Бахшҳо
20 дек 2011 11:07Гузориш

25-уми декабр- рӯзи ҳуҷум болои Эрон?

Тибқи иттилои ВАО-и ғарбӣ ва хадамоти ин кишварҳо санаи то ҳанӯз «номаълум»-и ҷанг алайҳи Эрон ошкор гардидааст…

Васоити ахбори оммаи Бритониё хабарҳоеро дар мавриди санаи дақиқи оғози ҳамлаи Исроил алайҳи Эрон нашр кардаанд. Таври маълум, Исроил дар паноҳи ИМА-ву НАТО бо баҳонаи бунёди маводи ҳастаӣ аз ҷониби Эрон, муддатест ки ҳавои ҷанг бо ин кишвари исломиро дорад. Ҳарчанд мамолики исломӣ ба ин қазия мудохила ҳанӯз мудохила накардаанд ва пуштибонии худро аз Теҳрон эълом надоштаанд, аммо гумони ғолиб бар он аст, ки дар ҳолати зарурӣ ва ҳуҷуми Исроил болои Эрон, рӯшан аст, ки давлати исломӣ танҳо нахоҳад монд.Ба иттилои манбаъҳои хабарии Қувайт, Эрону Сурия нақшаи мубориза зидди артиши хоричиро аллакай тарҳрезӣ намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз кишварҳои асосии иттифоқчиён Туркия ба ҳисоб меравад, ки он ҷо таҷҳизоту техникаҳои ҳарбии Амрико мутақар шудаанд. Бояд гуфт, ки фармондеҳи қувваҳои ҳавоии Эрон генерал Амиралӣ Ҳоҷизода ошкоро сухан карда, иброз дошта буд, ки дар сурати камтарин хатари ҳуҷум мавзеҳои ҳарбии НАТО-ро дар Туркия  ракетаборон хоҳанд кард. Оқои Ҳоҷизода мегуфт, он чӣ, ки Амрико мегӯяд, ки ин мавзеъҳоро НАТО гирифтааст, дурӯғи маҳз аст: «Сионистҳо дар пасманзари ИМА амалиёт пиёда кардан доранд. Вашингтон бошад фаъолияти ҷангиро дар паноҳи НАТО ба анҷом мерасонад. Аммо мардуми турк аз ин амалҳои онҳо ба хубӣ огаҳӣ доранд ва шояд аз он ҷилавгирӣ намоянд. Агар худое накарда, ҷанг бар зидди Эрон оғоз гардад, дар ин сурат ҳатман Эрону Ироқ ва Сурия ба Туркия ҳамла хоҳанд кард». Инчунин, ҳуҷум ба халиҷи Форс бо истифода аз киштиҳои ҷангӣ, Ҳизбуллоҳ ва дигар тарафдорони Эрон дар Баҳрайн, Қатар ва мамолики Аморати Араб ҳуҷум ба базаҳои амрикоӣ хоҳанд намуд.

Эрон танҳо нахоҳад монд

Масъулини хадамоти вижаи Эрон дар Афғонистон қодиранд, «шербачаҳо»-и ин миллати ҷангзадаро алайҳи нерӯҳои НАТО бархезонанд ва зарбаи марговаре ба эшон зананд. Дар шарқи баҳри Миёназамин Ҳизбуллоҳ метавонад ҳукуматро таҳти контроли худ бигирад ва ҳар лаҳза зарбаҳои ҷонкоҳ ба нуқтаҳои он ҷо фаъолбудаи НАТО занад.  Дар Навори Ғазза бошад, Ҳаммос хоки Исроилро зери бомбаборон қарор медиҳад ва дар ин маврид артиши Сурия ҳам ба кӯмак  мерасад. Тавре маълум мешавад, Исроилу Амрико аз ин нияти дар сардоштаашон бурд нахоҳанд кард. Бе ягон муболиға метавон ҳадс зад, ки «ҷанг»-и Исроил бо Эрон иттифоқиву иттиҳодии мусалмонҳоро пешорӯ меорад ва дар якҷоягӣ зарбаи мудҳишу ҷонкоҳ ба Телавив, чӣ Исроилу чӣ Амрико ва чӣ блокчиёни НАТО бошанд ҳам хоҳанд зад. Покистон ҳам, агарчӣ дар ин даргириҳо мавқеаш то ҳол норӯшан аст, аз ИМА талаб кардаст то базаҳои ҳарбиашро тамоман аз ҳудуди ин давлат берун кунад. Бо берун рафтани базаҳои ҳарбии Амрико аз Покистон, базаҳои дигари ҳарбии он дар Афғонистон бе таъмини лавозимоти ҳарбиву ва низ хӯрокворӣ мемонад.

Аждаҳои сурх «хоб» намеравад

Ҳамин аст, ки Амрико кӯшиши дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ  дарёфти шарикони стратегиро дорад. Охири моҳи ноябр фармондеҳи  қӯшунҳои пиёдагарди ИМА, генерал-лейтенант Винсент Брукс ба ҷумҳурии Ӯзбакистон сафар карда, аз нақшаи кӯчондан ва ҷо ба ҷо гузории техникаҳои ҷангии ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ эълом дошаааст. Дасти кам 3-давлат: Ӯзбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар ин маврид аллакай бо Вашингтон ба мувофиқа расидаанд. Эҳтимоле ҷой дорад, ки Тоҷикистону Қазоқистон низ бо ИМА ба мувофиқа оянд. Аз ин хотир, Русия нигаронии сахт аз он дорад, ки ин кишварҳо баъди соли 2014-ум соҳиби аслиҳаи ҳарбӣ мегарданд. Гап сари он меравад, ки баъдан дигар Русия дар мавриди аслиҳаи ҳарбӣ  ва шарики стратегӣ мақомашро барои ин давлатҳо аз даст хоҳад дод. Бе ин ҳам, атрофи Русия аллакай аз ракету дигар аслиҳаҳои ҷангии Амрикову НАТО пур шудааст ва гумон меравад, ки рӯзе не рӯзе, он болои Руси Кабир фурӯ хоҳад рехт. Кремл ҳам аз ин пайомад изҳори нигаронӣ дорад, аммо Вашингтон ҳеч ба эътирозҳои Маскав баҳри бардоштани системаи муҳофизати зиддимушакӣ (ПРО, противоракетноая оборона) гӯш намекунад ва мушакҳои ҷангиашро дар мамолики ғарб ҷогир мекунад.

Владимир Путин, нахуствазири феълӣ ва номзад ба мақоми президент Русия, рӯзи 8-уми декабр гуфт, мо бояд истиқлолият ва озодии Русияро муҳофизат намоем ва моро зарур аст, лоиҳаи ҳифзи кишварамонро аз давлатҳои бегона таҳия ва омода созем. Яъне, Кремл кайҳо хатарро аз ҷониби НАТО ва Амрико ҳис кардааст ва дар мавриди ҷанг бар зидди Эрон, ҳатман мавқеашро, агарчӣ ғайрихоҳиш ҳам бошад, ҷониби Теҳрон хоҳад кашид.Чини бузург ҳам аз қазияҳои болои кишварҳои шарқ фурӯрезии Амрикову НАТО изҳори норозигӣ мекунад.Ху Тсзинтао, раҳбари Хитой ҳам даҳаи аввали ҳамин моҳ ба ҳарбиёни флоти баҳрии Чин барои ба ҷанг тайёр будан  фармони махсус додааст.     Гузашта аз ин, Хитой ва Ҳиндустон, 2-мамлакати пешрафтаву сераҳолитарини дунё, харидорони асосии нафти Эрон маҳсуб мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар ҳаракати ҷангии Амрико алайҳи Эрон хатар ба бехатарии энержии Пекинро дорад. Аз ин хотир, Чин хоҳу ноҳоҳ дар гирудорҳо ҳатман шарики Эрон хоҳад гашт. Тибқи иттилои ВАО-и Бритониё, санаи то ҳанӯз «номаълум»-и ҷанг алайҳи Эрон ошкор гардидаст. Исроил эълом доштааст, ки дар рӯзи мавлуди католикӣ- 25-уми декабр болои Эрон ҳуҷум хоҳад кард…

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)