Бахшҳо
29 дек 2011 08:02Сиёсат

Талошҳои Зуҳуров парлумонро ба халқ наздик накард

Фаъолияти парлумони Тоҷикистон дар соли 2011 муассир набуда, ин навбат низ вакилони мардумӣ танҳо ба тасдиқи қонунҳои ироа кардаи раисҷумҳур ва ҳукумат машғул буданд.

Таҳлилгарон нигарон аз онанд, ки давоми як соли охир вакилони парлумон сарфи назар аз садобаландкуниҳои чанд намояндаи аҳзоби мухолиф натавонистанд ба мушкилоти мардум расидагӣ намоянд. Бояд тазаккур дод, ки шеваи фаъолияти парлумон ва "бетаваҷҷӯҳии онҳо" нисбат ба мушкилоти мардум на як бору ду бор аз ҷониби коршиносону рӯшанфикрон мавриди интиқод қарор гирифта буд.

Гурӯҳе аз коришносон мегуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд давоми 5 соли дигар вакилони парлумон бо фаъолияти муассир метавонанд ба имиҷи МН МО холҳои мусбат ҷамъ кунанд. Аммо гурӯҳи дигари коршиносон аз ранги дигар гирифтани фаъолияти парлумон шубҳа доштанд. Зеро ин навбат низ курсиҳои бештарро чеҳраҳои барои ҳукумат "наздик" соҳиб шуданд.

Ҳамин тавр сару садо ва таҳлилҳо атрофи фаъолияти парлумон то имрӯз идома дошт, ки бештари он рабт мегирад ба шахсияти Шукурҷон Зуҳуров. Пас аз интихоб гардидани Шукурҷон Зуҳуров ба унвони раиси МН МО аксари вакилон ва гурӯҳе аз коршиносон мегуфтанд, ки ҷаноби Зуҳуров шахси ботаҷриба буда, метавонад дигаргуниҳое ба фаъолияти парлумон ворид намояд.

Мушоҳидаҳо ҳам ҳокӣ аз он аст, ки Шукурҷон Зуҳуров талоши наздик шудан бо ҷомеаро дорад. Ҳанӯз дар аввоили соли ҷорӣ бо иқдоми раиси парлумон шумори телефони вакилон дар расонаҳои хабарӣ интишор шуд. Ин ки наздик ба 50 дарсади он телефонҳо фаъол набуданд, масъалаи дигар аст. Баъдан, ҳарчанд дертар буд, аммо дар як ҷаласаи парлумон Шукурҷон Зуҳуров аз амали ӯзбакистон дар робита ба муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон қарор додан интиқод намуда, вазирону раисонро низ ӯҳдадор намуд дар дар муаррифии лоиҳаҳои марбут ба соҳаашон шахсан ҳузур дошта бошанд. Илова бар ин ҷаноби Зуҳуровро боре бо русӣ муаррифӣ гардидани як санад дар ҷаласаи парлумонӣ хуш намомада, номбурда ба муовини вазири мудофиа гуфт, ки аз ин ба баъд дар назди вакилони мардумӣ бо забони давлатӣ сӯҳбат намояд. Ба хабари зиндонӣ шудани халабонҳои рус ва дар асоси ин радди марз гардидани даҳҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ва боздошти садҳо тан шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди федератсияи Русия низ парлумон "мавқеъгирӣ" намуд. Бояд гуфт, вакилони мардумии мо хеле дертар аз ҳамтоёни руси худ дар робита ба вазъи муҳоҷирони тоҷик мавқеъгирӣ карданд. Вакилони мардумии тоҷик дар ҳоле аз муътадил будани шарту шароити фаъолияти муҳоҷирони тоҷик мегуфтанд, ки дар Русия гурӯҳе аз вакилон дар фикри ҷорӣ кардани низоми раводид ва радди марз кардани тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Бояд гуфт, дар ҳамон шабу рӯз чанд тан аз вакилони мардумӣ дар сӯҳбат "Озодагон" гуфтанд, ки вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия бад нашуда, ин ҳама сару садои беасос ва ё ҳангомасозии расонаҳои хабарии тоҷик беҳуда аст. Аммо баъдан Шукурҷон Зуҳуров эълон дошт, ки барои баррасии ин масъала гурӯҳе аз вакилонро ба Русия мефиристад. То ин замон дар яке аз минтақаи Русия Бахтиёр Расулов, муҳоҷири тоҷикро сар буриданд.

Зимнан Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсӣ низ аз он нигаронӣ намуд, ки вакилони мардумӣ дар робита ба ҳабси хабарнигори Би-Би-Си мавқеъи худро рӯшан накарданд. Зеро ин қазия на танҳо як қазияи додгоҳии хабарнигор, балки як қазияи байналмилалӣ буд, чун дар миён фаъолияти корманди ширкати хориҷӣ матраҳ буд. Ин як доду гирифти байналмилалӣ буд. Сохтори расмии Тоҷикистон бори дигар ба ҷабҳаи мутаҳидии кишварҳои ғарб рӯ ба рӯ шуданд. Дар ин муддат танҳо Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) мавқеи худро рӯшан намуда, ин масъала бо дахолати шахсии расиҷумҳур ҳал гардид. Масъалаи дигаре, ки бойиси сару садои зиёд ва ба сарди гаравидани равобит ва муносибати Тоҷикистону Русия гардид ин боздошт ва зиндонӣ шудани халабони рус буд.

"Дар ин маврид мо низ шоҳиди бетарафии парлумон гардидем. Албатта Ш. Шабдолов, М. Кабирӣ дар алоҳидагӣ мавқеъгирӣ карданд. Аммо садои парлумон ҳамчун як сохтори расмӣ баланд нашуд. Ин масъала низ бо дахолати Эмомалӣ Раҳмон ҳали худро ёфт. Парлумони Тоҷикистон фаъолияти намоёне надошт, мутаасифона. Шояд дар дохили парлумон баъзе гуфтушиндҳо буданд, аммо мардум аз он бехабар буд" мегӯяд Рашид Ғанӣ Абдулло. Номбурда аз он изҳори таасуф намуд, ки парлумони Тоҷикистон бо расонаҳои хабарӣ, ки дар асл пуле миёни вакилон ва мардум аст ҳамкории ҷиддӣ ва пайваста надорад. Ҳар сохторе, ки бо расонаҳои хабарӣ робитаи қавӣ дорад, ҷомеа дар бораи он сохтор тассавуроти нисбатан комил пайдо карда метавонад. Аз ин хотир агар парлумони Тоҷикистон воқеан хостори наздик шудан бо ҷомеаро дорад, пас бояд робитаи худро бо расонаҳои хабарӣ ҷиддитар ба роҳ бимонад, илова намуд Рашид Ғанӣ Абдулло.

Парвиз Муллоҷонов коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, ки фаъолияти парлумони кишвар дар соли 2011 аз солҳои қаблӣ ҳеч фарқияте надошт. Ҷаноби Муллоҷонов мегӯяд, ки ягона хабари ҷадиди ҳокимияти қонунбарор дар соли ҷорӣ ин зиёд гардидани маоши вакилон буд.

"Дар дигар масъала боз ҳам хомӯшӣ. Давоми сол дар Тоҷикистон ин қадар ҳаводисе рух дод, ки мавқеъгирии парлумонро талаб менамуд. Аммо услуби бархӯрди вакилон ба ин хабарҳо дигар нашуд. Чунки услуби муносибати вакилони мардумӣ бо ҳукумати Тоҷикистон тағйир наёфтааст. Онҳо ҳамоно қонунҳои пешниҳод кардани ҳукумат ва ё раисҷумҳурро бе "чуну чаро" қабул мекунанд. Барои ҳама рӯшан аст, ки он аснод танҳо барои тасдиқ ба парлумон ироа мешавад, на барои баррасӣ", зикр намуд Парвиз Муллоҷонов. Камтаъсир будани фаъолияти парлумонро ба вазъи кишвар номбурда дар маҳдудияти имконияти техникии МНМО арзёбӣ мекунад. Парвиз Муллоҷонов муътақид аст, ки дар соли 2012 низ фаъолияти парлумони Тоҷикистон муассир намегардад, зеро онҳо ҳамоно маҳдудиятҳое барои худ доранд.

Вакилони тоҷикро тақдири ҳамтоёни қазоқашон мунтазир аст?

Шеваи фаъолияти вакилони мардумӣ ва ҳаводиси минтақа гурӯҳе аз коршиносонро ба ташвиш овардааст. Ба бовари онҳо фурсате расидааст, ки вакилони мардумӣ ба фаъолияти худ тағйироти ҷиддӣ ворид намоянд, дар сурати дигар эҳтимол меравад парлумони Тоҷикистон ҳам пароканда шавад. Ин фарзияро Рашид Ғанӣ Абдулло рад карда мегӯяд, ки барои усулҳои пароканда гардидани парлумони Тоҷикистон ва аз ҷониби кадом гурӯҳ пароканда гардидани он дар қонунгузории кишвар дақиқан зикр шудааст.

"Дар Тоҷикистон парлумон пароканда намешавад. Баъид аст. Дар Қазоқистон ин маротибаи саввум аст, ки парлумон пароканда мешавад. Дар он кишвар ин як ҳодисаи табиӣ. Аммо дар Тоҷикистон боре таҷриба нашудааст. Парлумони Тоҷикистон аз марҳилаҳо ба марҳилаҳои дигар гузашт. Ба назари ман ба ҳаводиси атроф мо бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Он нафароне, ки дар кишвар тасмим мегиранд, бояд вазъиятро биомӯзанд ва сабақ бигиранд", мегӯяд Рашид Ғанӣ Абдулло. Ин гуфтаҳоро парвиз Муллоҷонов тақивят бахшида мегӯяд, ки парлумони Тоҷикистон пароканда намешавад.

"Кам будани намояндагони аҳзоби мухолиф сабаби аслии зери шубҳа бурдани парокандагии парлумони Тоҷикистон мебошад. Бо ин чанд нафар намояндагони аҳзоби сиёсӣ пароканда кардани парлумон ғайриимкон аст. Аксариятро вакилони ҳизби ҳоким ташкил медиҳанд", ки онҳо як бахши ҳукумат ҳастанд мегӯяд Парвиз Муллоҷонов.

Ҳамин тавр коршинсон баъид медонанд, ки дар соли 2012 низ дар парлумон ягон тағйироти ҷиддие ба амал ояд. Ба сифати далел онҳо аз сару садои парлумон дар робита ба додгоҳи байналмилали кашидани ҳукумати ӯзбакистон мисол меоранд.

Ёдовар мешавем, парлумони Тоҷикистон аз амали ҳукумати ӯзбакистон ва боздошти қатораҳои кишвар нигаронӣ намуд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки дар пайи ин ҳодиса Тоҷикистон миллионҳо доллар зарар дида, мо бояд аз мавқеи худ дифоъ намоем. Дар ҷаласаи парлумонӣ Шукурҷон Зуҳуров аз намояндагони мақомоти марбута талаб намуд, то ҳуҷҷатҳои заруриро омода сохта, ба ниҳоди байналмиллалӣ шикоят бубаранд. Чунин ба назар мерасад, ки бо гузашти вақт вакилони мардумӣ ва Шукурҷон Зуҳуров аз ин иқдом "фаромӯш" карданд.

Дар ҳамин маврид Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, ки шояд парлумони Тоҷикистон баъд аз баланд кардани садо дарк кард, ки на ҳамаи шикоятҳо аз ҷониби ниҳодҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Созмонҳои бонуфузи байанлмилали аз ҷумла СММ ва САҲА дар мавриди амали ҳукумати ӯзбакистон хомӯширо пеш гирифтанд. Зеро барои онҳо давлати ӯзбакистон муҳимтар ва авлотар аз давлати Тоҷикистон буд. Ин созмонҳо бештар таваҷҷӯҳ мекунанд ба давлатҳое, ки ҳудудан васеътар, аҳолӣ ва сарватҳои зеризаминии бештар доранд. Аз ин хотир ҳатто дар сурати расман шикоят бурдан ба додгоҳи байналмилалӣ баъид аст, ки он ҳалли мусбати худро меёфт, илова намуд Рашид Ғанӣ Абдулло. Номбурда бар ин назар аст, ки агар парлумон як "гап"-ро эълон мекунад, пас бояд аз натиҷаи он ва ё дар кадом марҳила қарор гирифтани он масъала ҷомеаро бохабар кунад.

ҳумайрои Бахтиёр

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)