Баррасӣ ва пешниҳоди якҷонибаи матлабу маводҳои телевизионӣ аз масъалаи асосии матраҳшаванда дар нишасти матбуотии навбатии ТВ «Сафина» маҳсуб меёфт. Лутфулло Давлатов, сарвари шабакаи мазкур мавҷудияти чунин норасоиро дар муассисаи зертобеаш тасдиқ намуда, иброз дошт, ки ин андеша дар ҳақиқат дуруст аст: «Худи роҳбари давлат ҳам дар як маҷлис гуфтанд, ки гуё дар Тоҷикистон ҳамаи корҳо хуб аст, аммо дар асл ин тавр нест, яъне бояд барномаҳои таҳлилӣ дар шабакаҳои ТВ-и давлатӣ бештар шавад, дар ин ҷо журналистони касбӣ лозим аст ва барои ҳалли ин дар оянда кӯшиш мекунем».
Ҳарчанд масъулини телевизиони «Сафина» мегӯяд, инъикоси мавзӯҳои рӯзмарра пайваста дар мадди назари онҳост, вале бархе аз соҳибназарон иброз медоранд, ки «Сафина» аз пайгирӣ ва инъикоси мавзӯҳои муҳими ҷомеа, ки ба рушди иқтисод ва пешрафти кишвар рабт доранд, худдорӣ мекунад. Оқои Давлатов дар посух ба саволи хабарнигори хабаргузории «Озодагон», ки «Сафина» давоми як соли гузашта дар бораи ҳаёти муҳоҷирон чӣ барномае пахш кардааст, иброз намуд, ки бо пешниҳоди роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират дар соли гузашта ҳамаги ду барнома дар масъалаи муҳоҷират пахш шудаасту бас. Ӯ гуфт, дар оянда дар ин мавзӯъ барнома омода хоҳем кард.
ТВ-ҳои тиҷоратӣ
Телевизиони «Сафина» барномаҳое чун: «Муошират», «Ошёни меҳр», «Сафинаи Сайҳун», «Дастовез», «Аз шаҳри ёрон», «Раво», «Сиришт», «Ободӣ» дорад, ки давоми ҳар ҳафта пахш мешаванд, вале бо сабабҳои ба тамошочиён норӯшан дар мавриди мушкилоти муҳоҷирин ва вазъи феълии онҳо, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон асосан аз ҳисоби маблағи вориднамудаи онҳост, дар як сол ҳамагӣ ду барнома ва ин ҳам бошад бо пешниҳоди роҳбарияти як ниҳоди давлатӣ рӯйи навор омадааст.
Ҷовид Муқим, коршиноси тоҷик дар ин маврид мегӯяд, чунин шабакаҳои давлатӣ пойбанди тиҷорат шудаанд ва бинобар ин мавзӯҳои рӯзмара ва муҳимро инъикос намекунанд: « Он барномаҳое, ки аз шаҳраку ноҳияҳо таҳия мекунанд, дар он барномаҳо проблема қариб, ки ба назар намерасад. Чунки телевизион ҳам тиҷорат шудааст ва ҳар касе пул медиҳад, фармоиш медиҳад».
Фирдавс Арабов, ҳам ки тамошочии ТВ «Сафина» аст, барномаҳои ин шабакаро нисбатан хуб арзёбӣ намуд ва илова кард, ки пахши реклама дар ин шабака хеле зиёд шудааст, ки ин барои мо тамошогарон на он қадар хуш меояд.
Нақшаҳои «Сафина» ва бардошти ман
Зимнан, масъулини телевизиони «Сафина» изҳор медоранд, ки дар соли равон кӯшиш мекунанд, то мушкилоту норасоиҳои ҷойдоштаро ҳал намоянд. Шабакаи мазкур тасмим гирифтааст, ҷиҳати татбиқи воқеии сиёсати фарҳангии кишвар давоми соли 2012-ум чунин корҳоро ба иҷро расонад:
- Ба истифода додани студияи барномаҳои иттилооти ва сиёсӣ, дубора эҳё намудани барномаи иттилоотӣ бо забони англисӣ, ташкили студияи дуюми маркази пахши барномаҳо, вусъат додани тарҷума ва дубляжи филмҳои бадеӣ, мустанад ва илми-омӯзишӣ ба забони тоҷикӣ, ташкили бунгоҳи хабарии муассиса дар хориҷи кишвар, таҳия ва ба наворгирии ду филми бадеӣ-телевизионӣ ва филмҳои мустанад бахшида ба 15-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ ва омодагӣ ба иди байналмилалии Наврӯз.
Ман, ки ба ҳайси як тамошочии оддӣ ва рӯзноманигор бо чанд тан аз соҳибназарону коршиносони соҳа сӯҳбат доштем, ба ин натиҷа расидам, ки шабакаҳои давлатӣ он вақт муваффақ хоҳанд шуд, агар ба меъёрҳои журналистикаи муосир такя карда мавод омода кунанд ва аз баҳри инъикоси якҷонибаву таърифҳои болохонадор гузаранд…
Ё нодуруст?
Алишер Зарифӣ
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |