Чун куштор ба ҳар навъе, ки бошад ҷиноят аст.
Тобиши динию мазҳабӣ додани ҳодисаи қатли "Бобои барфӣ" ба нафъи мардум ва ҷомеаи Тоҷикистон нест ва хилофи манфиатҳои миллии мост…
Маврид ба таъкид аст, ки қатли Парвиз Давлатбеков дар шаби Соли Нав як ҳодисаи мудҳишу асафбор аст ва даргузашти ӯро барои наздикону пайвандонаш тасаллият арз мекунем. Чун куштор ба ҳар навъе, ки бошад ҷиноят аст ва хилоф бар ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва арзишҳои башарӣ будаву ҳаст!
Ростӣ, ки аз ин ҳодисаи нангину хушунатбор тариқи расонаҳои хориҷӣ хабардор шудам. Дар сомонаи радиои "Озодӣ" ба ин ҳодиса тобишӣ диниву мазҳабӣ надода буданд. Аммо шаб вақте мурур ба хабаргузориҳои русиву узбакӣ кардам, эҳсос намудам, ки ба ин қазия тобиши исломӣ додаанд ва онро як ҳодисае рухдода бар пайи изҳороти муфтии Тоҷикистон, ки гуфта буд, ки "Соли Нав барои мусулмонон бегона аст", медонанд. Ҳазорон бародарони тоҷик дар гӯшаҳои баҳсии ин сомонаҳо ба ҳақорату ҳамоқати якдигар пардохтаанд ва дар зери тавтеъагариҳои сомонаҳои хадамоти ҷосусии русҳову узбакҳо якдигарро саркӯб мекарданду ҳамчунон саркӯб мекунанд. Албатта, асли ҳодисаро надониста, ки чӣ будаву чӣ шуда.
Чунин ранг гирифтани ҳодиса, яқинан бар нафъи мардуми Тоҷикистон нест. Ва банда ҳам водор шудам, ки пайи дарёфти асли ҳодиса ба чанд ҷое занг занам ва бо чанд касе сӯҳбат кунам. Бо пайвандону наздикони Парвизи равоншод ва шоҳидони айнӣ низ сӯҳбат кардам.Онҳо гуфтанд, ки замони рух додани ҳодиса суханҳое аз қабили "ту кофирӣ" набуд ва садо надодааст. Баъдтар Би-Би-Си ҳам дар пайравӣ ба сомонаҳои русиву узбакӣ ба ҳодиса тобиши исломӣ дод. Бо як хонуми коргари Би-Би-Си вориди баҳс шудем. Мегуфт, ки "ман аз наздикони мақтулам ва шоҳидон мегӯянд, ки нафарони ҳамлакарда ва қотил ба Парвиз гуфтаанд, ки ин кофир аст ва моро ба иди кофирон табрик мегӯяд". Ҳарчанд гуфтам, ки хонум онҳо маст будаанд ва кадом одами маст метавонад, ки як фанатик бошад? Аммо қабул накард.
Аммо ба назари ман рух додани ин ҳодиса як амри тасодуф аст. Гап сари он меравад, ки шаби Соли Нав мо ҳам ба берун рафта будем ва зиёд "Бобоҳои барфӣ" дар хиёбонҳои Душанбе гаштугузор доштанд, ки касе онҳоро "кофиру маҷус" намедонист.
Гузашта аз ин қотилони Парвиз маст будаанд. Оё як нафари маст метавонад ба истилоҳ фанатик бошад? Чун шаробхорӣ дар ислом хеле гуноҳи бузург хонда шудааст. Оё нафароне, ки аз нигоҳи эътиқод ва арзиши исломӣ дар амали худашон мухолифат дида мешавад, қодиранд, ки барои ҳимояи ҷавҳари эътиқодияшон даст ба куштор бизананд? Не! Пас ҷустори омили исломӣ шудан дар ҳодисаи мазкур ва тавтеъагарӣ дар баробари он кори дасти расонаҳои хабариест, ки мансуб ба хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷиянд. Як бор ба сомонаҳои русӣ ва узбакӣ сар бизанед, ки чӣ тавтеъагарие кардаанд. Онҳо мехоҳанд аз носозгорие, ки ахиран дар фазои динии кишвар ба вуҷуд омадааст истифода кунанду вазъиятро вахим вонамуд кунанд ва суботро дар Тоҷикистон барҳам бизананд. Сареҳан мегӯем, ки тобиши динӣ додани ҳодиса ва ҷустори омили исломӣ шудан бар нафъи мардум ва ҷомеаи Тоҷикистон нест ва хилофи манфиатҳои миллии мост.
Изҳороти вазири корҳои дохилӣ ва вазораташ, ки қатли Парвиз Давлатбеков тобиши мазҳабӣ надорад, гуфтаҳои моро таъйид мекунанд. Гап сари он меравад, ки ба як ходисаи тасодуф часпондани омили диниву исломӣ, ки дар асл набуд, барои амнияту суботи ҷомеаи мо хатарзост.
Аммо агар ин ҳодиса бар пайи таассуб сар зада бошад, ҳол он ки чунин нест, мо ҳам онро шадидан маҳкум мекунем ва тарафдори ҳеч кадом фанатизм, аз ҷумла фанатизми исломӣ намебошем. Баъзе аз бародарони дигар ва коршиносони динӣ ҳам дар расонаҳо ин ҳодисаро нодуруст ба баррасӣ гирифтанд. То ҳатто ҷустори ихтилоф байни ҳанафимазҳабон ва исмоилиҳо шуданд. Ҳарчанд, ки аз оқибати ин амал ҳадси хатар задаанд, аммо ба ин марзҳо кашидани баҳс мантиқӣ набуду нест.
Бубинед, шахсият ва ҳуввияти ҳамлаварон ва қотилон мушаххас шуд. Маълум шуд, ки шаробхор ва маст будаанд, кадом пайванде ба хонаводаҳои мазҳабӣ надоранд. Пас тавтеъа кардани ҳодиса ва ҷустори омили исломӣ шудан дар он мантиқӣ нест. Мо бояд манфиатҳои миллии худро бишиносем ва алайҳи онҳо кор нагирем. Сару садои зиёди бародарони мо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва рехтани селаи дашномҳо ба сари муллову муфтиҳо аз як сӯ буд, ки нашрияи маъруфи "Зе Гордиан" менависад, ки "хусуияти динӣ доштани ҳодисаро полиси Тоҷикистон таъйид кард". Фикр мекунам қотилон аз як тӯдаи бетарбияту бефарҳанге беш набуданд. Пас лозим аст, ки бар ин асос натиҷагириву хулосабарорӣ шавад.
Иршод СУЛАЙМОНӢ
Мӯҳр