Бахшҳо
06 янв 2012 05:22Сиёсат

Як қазоқ маоши ҳафт тоҷикро мегирад

Маоши миёна дар Қазоқистон нисбат ба маоши миёнаи аҳолии Тоҷикистон 7 баробар зиёд аст.

Чунин маълумот дар сайти Mojazarplata.kz дарҷ ёфтааст. Ба иттилои ин манбаъ соли 2011 маоши миёна дар Қазоқистон ба 600 доллар баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон аз 100 доллар пойинтар аст.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ маоши миёнаи аҳолии Қазоқистон аз ҳама баланд ҳисобида мешавад. Аммо маоши миёнаи аҳолии Русия дар як моҳ 805 доллари амрикоиро ташкил медодааст, ки аз маоши миёнаи аҳолии Қазоқистон 35 дар сад зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки аз ҳама пасттарин маоши миёна дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам ба аҳолии Тоҷикистон рост меояд. Масалан, дар Озарбойҷон маоши миёнаи аҳолӣ дар моҳ 440 доллар аст ва дар ӯзбакистон ин нишондиҳанда 326 доллар баробар мебошад. Дар Қирғизистон бошад маоши миёнаи ахолӣ ба 210 доллар мерасад, ки ин беш аз як маротиба нисбат ба маоши миёнаи аҳолии Тоҷикистон зиёдтар аст.
Аз рӯи як назарсанҷие, ки созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар нимсолаи соли 2011 дар байни 3 ҳазор сокини Душанбе гузаронидааст, чунин натиҷа ба даст омадааст, ки 51 фоизи аҳолӣ иҷоранишинанд ё ин ки хонаи шахсӣ надоранд, танҳо 10 фоиз компютер доранд. Намояндаи ин созмон Таҳмина Маҷидова иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон даромади 46,7 %-и аҳолӣ дар як моҳ 43 долларро ташкил медиҳад, ки инҳо камбизоат ҳисобида мешаванд. Дар байни 3 ҳазор сокини Душанбе даромади миёнаи нафарони аз 20 то 56 сола дар як моҳ аз 200 то 1500 долларро ташкил медиҳад, ки аз ин 70 %-аш ба хӯрок сарф мешавад. Даҳ фоизи даромади онҳо барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ сарф мешавад ва танҳо 1 % ба "рӯзи мабодо" ҷудо карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон эълон медорад, ки давлати иҷтимоием ва 50 дар сади маблағи буҷет ба соҳаи иҷтимоӣ сарф мегардад. Вале бо ин ҳама аз рӯи таҳлилҳо бармеояд, ки на танҳо аҳолии ниёзманд, балки дигар кормандони қаторӣ ҳам дар Тоҷикистон чандон вазъи хубе надоранд. Собиқ вазири иқтисод, Давлати Усмон бар ин назар аст, ки баъд аз касби истиқлол ҳолати иҷтимоии аксарияти шаҳрвандон хусусияти манфиро касб кардааст. Расман дар бештари маворид ҳуқуқи истифода аз гирифтани ёрии тиббии ройгон ва ё омӯзиши маълумоти миёнаи мактабӣ гӯё вуҷуд дорад, аммо дар асл он бе пардохти маблағи муайян ба тариқи ришва ва ё ба сурати бахшиш амалӣ намешавад. Яъне сохти иҷтимоӣ иваз шуд, вале дар баробари ин механизми зарурӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон дуруст ба ро? монда нашуд. Дар ҷомеаҳои сармоядории пешрафта дар баробари қавонини иҷтимоии давлатӣ боз даҳҳо ташкилоти ғайридавлатии фаъол аз ҳуқуқи шаҳрвандон ҳимоя менамоянд, вале дар Тоҷикистон вазъи соҳаи иҷтимоӣ нигаронкунанда аст ва нафақахӯрон аз боло бурдани синну соли нафақабароӣ нороҳатанд.
На танҳо моҳонаи аҳолии ниёзманд, балки маоши олимону кормандони соҳаи буҷетӣ низ дар қиёс бо дигар кишварҳо хеле паст аст. Масалан, дар Озарбойҷон маоши миёнаи духтурон 220 доллар аст. Дар Белоруссия духтурон 246 доллар ба ҳисоби миёна маош мегиранд ва дар Русия 502 доллар. Дар Испания маоши миёнаи духтур 1730 доллар аст. Вале дар Тоҷикистон маоши расмии кормандони соҳаи тиб хеле паст аст. Тибқи маълумотҳо маоши духтурон дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳудуди 300 сомониро ташкил медиҳад. Аммо дар Афғонистони ҷангзада як табиб дар як моҳ 400 доллар маош мегирад.
Дар Русия ҳукумат барои намояндагони илм имтиёзҳои зиёде додаст. Аз ҷумла, ахиран ганорари академикҳоро аз 20 ҳазор ба 50 ҳазор рубли русӣ боло бурд, ки наздик ба ду ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барои академикҳои ҷавоне, ки хона надоранд, Академияи илмҳои Русия то 1,5-2 ҳазор хонаҳои арзонро ба иҷора дода, баъди 5 соли фаъолият бо арзиши аслӣ ба онҳо мефурӯшад. Аммо дар Тоҷикистон хона додан як сӯ истад, академики шинохта Муҳаммадҷон Шакурӣ борҳо барои иваз кардани хонааш, ки дар ошёнаи якум ва намзада буда, ба хонае дар ошёнаи дуввум муроҷиат кард, аммо гӯши муроҷиатшунав пайдо нагашт, ки билохира барои гузаронидани зимистон ба хонаи писараш ба хориҷ сафар намуд.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо яке аз собиқ кормандони академияи илмҳо вохӯрдам, ки кайҳо тарки касб карда, ба заргарӣ машғул аст. ӯ гуфт, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ аз кор рафт ва пас аз чанд сол дубора даъват шуд, аммо аз сабаби маоши ночиз кор кардан нахост ва ба заргарӣ машғул гашт.
Дар 20 соли охир мутобиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ бо рост омадани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 750 доллар бар сари ҳар нафар аз фақиртарини онҳо дониста шудааст. Эстония бо 19 ҳазору 100 доллар бар сари аҳолӣ аз ҳама муваффақтарин кишвари собиқ шӯравӣ шуморида шудааст. Мувофи?и омори охирин ҳаҷми ММД бар сари аҳолӣ дар Қирғизистон ба 1950 доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст.

Исфандиёр ХАЛИЛӢ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)