Бахшҳо
26 дек 2011 10:58Гузориш

Фархор- ноҳияи аграрӣ?!

Як ҷойро дар шафати варзишгоҳ интихоб карда, поку тоза намуда, аз нав обод намудем. Аз он ҷо беш аз 40 автомашинаи КАМАЗ партову ифлосиро берун кардем...


Дар ноҳияи Фархор, ки шумораи корхонаҳои саноативу сохтмонӣ ангуштшуморанд, бо ибтикори як соҳибкори маҳаллӣ корхонаи хурде сохта ба истифода дода шуд. Ин муассисаи истеҳсолӣ 30 нафар аз сокинони маҳаллиро ба ҷойи кори доимӣ ва маоши саривақтӣ таъмин намудаст. Мавлуда Алиева, муассиси корхонаи навбунёд ба хабаргузории «Озодагон» гуфт,  дар ҳоли хозир ин ҷо сехҳои истеҳсоли нон, кулча ва дигар маҳсулоти ордӣ, истеҳсоли равған, қаннодӣ, коркарди шолӣ ва осиёб ба кор шурӯъ намуданд. Бону афзуд: «Ҳоло ин оғози кор буда, дар ояндаи наздик дар нақша аст, ки фаъолияти корхонаро боз ҳам васеъ карда,  шумораи коргаронро ба маротиб афзоем.

Бо дастгирии ҳукумати маҳаллӣ мо як мавзеро дар шафати варзишгоҳ, ки солҳои  зиёд бекор хобида буду ба партовгоҳ табдил ёфта буд, интихоб карда  поку тоза намуда, аз нав обод намудем. Аз он ҷо беш аз 40 автомашинаи КАМАЗ партову ифлосиро берун кардем».

Масъулин дар шафати бинои корхона боғи нави мевадиҳанда бунёд кардаанд, ки дар он 135 бех ниҳол парвариш меёбад. Инчунин, барои рӯёнидани маҳсулоти полезӣ   гармхонаҳо бунёд намудаанд.

-Дар ҳоле ки дар ноҳия таъмини сокинон бо ҷойи кор яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад, бо бунёди ин корхона ва ба тарзи густарда фаъол намудани он, каме ҳам бошад дар ҳалли ин мушкил ҳиссагузор мешавем,-мегӯяд Алиева.

Тибқи иттилои манбаъ, барои фаъолияти густурдатар роҳбарони корхона таҷҳизоти нави замонавии истеҳсоли туркиро ба маблағи беш аз 40 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷумҳурии Укроин харидорӣ кардаанд ва сар аз соли нав онро васл намуда, мавриди истифода қарор хоҳанд дод. Гуфта мешавад, Фархор ноҳияи аграрӣ буда, сокинони он усулан ба кишоварзӣ машғул мебошанд.

Қурбонбой Каримов, райиси ноҳия мегӯяд, аз 3.273 ҷойи кории дар соли равон таъминнамуда барои аҳолӣ 75 фисадаш дар самти кишоварзӣ будааст. Танҳо ҳамин сол ин ҷо наздик ба 1000 хоҷагии нави деҳқонӣ бунёд ёфтаву сокинони рустову ҷамоатҳо  бо истифода аз саҳмдориашон ба кор таъмин гаштаанд.Гузашта аз ин, корхонаҳои саноатии фаъолбуда низ  аксарашон мавсимӣ мебошанд, зеро сирф ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Ба гумони ғолиб, бунёду созмон додани ин гуна корхонаҳои хурди саноатӣ саривақтӣ буда, барои таъмини сокинон бо ҷойи кор ва дар ҳамин ҳол, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум мусоидат хоҳад кард.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)