеша во медорад, то барои тамомӣ ва камол талош бикунем.
- Албатта ҳамин тавр аст, ки мегўйӣ, вале мавзўъи сўҳбатамон он рўз мушаххас буд. Ман пайи корҳоям барои чанд рўз ба Бишкек омада будам ва қарор гузоштем, ки мусоҳибае дошта бошем. Ҳатман ёдат ҳаст, ки он рўз занг задиву гуфтӣ: "Фаррух ҳам рафт…" Ман, ки он замон дар як нишасти хабарӣ будаму фурсати сўҳбат надоштам, дар асл чизе нафаҳмидам, ҳарчанд аз садоят эҳсос кардам, ки воқеае ҷиддӣ рўй додааст. Ва он шаб пешат омадаму дар ҳоле дидамат, ки қаблан надида будам... Он рўз коргардон ва ҳунарпешаи мумтоз ва инсоне бузург Фаррухи Қосим аз дунё гузашта буд.
- Бале, он рўз хабари марги устод Фаррухи Қосимро аз интернет хондам ва чун наздиктар аз ту дар ин шаҳр касеро надоштам, бароят занг задам.
- Боз ҳам мисли ҳамон рўз сукут кардӣ. Он бор мусоҳибаеро дар бораи Фаррухи Қосим оғоз кардему чанд саволу ҷавобе ҳам радду бадал шуд, ки ҳанўз ҳам дар бойгонии корҳоям вуҷуд дорад. Вале он мусоҳиба нотамом монд. Ҳоло, ки дигар муддатҳо аз марги он марди шариф гузаштааст, омода ҳастӣ тамомаш бикунем?
- Омода будан... Инсон ҳеч вақт омода нест. Мо-инсонҳо албатта медонем, ки мирандаем. Дирўз фалонӣ мурду имрўз фалонӣ дар ҳоли марг аст. Дар воқеъ марги ҳар фарде барои онҳое, ки медонистандаш воқеае фавқулодда ва ғайриинтизор аст. Бахусус марги азизе мисли устод Фаррухи Қосим, ки хеле ғайриинтизор ва нобаҳангом буд. Мо солҳои ахир бисёр мардони шариферо аз даст додаем. Ва намедонам, бадбахтона ва ё хушбахтона феълан намефаҳмем, дарк намекунем, ки чи касонеро аз даст додем ва Худой накарда боз аз даст хоҳем дод. Афроде боистеъдоду нотакрор, фаъъолу пуркор, ки фикр мекунӣ ҳоло бояд солҳову солҳо зиндагӣ ба сар баранду барои халқу ватани худ хизмат намоянд. Ин байти машҳур гўё барои баёни вазъи имрўзии мо гуфта шудааст:
Гурги аҷал якояк аз ин галла мебарад,
В-ин галларо бубин, ки чи осуда мечарад.
- Ё рубойие дигар аз Хайём, ки ҳамчунон машҳур аст ва ба фикрам ба мавзўъи сўҳбатамон, ки мехостам вижаи Фаррухи Қосим, театр ва коргардон бошад, бештар муносиб аст:
Мо луъбатаконему фалак луъбатбоз,
Аз роҳи ҳақиқат, на ки аз роҳи маҷоз,
Якчанд дар ин бисот бозӣ кардем,
Рафтем ба сандуқи адам як-як боз.
- Ин рубойӣ дар маҷмўъ барои Инсон ва Инсоният аст. Хислати азалии Инсон, ғаризаи табии ў чунин аст. Ба назари ман ҳар фарде то худаш намирад, намефаҳмад, ки Марг чист. Албатта, дард мекашем, ғамму ғусса мехурем, ҳасрату вовайло мегўем, сар бар санг мезанем, вале… ба зиндагии худ идома медиҳем. Зеро ҳанўз худамон намурдаем. Эҳсос намекунем, ки бо ҳар яке аз наздикон ва азизоне, ки моро тарк менамоняд, мо низ андаке худро ва ҷаҳонро тарк кардаем. Бо ҳар азизамон, ки мурда аст, мо ҳам андаке мурдаем. Бахусус марги афроди бузургманиш ва покгавҳаре чун устод Фаррухи Қосим гумкардаи як-ду нафар нест, балки аздастдодаи тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Устод Рўдакӣ дар марги чунин касон гуфтааст: Марги чунон хоҷа на корест хурд!
Ман ҳоло номбар намекунам, ки тайи чанд соли ахир мо чи касонеро аз даст додаем. Инро ҳама медонанд. Сухан аз он аст, ки инҳое, ки барои ҳамеша аз мо мераванд, афроде нотакроранд, ҷойгузин ва ҷойнишин надоранд. Касе дигар ҷойи онҳоро барои мо пур нахоҳад кард.
Чаро ҷойи русҳо холӣ мондааст?
- Мегўянд ҳунармандон ҳам ҳар яке нотакроранд.
- Бале, на танҳо ҳунармандон, балки ҳар фарде дар дунё ягона, мунфарид ва нотакрор аст. Ҳамон гадои сари кўча, ҳамон бадмасте, ки дар сояи як дарахт уфтодааст, ҳамон духтарчаи сақичфурўши рўйи роҳ – ҳама афроде бемонанд, нотакрор, шариф ва азизанд. Ту он пиразанҳоеро, ки дар чорроҳаи Моссовети Бишкек гул мефурўшанд, ба ёд биёр! Ҳатман имрўз, ки хонаи мо меомадӣ, аз канори онҳо гузаштӣ?
- Бале, дидамашон. Он кўчаи гулфурўшон дар қиёс бо чанд соли пеш тақрибан ҳеч тағйире наёфтааст. Ҳарчанд дар ин миён дар дунё ва аз он ҷумла дар ҳамин Қирғизистон тағйироти зиёде рўй дод. Воқеан манзаре зебост.
- Бале, хеле зебост. Худо кунад, ки ҳамин тур бимонад.
- Хатари намонданаш ҳам ҳаст?
- Ахиран муҳоҷирати ақвоми ғайрибумӣ аз Қирғизистон афзоиш ёфтааст. Далелаш ҳам маълум аст. Албатта, ин масъалаҳоро худат беҳтар медонӣ. Миллатгаройии бепоя ҳеч вақт барои ҳеч миллате суде наовардааст. Эътироф мекунем ё намекунем, вале муҳоҷирати русҳо аз Осиёи Миёна чизи хубе нест. Аз ҷумла рафтани онҳо аз Тоҷикистон яке дигар аз гумкардаҳои тоҷикону Тоҷикистон аст. Муҳоҷирати ҳамон пиризанҳои гулкору гулфурўш ва парасторони бемористону духтурхонаҳо, ҳамон пирмардони рус, ки мошинҳои дарздўзии занони қишлоқии тоҷик ва ҳоҷатхонаҳои шаҳрнишинони тоҷикро таъмир мекарданд, воқеан рўйдоде таассуфбор ва ғамангез аст. Ҳунари театрӣ низ аз он дастовардҳои тоҷикон аст, ки дар қарни гузашта ва аз баракати вуҷуди Шўравӣ ва хидматҳои мустақими русҳо ҳосил шуда буд.
- Ҷолиб аст. Қабл аз худат устод Бозор Собир ҳам чунин чизҳое гуфта буд, ки ҳатман бохабарӣ. Ман албатта, мефаҳмам, ки чиро дар назар дорӣ. Вуҷуди русҳо дар миёни ақвоми бумии Осиёи Миёна, ки ҳамеша мубталои пархошҳои байниқабилаӣ, якдигарситезӣ, бегонапарастӣ, маҳалгаройӣ буд, дар воқеъ як замоне чун омили иттиҳод хидмат кардааст. Албатта, инро наметавон нодида гирифт. Аммо он чи имрўз мушоҳида мекунем, манзарае дигар аст. Насли ҷавони Русия ёде аз он надорад, ки мо ҳамагӣ бист сол пеш мутааллиқ ба як кишвар будем. Барояш байни як тоҷику як хориҷии кадом як кишвари дурдасти дунё ҳеч фарқе надорад. Ин аст, ки ҳар рўзе шоҳиди афзоиши бархурдҳои тавҳиномези онҳо нисбати муҳоҷиронамон дар Русия ҳастем. Аз ҳодисаҳои қатлу кушторашон ҳоҷати ҳарф задан ҳам нест. Намехоҳам бигўям, ки ҳама айб аз онҳост, вале он чиро ки мебинем, ҳаргиз шоистаи мардуме нест, ки ба қавли худат тақрибан беш аз ним қарн омили сулҳу субот дар Осиёи Миёна буд.
- Ба гуфтаҳоят чи изофа кунам? Инҳоеро, ки гуфтӣ, албатта, наметавон инкор кард. Ман ҳаргиз намехоҳам ба унвони вакил ва ҳомии русҳо ҳарф бизанам. Ман фикр намекунам, ки устод Бозор Собир ҳам вақте дар ҳимоят аз русҳо сухан мегўяд ва даврони шўравиро таърифу тавсиф мекунад, вакил ва ҳомии русҳост. Ин тавр нест. Устод Бозор Собир дар ҳама ҳолат вакил ва ҳомии халқи тоҷик мемонад.
Вале агар назари маро мехоҳӣ, ман тарафдори он зани рус ҳастам, ки ҳатман ёдат ҳаст, чанд сол қабл пешниҳод карда буд, то муҷассамаи ёдгорӣ барои Хуршеда Султонова, ҳамон духтарбачаи тоҷик, ки дар Санкт Петербург ба дасти миллатчиҳои рус кушта шуд, гузошта шавад. Он зани рус пешиниҳоди худро дар рўзномаи "Известия" чоп карда буд. Ман онро барои яке аз нашрияҳои Тоҷикистон фиристода ва пешниҳод кардам, ки бунёде ба унвони "Муҷассамаи Хуршеда дар Санкт-Петербург" ташкил гардад. Пешниҳод карда будам, ки ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам ширкатҳои хусусиву тоҷирон дар ин кор саҳм бигиранд. Лозим буд, ки бо он зани рус мустақиман тамос барқарор гардад ва ба воситаи вай ин идея амалӣ шавад. Мутаассифона, он вақт ҳеч вокунише ба он пешниҳод ба амал наомад.
Вале ман муқобили он русҳое ҳастам, ки барои полковник Буданов дар Маскав лавҳаи ёдгор мегузоранд. Ҳамон полковник Будановро дар назар дорам, ки як духтари чечениро куштааст. Аввал ба номўси ў таҷовуз кардаву баъдан куштааст. Гўё писараш он лавҳи ёддгорро дар маҳалли қатли Буданов гузоштааст. Мақомоти расмии Русия гўё аз ин иқдом ҳанўз "хабар" надоранд. Бубинем кор ба куҷо мекашад.
Воқеан ёд дорӣ, ҳангоме, ки ин ҷо кору зиндагӣ мекардӣ, ҳамеша тааҷҷубамон аз он буд, ки русҳои Қирғизистон аз русҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ менамуданд, чи қадар фарқ доштанд. Агар мухолиф нестӣ, як сўҳбате ҳам баъдан дар ин мавзўъ анҷом хоҳем дод.
- Рост мегуйӣ, ин фарқи андаке нест. Худи мавзўъ ҳам ҷолиб аст ва ба назарам холӣ аз суд ҳам нахоҳад буд. Ҳатман дар ин хусус як сўҳбате хоҳем дошт.
- Аммо баргардем ба мавзўъи имрўз. Ман аз театри рус ва таъсиру саҳми он дар ташаккули театри тоҷик мегуфтам. Театри русӣ чи қабл аз инқилоби Октябр, чи дар замони Шўравӣ ва чи дар ҳоли ҳозир аз аҷоибтарин ва зеботарин падидаҳои ҳунарӣ, адабӣ ва фарҳангии ҷаҳон ба шумор меравад ва ин як амри рушан ва эътирофшуда аст. Театри тоҷик дар воқеъ дар матни тамоми он навоварӣ ва модернизае, ки инқилоби Октябр ба Осиёи Миёна оварда буд, эҷод шуд, рушд кард ва ба камол расид. Албатта, театри тоҷик, агар вижагиҳои миллии онро канор бигзорем, дар ҳамон матни фарҳангии Шўравӣ чизе барҷаста ва мутафарриқ аз театрҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои дигари Шўравӣ набуд. Як бахши маъмулии фарҳангӣ аз кулли сохторм давлати Шўрави буд. Вале дар Тоҷикистон низ падидаҳое барҷаста, истеъдодҳое нотакрор вуҷуд доштанд, ки боиси пешрафти ин ҳунар дар ҷумҳурӣ ва касби маҳбубияти ҳунармандони театр дар байни мардум гаштанд.
Ва яке аз чунин падидаҳо хонаводаи Қосимовҳо буд. Театри тоҷикро бидуни номи Муҳаммадҷон Қосимов наметавон тасаввур кард. Мутаассифона, ин ном имрўз кам ёд мешавад.
Албатта, ин ҳарфҳое, ки ман мегўям, шояд бо матни воқеиятҳои имрўзи Тоҷикистон чандон рост наояд ва ҳатто барои касе мавзўи хандаву тамасхур ҳам бошад. Шояд ман, ба қавле аз зиндагӣ ақиб мондаам. Вале ба назарам он азизон ҳадди ақал сазовори як нимапайкара ҳастанд.
Манзурам сохтани як нимпайкараи арзон ва хоксорона дар назди теати Лоҳутӣ аст. Имрўз, ки мо саргарми бунёди иншоотҳои бузургу пурхарҷ ҳастем, пас ҳатман бояд барои сохти нимпайкараҳои хурд маблағ дошта бошем. Ҳадди ақал як лавҳаи хурди ёдгор барои он инсонҳои бузург.
Номи Муҳаммадҷон Қосимов барои хеле фарҳангиён ошно нест
- Имрўз кам касоне дар ин бора фикр мекунанд. Дигар робитаи миёни театру ҷомеа ба он сурате нест, ки дар замони шўравӣ буд. Ту аз Муҳаммадҷон Қосимов мегўйӣ, вале ман мутмаин нестам, ки масалан, хеле аз онҳое, ки дар бахшҳои фарҳангӣ фаъолият мекунанд, бо чунин номе ошнойӣ дошта бошанд.
- Мефаҳмам. Ҳоло масхарабозӣ ҷой театрро дар зеҳни мардум танг кардааст. Воқеан, ин мавзўъи муҳим аст. Калимаи "масхарабозӣ" дар илми танқиди театрӣ ба унвони истилоҳ қабул шудааст. Теарти миллии тоҷику узбак аз масхарабозӣ шурўъ мешавад, ки баҳсест барои фурсати дигар.
Ҳоло, ки сухан аз аз устод Фаррухи Қосим ва он хонаводаи шариф аст, мехостам сухане чанд аз падари эшон Муҳаммадҷон Қосимов низ гуфта бошем. Мутаассифона, ман бозии зиндаи Муҳаммадҷон Қосимовро дар саҳна надидаам, вале он маводи каме, ки дар бойгонии телевизиони Тоҷикистон боқӣ мондааст, бозгўйи истеъдоди бузурги он мард аст. Ҳоло ки ман ёди он марди бузургро мекунам, ба хотири ин аст, ки мехоҳам барои такмили чеҳраи устод Фаррухи Қосим аз ў кўмак бигирам. Муҳаммадҷон Қосимов образи Шоҳ Лирро аз песаи ҳамноми Шексприр бозӣ кардааст, ки як пораи он дар бойгонии студияи телевизион маҳфуз аст ва аз ҳамон саҳнаи кутоҳ метавон истеъдоди бузург ва муҳимтар аз ҳама, он энержии бузурге, он беқорории рўҳ ва он қуввату нерўи созандае, ки ин ҳунарпеша доштааст, дарк кард.
- Дастрасӣ ба бойгонии студияи телевизион коре содае нест.
- Медонам. Худам як муддате дар телевизиони тоҷик кор кардаам. Он вақт дар бахше, ки ман кор мекардам, ҷавоне ба қавли худаш «ҷонкану хунибинӣ» бо номи Саиди Ҳисоракӣ буд. Худо раҳматаш кунад, шаҳид шуд. Ҳамон Саид аз баракати «ҷонкану хунибинӣ» буданаш ва аз он маҳбубияте, ки дар назди кормандони бойгонӣ дошт, бархе маводро бароям ба муддати 10-15 дақиқа «медуздид». Саҳнаи бозии Муҳаммадҷон Қосимов дар «Шоҳ Лир» аз он наворҳое буд, ки баъди тамошои он Саид пеши ман меомад ва мегуфт: «Маълим, зиндайӣ?!» Яъне ин қадар таъсири он саҳна бар ман қавӣ буд.
Мутаассифона, мо аз тарҷумаи ҳол, рўзгор ва эҷодиёти эшон кам чизе медонем. Ҳоло ки ҳамсарашон Мукаррама Қосимова - ин зани наҷиба ва ҳунарпешаи барҷаста зиндаанд, хуб мебуд рўзноманигорони алоқаманд ба ҳунари театрӣ мусоҳибаҳои бештаре бо ў анҷом медоданд. Мо таърихи ватани худро ба сурати куллӣ медонем. Яъне дар фалон сол фалон воқеае рўй дод. Ин муҳим аст, аммо донистани ҷузъиёти таърихи меҳан чизе камтар нест. Он куллиёт иборат аз ҷузъиёте ҳаст ва аз ин назар рўзгор ва осори хонаводаи Қосимовҳо метавонад хеле аз мавориди торики ин соярўшанҳоро бароямон рўшан кунад. Мутаассифона, мо ин чизҳоро камтар дорем.
- Бароят қаблан китоби "Фаррухномаи"- и Собири Қурбон, яке аз шогирдони Фаррух Қосимовро оварда будам. Ҳоло ки ин суханҳоро мегўйӣ, ба назарам чунин мерасад, ки фурсат накрадайӣ, то онро бихонӣ.
- Ин гуна нест, ман "Фаррухнома"-ро мисле, ки як гушна нони гармеро ба даст меорад, дар як нишастан хондам. Албатта, таълифи хубест, ки ба муаллифаш дўсти азизам Собири Қурбон сад аҳсант ва ташаккур мегўям. Боз ҳам мегўям, китоби хубест. Вале агар баъзе мавориди таҳқиқӣ ва иқтибосҳоро канор бигзорем, дар маҷмўъ як таълифи импулсив ва экспресив аст. Ва бояд ҳам чунин бошад. Ин бархурд, вокуниш ва назари яке аз шогирдони устод бар ҳаёт ва эҷодиёти ўст. Шогирде, ки устодаш тарки дунё карда ва ў талош намудааст, то аз ин роҳ қарзи худро назди он кас ҳисобӣ карда бошад. Ман чунин иқдомеро аз шогиродни дигари устод аз ҷумлаи Саъдуллои Раҳим, Қурбони Ҳомид, Гулчеҳраи Ёқуб ва дигар азизон таваққуъ ва интизор дорам. Ман онҳоро "бачаҳои устод Фаррух" меномам. Агар таваҷҷуҳ кунем, шогирдони устод Фаррух бо дигар ҳунарпешаҳои Тоҷикистон фарқ мекунанд. Ҳам аз назари одобу ахлоқ ва ҳам аз назари донишу ҳунар.
Албатта коре, ки Қурбони Собир анҷом дод, қобили ҳама гуна қадршиносӣ ва ташаккур аст. Ин коре наҷиб аст, ки як шогирд дар ҳаққи устодаш метавонад анҷом диҳад.
Ва аммо он корҳое, ки то ба ҳол анҷом ёфтааст, барои арзёбӣ, арҷ ва баҳогузории ҳаёт ва эҷодиёти чунин як хонаводаи шариф ва шахсияти устод Фаррухи Қосим кам аст. Дар ин мавзўъ таҳқиқоти касе мисли устод Низом Нурҷонов лозим аст. Мутаассифона, чунин таҳқиқотеро ҳанўз дар даст надорем ва дардовартар ин аст, ки ба назарам нахоҳем дошт.
Вале агар росташро гўям ман як намоишнома ва спектаклеро аз давраи камоли устод аз "бачаҳояш" интизор дорам. Давраи охири умри Фаррухи Қосим бо ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва умуман бо тамоми зиндагии он рўзгори Тоҷикистон ва мардуми он пайваста ва тавъам мебошад ва агар чизе дар ин мавзўъ таҳия шавад, дар воқеъ як назаре дигар, як арзёбие дигар аз воқеиёти ахири Тоҷикистон хоҳад буд.
Ошнойии нотамом бо Фаррухи Қосим
- Дар ҳар сурат умед ба рўзҳое беҳтар хоҳем кард. Ҳоло биё, аз аз ошноии худат бо Фаррухи Қосим бигў.
- Ошнойӣ бо устод дар театри драма ва мазҳакаи Қўрғонтеппа рух дод. Бо даъвати Идораи маданияти шаҳр барои коргардонии "Тартюф"-и Мольер омада буд. Қаблан корҳояшро чун актёр дар театри ба номи Лоҳутӣ ва чун коргардон дар театри Ҷавонони Маҳмуд Воҳидов ва баъдан "Аҳорун" дида будам. Бароям ҷолиб буд, ки ў ҳамчун актер ба модару падари худ монанд набуд. Модараш Мушаррафа Қосимова дар Тоҷикистон шўҳрат ва маҳбубияти саросарӣ дошт. Ба назарам вайро мардуми Тоҷикистон чун узве аз хонаводаи худ мешинохтанд. Бозии Фаррух ба бозии падару модараш мутафовит буд. Онҳо вақти бозӣ дар саҳна тамоми вуҷуди худро сарф мекарданд. Мепиндоштӣ, ки дар саҳна на бозӣ, балки зиндагӣ мекунанд. Аз нигоҳи ман ин услуби бозиро ҳамсари эшон Сабоҳат идома медиҳад. Вале Фаррух ҳангоми бозӣ сард буд. Қаҳрамонҳояшро хеле худнигаҳдор ва хунсардона бозӣ мекард. Бозии ў як чизе дигар буд, хоси худи ў буд, ки мутассифона танқиди театрии тоҷик онро дар ҳадди лозим баррасӣ накардааст.
Ёд дорам дар спектакле бар песаи "Сояи сухан" –и устод Меҳмон Бахтӣ нақши як мансабдори ришвахори шаҳродориро бозӣ мекард. Спектакли хубе буд, мутаасифона коргардонашро ёд надорам. Он бозиро бо сухан наметавон тасвир кард. Онро бояд дид. Ман намедонам он спектакл сабт ва бойгонӣ шудааст ё не. Эй кош шуда бошад.
Фарқи миёни бозии ин ду устоди саҳна - Фаррух ва Сабоҳат бисёр бузург аст. Сабоҳат, гўё бештар пойбанди мактаби Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимовҳо мебошад - бисёр хунгарм ва эҳсосотӣ бозӣ мекунад. Ин равиш дар асл бунёди театри Станиславскийро ташкил медиҳад, ки "зандагӣ кардан дар қаҳрамон" ё ба истилоҳи театрӣ "переживание" мебошад. Шояд аз ҳамин ҷо буд, ки Фаррух нақши Зулайхоро дар спектакли "Юсуфи гумгашта…" ба Сабоҳат дод. Ва иштибоҳ накард.
- Аз "Тартюф"-и Фаррухи Қосим дар театри Қўрғонтеппа гуфтӣ. Истиқболи гарми тамошобин аз он намоиш дар ёдам ҳаст. Ва умуман истиқболи гарми мардуми Тоҷикистон аз ҳар як спектакли "Аҳорун"… Ба назарат ин маҳбубияти вижаи Фаррухи Қосим ва истиқболи бесобиқа аз спектаклҳои вай чи далеле дошт?
- Дар тамоми даврони Шўрави театр дар Тоҷикистон тамошобини ҳамешагӣ ва содиқи худро дошт. Аммо спектаклҳои он давраи Фаррух аввалан дар театри ҷавонони ба номи Маҳмуд Воҳидов ва баъдан дар "Аҳорун" паёме, нишонае аз оғози як даврони нав дар ҳаёти кишвару мардум буд. Дар ёд дошта бошем, ки мо тоҷикон адибон ва адабиёти диссидентӣ кам доштем, агар куллан осори устод Бозор Собир ва қисман бархе аз навиштаҳои адибони он наслро истисно кунем, метавон гуфт, ки ҳатто надоштем. Устод Фаррух бо он спектаклҳои худ он халоъро пур мекард. Спектаклҳои он даврони вай ҳамагӣ осоре "дисидентӣ", исёнгар ва рамзӣ буданд. Ин ҳам беҷо нест, ки устод ба иллати камбуд ё набуди осори маҳаллӣ, осори классикони ҷаҳонро ба кор мегирифт, аммо тавре ки медонем, онҳоро ба ҳаёти онрўзии Тоҷикистон татбиқ медод. Аз ин буд, ки на танҳо тамошобини ҳамешагии театр, балки кулли рўшанфикрон ва ба вижа донишҷўёну ҷавонон ба театри устод чун гушнагоне ба маҳалли пухти нони гарм мерафтанд. Мутассифона ин алоқаи миёни театр ва тамошобин имрўз коҳиш ёфтааст.
- Ҳоло ҳам каму беш мушоҳида мешавад.
- Бале, каму беш. Вале ин тамошобин бо он тамошобин фарқи зиёде дорад. Аз назари фаъолият, садоқат ба театр, коргардон ва ҳунарпеша. Аз назари мушорикат дар равандҳои театрӣ, ҳузур дар ҷашнвораҳо ва ғайра.
- Баргардем ба мавзўъ, ки аз ошнойӣ ва робитаат бо Фаррухи Қосим буд.
- Ман он вақт дар Идораи маданияти шаҳри Қўрғонтеппа кор мекардам ва гаҳ-гоҳе ҳам барои радиои вилояти ва рўзномаи "Ҳақиқати Қўрғонтеппа" чизаке менавиштам. Ту он рўзҳоро ҳатман дар ёд дорӣ.
- Бале, дар ёд дорам.
- Рўзе рафтам театр, то аз ҷараёни коргардонӣ ва тамрини устод дар он театр чизе бинависам. Ҳеч аз ёдам намервад он мулоқот! Баъд аз камингириҳои зиёд устодро дар даҳлези театр дарёб кардам. Фаррух бо Неъмат Идрисов, (марде шариф, ки ўро воқеан метавон намунаи боризи зиёии тоҷик хонд), ки он вақт мудири театри мусиқӣ ва мазҳакаи Қўрғонтеппа буд, машғули сўҳбат буд. Бо вуҷуди он ки маълум буд мазўъи сўҳбаташон бисёр муҳим аст, ин марди намунаи одоб ва ахлоқи ҳамида ба ман иҷоза дод, то миёни сўҳбаташонро қатъ кунам. Ман чанд саволе аз устод Фаррух кардам. Устод сигор мекашид ва дар ҳоле, ки ба саволҳои ман ҷавоб медод, хокистари сигорашро номаъулум дар кафи дасти худ матакид. Ман инро ҳеч гоҳ фаромўш нахоҳам кард. Ин сатҳу дараҷаи тарбиятро ман дар камтар касон дидаам.
- Ин ошнойӣ баъдан ҳам идома дошт?
- Хушбахтона идома дошт. Мо бо устод баъд аз он сўҳбатҳо ва нишастҳои зиёде доштем. Боз мегўям, таъкид мекунам: Шахсеро ба ин ҳадди хоксорӣ ва фурўтанӣ, одӣ ва барои ҳар фарде дастрас будан, истеъдоди ба ҳарфи касон гўш фароҳам додан, ҳамсўҳбати худро эҳтиром кардан, ман дар ҳаётам камтар дидаам. Ин хислати хубест, албатта. Бидуни ҳеч шакку шубҳа. Вале шояд на ҳамеша. Бахусус дар замони мо.
Хуб будан ҳам ҳамеша хуб нест
- Байте ба ёдам меояд:
Он қадар хоксор гардидем,
Ки барбар ба хоки роҳ шудем.
- Дақиқан ҳамин тавр аст… Дар замони мо ва шояд на танҳо дар замони мо, шояд дар тамоми давру замонҳо ҳамин тур буда ва ҳамин тур боқӣ мемонад, ки хуб будан на ҳамеша хуб аст. Ба қадри одами хуб камтар мерасанд. Ман худам хеле дер фаҳмидам, ки ба қадри он инсони шариф камтар расидаам ё шояд аслан қадрашро нашнохтаам. Аз вуҷуди шарифи эшон ҳадди ақал барои худам истифода накардаам. Ҳамеша мегуфтам: "баъд…баъд…баъд…" Ҳама нақша, ҳама барномаҳое, ки ният доштам пеши ў матраҳ кунам, аз ў ёрӣ бихоҳам, ки ҳатман ёриам менамуд, барои баъд гузоштам… Ва баъдан он "баъд" ҳам фаро расид. Мо дигар ўро надорем. Ҷойе гуфтам, ки мо тоҷикон ҳоло намефаҳмем ахиран чи касонеро аз даст додаем ва ба эҳтимоли ғолиб боз аз даст хоҳем дод. Таърих бо садоқат бар раволи худ дар охири қарни гузашта тоҷиконро ба фоҷиаи сахте гирифтор кард, ки сатҳу густариш ва асароту оқибатҳои он, мутаассифона, ҳанўз шинохта ва дарк нашудааст. Мо ҳоло аслан вақте надорем, ки ба он фоҷеа андеша кунем. Зинда мондан яке дигар аз мушкилоти аслии феълии тоҷикон аст…
Фаррух бояд дар зиндагӣ як каме "бад" мебуд. Ба вижа дар он дунёе, ки ҳамаи умрашро дар он тай кард, дар дунёи театр, ҳунар, синамо. Ин дунё – дунёест, ки зистан дар он бисёр сахт аст. Шояд барои онҳое, ки аз ин дунё дуранд, чунин ба назар бирасад, ки он як дунёи зебову беғамест. Вале дар асл ин як дунёи бисёр бераҳмест. Ва ҳамзамон дунёест бисёр одил. Дар ин дунё риёро даррав мефаҳманд. Мегўяндат "ту фалш кардӣ!" Агар як сари мў аз дафтари нота ё аз матни песа тақаллуб кардӣ, дурўғ гуфтӣ, "фалш кардӣ", ҳатман дар ҷоят мешинонанд…
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |