Бахшҳо
05 янв 2012 10:24Дидгоҳи хос

Баҳона

Мамнуъ кардан роҳи дурусти расидан ба ҳадаф нест.

Аз замонае, ки худамро мешиносам, дар хонаводаи мо ҳамеша чаҳор ид ва як ҷашнро таҷлил ва ба ин муносибат ҳамдигарро табрик мекарданду мекунанд. Се ид, яъне Иди Фитру Қурбон ва Мавлуди паёмбар (с)ро ҳамчун мусалмон ва Наврӯзро ҳамчуни Иди миллӣ ва соли навро ба сифати иваз шудани тақвим.
Ва дар таи беш аз чор даҳа замоне, ки худро мешиносам, борҳо аз талошҳое барои таҷлил нагирифтани ин ё он Ид шоҳид будаам. Яке ба ислом душманӣ меварзиду дигаре ба гузаштаҳои миллати мо. Ҳоло ба рӯзе ҳам расидем, ки таҷлили Соли навро накуҳиш мекунанд. Ва ин накуҳишгар як шахси маъмулӣ не, балки муфтии кишвар Саидмукаррам Абдуқодирзода аст. Албатта дар пасманзари сару садое, ки пас аз баёнияи ҷаноби Абдуқодирзода алайҳи Тӯраҷонзодаҳо дар ҷомеа падид омаду вокуниши гуногунро боис гардид, шояд ин изҳори назар ба қавле ҳисобшуда ва сари вақтӣ низ арзёбӣ гардад. Охир хелеҳо буданд, ки аз якҷониба будани ин баёния гуфтанду изҳор доштанд, ки чаро ба масеҳӣ шудани садҳо нафар мусалмон ҷаноби муфтӣ вокуниш нишон надодаву аз ёдкарди рӯзи шаҳодати набераи паёмбари гиромии ислом Имом Ҳусейн ин қадар нороҳат шудаанд? Чаро дар робита ба таҷлили соли нав, ки ҷашне нашъатгирифта аз кеши масеҳист, ҳеч ҳарфе намегӯяд? Қисса кутоҳ заминае ингуна барои ибрози назари муфтӣ падид омада буд ва шояд он ҷаноб ҳам аз ин замина истифода карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи бархе иттилоот ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати маориф, барои таҷлили Соли нав дастури шифоҳиву катбӣ додаанд ва ин рӯз дар кишвар дар тақвим расман таътил эълон шудааст.
Албатта ин ҳама кори сиёсату сиёсатмадорон аст ва мисли ман одамони хокӣ шояд ба дарки умқи ин масъала намерасанд. Вале барои мо муҳим он аст, ки ҷашнҳое ингуна як баҳонае барои ҳадди ақал рӯзе шод будан ва лаҳзае чанд худро хушбахт тасаввур кардан мебошад. Зеро мо он қадар зиндагии саршор аз мушкилоту норасоӣ дорем, ки намедонем бигӯем зиндагӣ мекунем ё вуҷуд дорем. Мо, сокинони кишваре ҳастем, ки бештарин манбаи оби минтақа аз ватанамон сарчашма мегирад, аммо камтарин баҳраро аз он мебардорем. Мо дар асри 21 бо мушкили норасоии барқ рӯ ба рӯ ҳастем. Дар хонаҳои баландошёнаи шаҳрҳои мо оби гарм солҳост, ки нест. Дар ягона роҳи иртиботии пойтахт ва ҷануби кишвар бо қисмати шимоли он дукончаҳои пулчинак бунёд кардаанду барои гузар бояд боҷ бисупорӣ. Садҳо ҳазор фарзандони ин марзу бум дар диёри ғурбат азият мекашанду дар бадтарин шароит ба сар мебаранд. Эҳсоси худкамбинӣ ва руҳияи ғуломӣ дар ҳоли фарогир шудан асту ину он аз дастовардҳо дар ростои истиқлол ҷор мезананд. Албатта ҳама баҳона пеш меоранд ва барои тавҷеҳи норасоиҳову мушкилот ҳатман баҳона доранд. Ин муҳим нест, ки тарафи дигар, ки барои тавҷеҳи гуфтаҳояш баҳонаҳои дигар дорад, ба баҳонаи онҳо бовар мекунад ё не. Муҳим тавҷеҳи худашону корҳояшон будаву ҳаст.
Баргардем ба мавзӯи таҷлили Соли нав. Ин рӯз ҳатто беҳтарин баҳонаест барои шод будани мардуми рустои кишвар, зеро ширкати "Барқи тоҷик" ба қавле "лутф" мекунаду дар интиқоли барқ реҷаро ба ҳадди ақал мерасонад, яъне чанд соат бештар барқ медиҳад.
Вақте аз ибрози назари муфтии кишвар перомуни ҷашн нагирифтани Соли нав, ки ҳамчун солгарди мавлуди паёмбари Худо ҳазрати Исои Масеҳ ёд мешавад, сӯҳбат мекардем, яке аз дӯстон эътироз кард, ки чаро солрӯзи Мавлуди хатми анбиё, паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) расман таҷлил намешавад. Далеле, ки як дӯст ироа кард, ҳарчанд сатҳӣ, аммо мантиқӣ ба назар расид. ӯ мегуфт; таҷлили Соли нав баҳонаест барои онҳое, ки тамоил ба нӯшидани машрубот доранд ва ба назар мерасад ин амр дар байни мансабдорон ва онҳое, ки дар тасмимгириҳо таъсиргузор ҳастанд, бештар роиҷ аст. Аммо дар мавлуди паёмбари ислом баҳонае барои нӯшидани машруб нест.
Як хабари нохуше, ки дар асл боиси рӯи коғаз овардани ин навишта шуд, мавриди зарбу лат қарор гирифтану фавтидани як шаҳрванди кишвар буд, ки дар тан либоси "Бобои барфӣ" доштааст. Шояд чунин либос ба тан доштани ин марҳум баҳонае барои задухӯрд шуда ва шояд эҳсоси мухолифат ба таҷлили Соли нав баҳона буд. Намедонам, вале хеле нороҳат шудам, зеро дар чунин як рӯз, он тавр ки дар боло зикр шуд, ки баҳонае барои шод будани инсонҳои хокие мисли ман аст, инсонеро ба қатл расондаанд.
Ҳоло дар хотима арзе дорам ва рӯи суханам ба онҳоест, ки дар ин ё он маврид имкони тасмим гирифтан ва қарор қабул кардан доранд. Аввал шароите ба вуҷуд биоваред, ки мардуми оддӣ ва мисли ман хокӣ ба дунболи баҳона барои шоду хушбахт будан дар фикри таҷлили ин ё он ҷашн набошанд. Мутмаин бошед, агар мардум зиндагии дар ҳоли рифоҳ дошта бошанд, пас худ аз худ баҳона барои шод будан аз таҷлили ин гуна ҷашнҳо аз байн меравад. Мамнуъ кардан роҳи дурусти расидан ба ҳадаф нест. Он идҳое, ки бо маънавият пайванд доранд, бидуни ҳеч баҳонаи моддӣ таҷлил шудаву хоҳад шуд. Фақр аввалин зинаи куфр гуфтаанд. Дар ростои аз шонаҳои мардум гирифтани ин бори сангини фақр бошед, худи мардум метавонад харҷу масрафашро танзим кунад ва кадом рӯзу идро ҷашн гирифтанро низ беҳтар медонад.

Зафари СӮФӢ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)