"Big Apple Awards" 3 декабри соли 2011 баргузор шуд ва Фарзонаи Хуршед ба ҳайси меҳмон дар он ширкат намуд. Аммо апааш Шабнами Сурайё имсол ҳам ба монанди як соли пеш ҷоизадори озмун буд. Шабнам имсол "Беҳтарин овозхони зан аз Осиёи Марказӣ" эътироф гардид. Аммо Шабнаму Фарзона танҳо хонандаҳои тоҷик набуданд, ки ба "Big Apple Awards" даъват шуданд. Ҷӯрабек Муродов ва фарзанди ӯ Ҷонибек Муродов ҳам аз ҷашнвораи мазкур дасти холӣ барнагаштанд. Аввалӣ "Чеҳраи мондагор" ва дуюмӣ "Беҳтарин овозхони мард аз Осиёи Марказӣ" шинохта шуданд.
Акнун баргардем назди Фарзонаи Хуршед, ки замоне ҳамчун "маҳбуси ишқ" маъруф гардид. Ин унвон замоне ба исми ӯ ҳалқа шуд, ки додгоҳ Фарзонаи Хуршедро барои мусоидат ба фирори дӯстписараш Фаррух аз толори додгоҳ муттаҳам шинохта, барои ду сол аз озодӣ маҳрум кард. Фарзонаи Хуршед баъди бештар аз як соли гушанишини зиндони занонаи Норак будан, моҳи август тибқи қонуни афв раҳо шуд. Вақте аз дарвозаи маҳбас берун шуд, гуфт, нахуст мехоҳад ба дидори модараш-Сурайё Қосимова бирасад ва аз ӯ узр бихоҳад. Воқеан, замоне ки Фарзона озод гардид, Сурайё дар бистарӣ беморӣ буд. Дар сӯҳбатҳои қаблӣ низ ба хабарнигорон Сурайё мегуфт, ғами Фарзона ӯро мариз кардааст.
Фарзонаи Хуршед гуфт, ки дар маҳбас ҳарчанд тарона насуруд, аммо ба эҷоди шеър машғул буд ва ваъда кард дар наздиктарин фурсат дигарбора ба саҳна бармегардад.
Баъди раҳоӣ дар саҳнаҳои Тоҷикистон ӯро касе надид, ҳарчанд ду таронаи тозаи ӯ дар феҳрасти сершунавандатарин сурудҳои нуктаҳои дискфурушӣ қарор дошт. Яке аз ин сурудҳо копишуда аз эронист, ки "Хаста шудам" ном дорад. Таронаи дуюм "Ба ҷонам ҷафо кардӣ" ва суруди сеюм "Баро-баро" аст.
Тули чор моҳ, ки Фарзона дар озодист, дар ҳеч барномаи консертӣ ширкат накард. Дар консертҳое ҳам, ки ба хотири ҷашни Соли нави мелодӣ дар толорҳои хурду бузурги шаҳри Душанбе зиёд таблиғ мешавад, дар феҳрасти дуру дарози сарояндаҳо номи Фарзонаи Хуршедро намебинем. Таҳлилгарон мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд Фарзонаи Хуршед, аз соли нави 2012 ба саҳна хоҳад баргашт. Шояд ӯ мехоҳад, ин солро, ки ба димоғаш буи зиндон ва дуриву ҷудоиро меоварад, поён бубарад ва аз соли нав бо руҳи болидаву табъи чоқ рӯ ба рӯи ҳаводоронаш биёяд.
Фарзонаи Хуршед 22 сол дорад ва мисли апааш Шабнами Сурайё миёни ҷавонон маҳбубияти хосае касб кардааст. Таронаҳои "Модар", "Ҷураҷон хона биё", "Эй ошиқон", "Ёракам омад" аз сурудҳои сершунавандаи ӯ маҳсуб мешавад. Дар ин миён чанд таронаи хонандаҳои эронзабон бо шумули хонум Гугуш "Оҳуи ишқ" ва Комрону Ҳумон "Маро бубахш"-ро низ бозхонӣ кардааст, ки ба обруяш афзуд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |