Бознишастаи озарӣ бо нафақаи якмоҳа ба Маскав рафта метавонад
Нафақаи як моҳаи як солманди озарӣ 10 маротиба аз нафақаи солманди тоҷик зиёд аст. Сайти «Moyazarplata.az» менависад, ки пенсионери озарӣ бо нафақаи якмоҳааш бо поез ба Маскав рафта метавонад. Зеро нархи билети поезд аз Боку ба Маскав барои як нафар 198 доллар будааст. Аммо нафақахўрони Тоҷикистон на танҳо ба кишваре сафар карда наметавонанд, балки бо ин ҳаҷми нафақа аз Панҷакент ба Душанбе расида наметавонанд. Зеро нархи роҳкиро барои як нафар дар ин самт 120-130 сомонӣ аст. Ҳарчанд ҳаҷми нафақаи солмандони Озарбойҷон дар як моҳ ба 200 доллар мерасад, вале онҳо кам мешуморанд ва хостори боло бурдани меъёри нафақаанд.
Дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна килои орд 3 сомонист ва бо нафақаи миёна(111 сомонӣ) дар як моҳ як халта орд харидан ҳам ғайри имкон аст. Бо 111 сомонӣ танҳо 37 кило орд харидан мумкин аст. Аммо бо нафақаи миёна дар Озарбойҷон (200 доллар ё бо сомонӣ 960) дар як моҳ як солманд имкони хариди 320 кило ордро дорад.
Нафақахӯри тоҷик нон харад, ё пули барқро супорад?
Як муҳоҷири меҳнатӣ дар сўҳбате гуфт, ки модараш мехоҳад сарашро, ки хеле дард мекунад ба томография нишон диҳад ва аз писараш хостаст то ба ў маблағ равон кунад. Модар гуфтааст, ки нафақааш ҳудуди сад сомониро ташкил медиҳад ва барои хариди рўзгор кифоят намекунад. Нархи маҳсулот дар Тоҷикистон боло рафтааст ва ин сад сомонӣ дар пеши нархҳои осмонӣ ночиз аст. Он муҳоҷир тааҷҷуб мекунад, ки наход хаҷми нафақа ин қадар кам бошад. Вай изҳор дошт, ки дар Русия пенсионерон бо нафақаи худ дар баробари пардохтҳои коммуналӣ ва хароҷоти зиндагӣ метавонанд ҳатто пули иҷора ё таҳсили наберагонашонро супоранд.
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон агар нафақахурон пули хизматрасониҳои коммуналиро пардохт кунанд, боқимондаи нафақа ба сер кардани шикамашон намерасад. Ба ҳисоби миёна агар як бознишаста дар Тоҷикистон дар як сол 1333 сомонӣ нафақ гирад ва пардохти ҳаққи барқаш дар як моҳ 50 сомонӣ бошад дар як сол 600 сомониро пули барқ ташкил медиҳад. Ҳамзамон барои об дар моҳ 4 сомонӣ ва дар як сол 50 сомонӣ прдохт мекунад. Пули партов низ дар як моҳ 4 ва дар як сол 50 сомониро ташкил медиҳад. Барои тоза кардани атрофи бино моҳе 8 ва дар сол ҳудуди 100 сомонӣ пул месупорад. Дар маҷмўъ хаққи хизматрасониҳо 800 сомонӣ мешавад. Акнун тасаввур кунед, ки ин бознишаста шикамро бо чӣ сер мекунад? Зеро агар ками андар кам дар як рўз 2 нонро ба оби ҷўш тар карда хурад, дар як сол 720 сомонӣ хароҷот дорад, ки бо он 800 сомонии хизмати коммуналӣ хароҷоти як солааш ба беш аз 1500 сомонӣ мерасад. Дар ҳоле, ки дар як сол 1300 сомонӣ нафақа мегирад.
Таҳлилгари масоили иҷтимоӣ Дилшоди Абдуҷалил бар ин назар аст, ки ҳанўз нафақаи бознишастагӣ дар Тоҷикистон хеле паст аст ва барои боло бурдани он бояд кўшишҳо карда шавад. Зеро дар кишварҳои дигари пасошўравӣ ва ҳатто дар кишварҳои ҳамсоя ҳаҷми нафақа нисбат ба мо ду-се маротиба болост, дар ҳоле, ки нарху навои Тоҷикистон ба маротиб баландтар аст. Ў мегўяд, ки бознишастаи рус ё озару қазоқ бо нафақаи худ метавонад рўзгорашро пеш барад ва боз пасандоз гузорад, аммо нафақахури тоҷик ба шикам сарф кунад, либос харида наметавонад, хизматрасонии коммуналиро пардохт кунад барои нон пулаш намерасад.
Маъмулан, пардохти нафақа дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои собиқ шўравӣ аз рўи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон сурат мегирад. Моҳонаи «аз даст ба даст» ва ба ҳисобгирии пинҳонӣ шаҳрвандонро аз ҳуқуқи гирифтани нафақа дар синну соли бознишастагӣ маҳрум месозад. Аммо ба андешаи таҳлилгарон бисёре аз шаҳрвандон ба хотири маоши паст ва андози гарон аз қонунӣ ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатиашон ҳарос доранд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ зиндагиашонро пеш мебаранд ва оянда тақдири ҳамаи онҳо норўшан аст. Яъне имкони гирифтани нафақаи бознишастагиро надоранд.
Исфандиёр Халилӣ
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |