Бахшҳо
05 янв 2012 11:20Гузориш

МегаФон: Рӯ ба рушд

Соли 2011 теъдоди муштариёни ин ширкати мобилӣ ду маротиба зиёд шу-да, доираи фарогири иртиботи МегаФон то Мурғобу Роштқалъа расид…

Тӯли соли 2011 шумораи муштариёни шабакаи мобилии «МегаФон» ду баробар афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии ин ширкат, дар ҳоли ҳозир алоқаи босифат ва боэътимоди «МегаФон»-ро барои мардуми Тоҷикистон беш аз 900 стансияҳои 2G ва 3G воқеъ дар тамоми қаламрави кишвар таъмин мекунанд, ки 250-тои ин стансияҳо дар соли 2011 сохта шудааст. Ин шумора нисбат ба соли 2010  25% бештар мебошад. Ҳатто иртибот дар минтақаҳои дурдасттарини кишвар - Мурғоб, Роштқалъа ва ғайра низ имконпазир гашт. Сармоягузорӣ дар рушди шабака, ҳамчунин дар иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2011 беш аз 40 млн. долларро ташкил дод.
Дар соли 2011 ширкати «МегаФон» рушди шабаки насли сеюмро идома дод, ки яке аз омилҳои муҳим дар ҳалли вазифаҳои стратегии таъмини мардуми Тоҷикистон барои дастрасӣ ба Интернет мебошад. «МегаФон» нахустин ширкате мебошад, ки моҳи феврали соли ҷорӣ технологияи LTE-ро дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаронд, ки ин навъи технология интиқоли иттилоотро дар суръати беш аз 100 Мбит/сония фароҳам меорад.

Иқдоми «МегаФон»: Модем бо 1 сомонӣ

Барои он ки хизматрасонии Интернети мобилӣ маҷмӯи зиёди мардумро фаро бигирад, «МегаФон» барои муштариёни худ иқдоми муфидеро пешниҳод кард. Аксияи «Интернети бемеъёр ва модем танҳо ба маблағи 1 сомонӣ» имкон медиҳад, то ҳар хоҳишманде ба Интернет дастрасӣ пайдо кунад.
Дар натиҷаи рушди босуръати Интернет ва шаклгирии низоми тарофаи муносиб, муштариёни «МегаФон» дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 чор маротиб бештар аз меъёр маводди лозимиашонро  гирифтаанд. Мутобиқ ба натиҷаҳои пурсиши Маркзи тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало» оид ба «Тадқиқоти бозори Интернети ҶТ дар соли 2011» «МегаФон» аз пешсафони Интернети мобилӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар тӯли соли 2011 ширкати мазкур дар ташкили тарофаҳои дастрас барои истифодабарандагони алоқаи роумингӣ низ як қатор корҳоро анҷом додааст. Барои аксари мардуми Тоҷикистон гуфтугӯ бо дӯстону наздиконашон дар Русия хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, МегаФон як қатор иқдомоти арзишмандро пеш гирифт ва нархҳоро дар шабакаи роуминг 10 баробар арзон кард, ки ин иқдом ба муштариён имкон дод, то дар роуминг бо тарофаҳои дохили ватанӣ сӯҳбат кунанд. Ғайр аз ин муштариёни «МегаФон» – шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба осонӣ ва ба таврӣ фаврӣ суратҳисоби телефонии худро дар Руссия пур кунанд ва худро  бо опрератори алоқаи боэътимод диллпур эҳсос намоянд. Ҳамин хизматрасонӣ – пур кардани суратҳисоби телефон барои муштариёни ширакти мазкур дар Руссия, ки ба Тоҷикистон меоянд, низ дастрас аст.
Яке аз дастовардҳои дигари ширкат дар соли 2011 боло бурдани сифати хизматрасонии муштариён ва афзоиши шабакаи чаканаи операторҳо мебошад. Шумораи офисҳои «МегаФон» дар тамоми кишвар 5 маротиба зиёд шудааст. Маҷмӯан, дар Тоҷикистон 50 офиси фурӯш ва хизматрасонии «МегаФон» ифтитоҳ шудааст. Дар назар аст, ки дар миёнаҳои соли 2012 шабакаи чаканаи операторҳои «МегаФон» беш аз 90 офисро дар саросари кишвар дар бар бигирад. Яъне алоқаи боэътимоди оператор бо муштариён боз ҳам наздиктар мешавад.
Умуман, дар тӯли соли 2011 муштариёни ширкат ду баробар зиёд шудааст, яъне мардуми Тоҷикистон беш аз пеш алоқаи боэътимоди «МегаФон»-ро интихоб мекунанд.

Дар бораи ширкат

Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «TT мобайл» фаъолияташро 3 сентябри соли 2001 оғоз кардааст ва баъд аз як моҳ, 5 октябр ширкат хизматрасониҳои алоқаи мобилии стандарти GSM-ро дар диапазони 900/1800 МГц ва 3G (UMTS) оғоз кард.
МегаФон Тоҷикистон – муассисаи муштараки Русия-Тоҷикистон мебошад, ки бо ибтикор ва ҳамоҳангсозии фаъоли Ҳукумат ва Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст. Саҳҳомони ширкати оператори миллӣ – ҶСШК «Тоҷиктелеком» ва Нахустин оператори алоқаи мобилии умумируссиягӣ ОАО «МегаФон» мебошанд.
Дар айни замон Ширкат хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар стандарти GSM 900/1800, 3G-UMTS ва 3,5G HSDPA-ро ба муштариён пешниҳод намуда, дорои литсензия барои пешниҳоди хизматрасонии хадамоти телематикӣ ва таҳвили маълумот (аз ҷумла IP-телефония) мебошад.
Хусусиятҳои фарқкунанда ва устувории Ширкат – соҳиб шудан ба сатҳи баланди Стандарти алоқа, имконияти васеъи хизматрасониҳои иловагӣ, касбият, эътимоднокии шабака, ҳамчунин масъулияти баланд ва ғамхорӣ нисбати ҳар як муштарӣ ва манфиатҳои ӯ мебошад.
«МегаФон Тоҷикистон» – оянда аз ту вобаста аст!

Мавзуна Абдуллоева

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)