Бахшҳо
09 янв 2012 04:21Гузориш

Теъдоди аниқ ва арқоми дурусти силзадагонро дар минтақаи Кӯлоб то ҳол касе намедонад…

Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон бо ташаббуси вазорати тандурустии кишвар як беморхонаи нави замонавӣ алайҳи  бемории сил бунёд гардид. Дар маросими ифтитоҳи ин муассиса райиси вилоят Ғайбуллоҳ Афзалов, намояндагони вазорати тандурустӣ ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди сил ширкат доштанд.

Беморхонаи мазкур аз ду бинои дуошёна иборат буда, барои 70 кат пешбинӣ гардидааст. Гуфтанист, танҳо дар сохтмони он беш аз 670 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Ба қавли Мирзоалӣ Миралиев, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, дар ҳудуди беморхона солҳои наздик боз 1 корпуси дигари дуошёнадор ва бинои якошёна барои қабул ва табобати беморон сохта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, беморхонаи ҷадид бо таҷҳизоти нави муосир, дастгоҳи рентгенӣ ва дигар фанновариҳои тиббӣ аз сӯи вазорати тандурустӣ таъмин шуда, дар он на танҳо беморони ноҳия, балки дигар силзадагон аз ҳамаи навоҳии минтақа табобат хоҳанд гирифт.Барои табобати маризони сил соҳибкорон низ даст ба кори савоб мезананд. Як соҳибкори хуҷандӣ бо тасмими шахсии худаш эълом дошт, ки дар ҳудуди беморхонаи Восеъ аз ҳисоби шахсиаш як беморхонаи дигар барои гирифторони бемории сили мутобиқшуда, ки табобаташ мушкил мебошад, бунёд намояд.

 

Далелу арқоми мутафовит

Дар ҳамин ҳол, шумораи дақиқи силзадагонро дар навоҳии минтақа масъулин гуфта наметавонанд ва ё бо сабабҳои номаълум, пинҳон медоранд. Ба унвони мисол, теъдоди гирифторони ин маризӣ аз ҷониби раёсати тандурустии минтақа дигар асту маълумоти беморхонаи вилоятии мубориза алайҳи касалиҳои сил тамоман дигар. Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб бошад, дар мавриди гирифторони бемориҳои сил умуман маълумот додан намехоҳанд. Вале ҳақиқат ин аст, ки гирифторони ин беморӣ дар минтақа дар ҳолати афзоишанд. Ба гуфтаи шоҳидон,  гирифторони сил  ҳанӯз ахири солҳои 60-уми асри пор дар қисмати чанубу ғарбии ноҳияи Восеъ ба қайд гирифта шуда, дар як муддати кӯтоҳ садҳо нафар аз он сироят ёфта буданд. То охири асри гузашта, аллакай ин мараз ба кулли навоҳии минтақа сироят карда реша давонд. Садҳо нафар бо ҷурми сил ҷони худро аз даст доданд. Дигар на танҳо табобат, ки пешгирӣ аз он ҳам мушкил гашта буд. Вале бо сабабҳои номаълум, масъулини ҳам он вақта ва ҳам ин давр низ намехоҳанд дар мавриди афзоиши силкасалон маълумот диҳанд. Ҳамин буд, ки ҳазорон нафар мубтало ба сил гаштанд ва ҳоло ҳам ин ранҷро мекашанд.
Тибқи иттилои Мирзоалӣ Миралиев, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, дар 11 моҳи соли 2011-ум дар минтақа 1296 нафар  гирифторони бемории сил расман ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 126 нафар зиёд мебошад. Аз ҷумла 328 нафар дар шаҳри Кӯлоб,  325 нафар дар ноҳияи Восеъ, 184 нафар дар ноҳияи Ҳамадонӣ, 122 нафар дар Фархор, 95 нафар дар Данғара, 58 нафар дар Муминобод, 70 нафар дар Темурмалик, 54 нафар дар Ховалинг, 47 нафар дар Шурообод ва 13 нафар дар Балҷувон. Вале бояд гуфт, ки ин шумора омори дақиқи силзадагон нест. Зеро таври маълум, ҳанӯз ҳам гирифторони сил бо сабабҳои маълум, аз бемории худ ошкор кардан намехоҳанд. Аз ин хотир, ба андешаи коршиносони хориҷӣ, ин рақамро бояд ба 10 зарб зад, то ҳадди аққали беморонро дарёфт намуд. Вале, аз шумораи фавтидагони ин беморӣ дар Раёсати тандурустӣ маълумот додан нахостанд. Коршиносон мегӯянд,  шумораи гирифторони сил дар ҳамаи ҷумҳурӣ, ба хусус дар минтақаи Кӯлоб дар ҳоли афзоиш буду мондааст. Шумораи фавтидагон низ даҳҳо нафарро ташкил медиҳад. Ҳарчанд масъулин аз омори дақиқи силзадагон худдорӣ мекунанд, вале бунёди беморхонаҳои нав ва фаъол будани касалхонаҳои зиёди зиди сил далели ин гуфтаҳоанд. Аз 10 навоҳии минтақа дар 7 тоаш инчунин беморхонаҳо фаъоланд. Гузашта аз ин, ташкилотҳои байналмиллалии тандурустӣ 3 навоҳии минтақа: Восеъ, Ҳамадонӣ ва Кӯлобро мавзеъҳои, ба истилоҳ «пилотӣ» эълон намудаанд.  Яъне, вазъият дар ин навоҳӣ ташвишовар боқӣ мемонад…

Маблағ то ба маризон камтар мерасад

Бояд гуфт, ҳарчанд масъулини соҳаи тандурустии кишвар дар ин бора зиёд гуфтан нахоҳанд ҳам, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки эшон барои пешгирӣ ва табобати силзадагон чораҳои гуногун меандешанд. Чанд сол пештар Асадуллоҳ Ғуломов, собиқ муовини аввали сарвазири ҶТ барои бунёди як беморхонаи ҷадид алайҳи сил барои силзадагони минтақа дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб нақшабандиҳо дошт. Вале бо сабабҳои номаълум, сохтмони он оғоз наёфт. Мирзоалӣ Миралиев дар ин маврид гуфт: «Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мутахассисони ҷумҳурии Олмон ба мувофиқа омадаанд, ки то солҳои 2013-2014-ум дар шаҳри Кӯлоб  чунин беморхонаро бунёд намоянд».
Ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳам барои гирифторони ин беморӣ ҳар гуна кӯмак мерасонанд. Тайи ёздаҳ моҳи соли 2011-ум, ба қавли ҷаноби Миралиев, аз буҷаи ҳукуматҳои маҳаллӣ барои беморхонаҳои зидди касалиҳои сили шаҳру навоҳӣ 46 миллиону 680 ҳазору 828 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, аммо қисмати зиёди ин маблағҳо барои маоши кормандони беморхона харҷ мешаванду барои табобат ва хӯроквории беморон тақрибан маблағи ночизе боқӣ мемонад. Ба унвони мисол, ба иқрори Миралиев, дар ин муддат ба беморхонаи зидди касалиҳои сили вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб 1 миллиону 283.468 сомонӣ ҷудо гардида буд, ки беш аз 900 ҳазор сомонӣ танҳо ҳақи музди маош ва нафақаи кормандони беморхона будааст.  Барои беморон бошад, ҳамагӣ 83.500 сомонӣ барои доруворӣ ва 176 ҳазор сомонӣ барои хӯрокворӣ тасдиқ шудаасту бас.
Бо фаъол гаштани беморхонаи нави байниноҳиявии зидди касалиҳои сил дар ноҳияи Восеъ,  ба гуфтаи Миралиев, беморхонаҳои дар навоҳии Восеву Ҳамадонӣ ва Темурмалик буда, аз фаъолият бозмемонанд ва маризон аз ин навоҳӣ танҳо дар беморхонаи нав бистарӣ гашта, муолиҷа хоҳанд шуд. Ба андешаи мутахассисон, табобат дар ин беморхона дар нисбат ба беморхонаҳои ноҳиявӣ хубтар ба роҳ монда шудаву ҳам муфидтар будааст.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)