Ширкати мобилии «Tcell », ки қаблан бо номи «Indigo-Tjk» ёд мешуд, ҳамаро «қоил» кард. Аку «қоил» накарда бошад ҳам, кулли муштариёнашро бо як нӯл зад. Тасаввур мекунед, ки «ҳаводорон»-и ин ширкат дар саросари Тоҷикистон наздик ба 2 миллион нафаранд, ҳарчанд ин омори расмӣ нест. Масъулини ин Гиганткорхона бошанд, иддао доранд, ки: «Мо беш аз 2 миллионем», «Бо мо наздикиро эҳсос мекунед»…. Хайр, чӣ агар 2 миллион ҳамватани мо дар муҳоҷират бошанду дарди ҳиҷрону фироқ кашанд, 2 миллион муштарии «акаи Tcell» кайфу сафо карда шинанд, хуб аст? Не! Намешавад, бояд муштариёни «Tcell» ҳам кам-кам азоб кашанд, фиреб хуранд ва таҳқир шаванд, не? Чаро не: Агар ҳа ва ҳам агар не, биёед, бо ҳам бубинем, ки чӣ буду чӣ шуд.
«Чунин иқдомро тамоми кишвар дар ёд надорад». Маҳз ана ҳамин тавр шурӯъ мешуд, ҳамҳамаву дамдамаи PR-рекломи навбатии аксияи «Лови удачу 2011», ки аз сӯи ширкати «Tcell» ҳанӯз 25-уми октябри соли равон оғоз гардида буд. Ин ширкат аз тамоми васоити иттилоъ истифода карда ҳамвора мегуфт, ки бо «Tcell» орзуҳо амалӣ мегарданд! Иштирок намоед ва 6 адад автомобилҳои «KIA Sportage» бурд намоед. Барои иштирок намудан дар аксия, Шумо бояд ба рақами 777 занг занед ва ё паёмак ( SMS – паём) фиристед, баъд аз чанд дақиқа таввасути паёмак шумо лотореяро бо рақами тартибии худ мегиред. Арзиши як адад SMS - паём ё занг ба рақами кўтоҳи 777 - ҳамагӣ 1 сомонӣ бо ҳисоби ҳамаи андозҳо таъин карда шудааст! Хамчунин, 10 нафар иштирокчиёни фаъолро планшетҳои «Apple iPad 3G интизоранд. Боз ҳам илова мешуд, ки ҳар чӣ зиёдтар ба рақами 777 SMS - паём фиристед ва ё занг занед, ҳамон қадар зиёдтар имконият доред, ки яке аз автомобилҳоро бурд намоед.
Маврид ба тазаккур аст, ки аксия барои муштариёни «Tcell», ки рақами телефонашон бо рамзи 92 ва 93 сар мешавад, роҳандозӣ гардида буд. Ин чорабинӣ ё худ «пиари сердаромад» аз 25 октябр то 27 декабри соли 2011 давом дошт.
Кӣ гунаҳкор: «Tcell» ё радиои «Ховар»?
Ҷавоб хеле содда аст, боз ҳам муштарӣ, ки ин ширкатро барои хидматрасонӣ пазируфта, ба ҳамёни бетаги он маблағ мерезад. Ҳоло ки сарфаҳм нарафтаед, таваҷҷӯҳ: Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки бозии мукофотии аксияи «Лови удачу» 3 адад кроссовер барои муштариёне, ки рақами телефонашон бо рамзи 93 сар мешавад, санаи 29 декабр соати 15:00 дар пахши мустақим радио «Ховар» (101.5FM) баргузор мегардад.Ҳамзамон, барои муштариёне, ки рақами телефонашон бо рамзи 92 сар мешавад, санаи 29 декабр соати 15:00 дар ш. Хуҷанд, назди арчаи солинавии хиёбони К. Хуҷанди ба воситаи пахши мустақими «ТВ Суғд» баргузор мегардад.
Банда ҳам, ки 7 сол боз муштарии «Indigo», эъ, мебахшед, «Tcell» ҳастам, табиист, ки дар бозӣ ширкат карданӣ будам, аниқтараш барои санҷиш (проба) ширкат кардам. 78 паёмак унвонии 777 ирсол карда, ба сари 78 сомонии бо хуни қалам ёфтаам оби хунук рехтам. Фикр накунед, ки дилам барои 78 сомониям сӯхт, не! Ҳоли 2 миллион муштарии «фиребхӯрда» пеши назарам омад, ки яке аз онҳо манам.
Хуллас, расо соати 15-00-и рӯзи 29-уми декабр, гӯшии радиоро ба мавҷи радиои «Ховар» тупа-туғрӣ карда, натиҷаи эълони аксия ва иқболдоронро интизор шудам. 20 дақиқа гузашт, ним соат пушти сар шуд, аз радио фақат садои мусиқӣ бо овози Давлатманди Хол, Ҷӯрабеки Мурод, Меҳрнигори Рустам ва ғайраҳо меомад, аммо аз «Лови удачу» ва аксияи «Tcell» дарак набуд. Шояд мушкили фаннӣ асту баъдтар сар мекунанд, аммо чӣ мегӯед, ки баъдтар ҳам чизе нагуфтанд. Тоқатам тоқ шуду ба «колл-сентр» ё худ маркази хизматрасонӣ ва сервиси ширкат тамос гирифтам, пас аз 14 дақиқаи интизорӣ бо як оператор, ки баъдтар исмаш бароям рӯшан шуд, тамос гирифтам. Вақте ки аз ӯ (Ғайрат ба гуфташ) суол кардам, ки чаро дар радиои «Ховар» дар бораи аксия чизе намегӯянд, дар ҳоле ки қаблан ваъда шуда буд ва дар сомонаи расмии «Tcell» ҳам иттилоъ пахш карда буданд. Ғайрат-оператор ғайрат карда гуфт, ки нашуд-да, аку ба Кохи Ваҳдат наздик шавед. Барояш фаҳмонидам, ки ман дар корхонааму наметавонам коргоҳро тарк кунам. «Чӣ магар ягон ҷоят кам мешавад?»,- гуфта гӯширо гузошт… Дигар то соати 18-00 на аз аксия дарак буду на аз «Лови удачу»
Беэҳтиромӣ
Имрӯз (30-юми) декабр хабаргузории «Озодагон» ба ширкати «Tcell» дар тамос шуда, ғолибони бозии мукофотии аксияи «Лови удачу»-ро фаҳмидан хост. Аммо боз ҳам дар «Tcell»-и калон гуфтанд, ки: «Мо тариқи телефон хабар дода наметавонем, ба воситаи пуштаи электронӣ натиҷаи озумунро ба шумо равон мекунем».
Рӯз ҳам ба поён расид, аммо паёми «Tcell» аз Вефа-Сентр то «Озодагон» нарасид. Ё шояд омаду дар роҳ ӯро «вирус» хӯрд?
Ҳадди аққал «Tcell» аз муштариёни миллионнафарааш, ки ба ин ширкат ҳудуди 800 ҳазор паёмак (SMS) ба манзури иштирок дар аксия ирсол карда буданд ва пахши мустақими натиҷаи онро ширкат таъмин накард, узр напурсид. Ҳатто сабаби онро ҳам шарҳ надод. Маълум гашт, ки «Tcell» 2 миллион одамро эҳтиром намекардааст… Ё не? Ҳа!
Хилватшоҳи Маҳмуд
PS: Суоли боз ин аст, ки чаро ва барои чӣ пахши мустақими аксияи «Лови удачу» тариқи радиои «Ховар» таъмин нагардид ва масъули ин бемасъулиятӣ кист? Ширкат ва ё иҷрочӣ?
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |