Дар Кобул китобе таҳти унвони "Зангӯлазанон гузашт борон"- сайре дар шеъри муосири Тоҷикистон ба ду хат: форсӣ ва сириллик аз чоп баромад. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз кошонаи адибони Афғонистон иттилоъ доданд, ин китоб маҷмӯи мақолоти Мӯҷиби Меҳрдод-шоир ва пажӯҳишгари Афғонистон ва Беҳрӯзи Забеҳулло- шоир ва нависандаи тоҷики муқими Эрон аст. Гуфта мешавад, ин китоб нахустин асаре аст, ки дар бораи шеъри Тоҷикистон дар Афғонистон ба нашр расидааст. Дар ин китоб мақолоти марбут ба мавзӯи сайри таърихии таҳаввули шеъри тоҷик дар даврони Шӯравӣ тавассути Беҳрӯзи Забеҳулло ва нақду баррасии ашъори чанд тан аз шуарои матраҳи адабиёти муосири Тоҷикистон ба қалами Мӯҷиби Меҳрдод иншо шудаанд.
Манбаъ афзуд, ба муносибати чопи ин асар "Кошонаи нависандагони Афғонистон" рӯзи 24-уми декабр маҳфиле баргузор кард. Дар ин ҳамойиш Ёсин Нигох, узви Кошонаи Нависандагони Афғонистон зимни табрики чопи ин асар ба ҷомеаи адабии Афғонистон гуфт: "Шоирон ва нависандагони афғонистонӣ бо ҷомеаи адабии Эрон равобити бисёр хуб доранд ва доштани ин равобит сабаби як шинохти нисбӣ низ аз чигунагии таҳаввулоти шеър дар Афғонистон гардидааст, аммо бо дареғу дард ин равобит бо шеъри имрӯзи Тоҷикистон ба шиддат заъифу камранг аст». Ӯ афзуд, бовари ман ин аст, ки пажӯҳишҳои дӯстони дар ниҳоят фарҳехтаамон оқои Мӯҷиб ва Беҳрӯзи Забеҳулло оғозе хоҳад буд, барои эҷод ва барқарории робитаи самимона ва судманд бо ҷомеаи адабии кишвари ҳамзабон ва ҳамсояамон Тоҷикистон.
Дар поёни нишаст оқои Руҳуламини Аминӣ, масъули бахши нашароти бунёди "Ормоншаҳр"дар робита ба аҳамият ва арзиши ин асар сӯҳбат намуда ва ин китобро шурӯъи роҳандозии яксари гуфтмонҳои ҷиддии адаби миёни шеъри Афғонистон ва Тоҷикистон унвон кард. Қарор аст ин китоб дар се ҳавзаи кишварҳои форсизабон тавзеъ шавад.
Хилватшоҳи Маҳмуд
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |