Бахшҳо
19 дек 2011 05:00Гузориш

Масхарабозӣ дар «Тоҷикмобайл»

Баъд фаҳмидам, ки ин бонуи дурушту бадмуомила Наҷиба ном доштаву танзимгари Маркази хизматрасонӣ будааст. Аҷиб буд, муомилаи «нонаҷибона»-и Наҷиба.

«Бизнес»… Бизнес. Бизнес!!! Ба назари мани рӯзноманигор «бизнес» як намуди тиҷорате мебошад, ки мардумро фиреб дода, кисаатро ғафсу мошинҳоятро ивазу кулбаатро ба қаср табдил медиҳӣ.  Фарқ надорад, ки мардум бароят чӣ мегӯянду чӣ хоҳанд гуфт. Муҳим он аст, ки як бало карда, мақомоти даркориро дар ҳукумат «розӣ» мекунонӣ, дигар касе пишакатро пишт намегӯяд. Ин намуди бизнес-фиреб дар ҷумҳурии Тоҷикистон ончунон роиҷ шудааст, ки дигар идораву муассисаҳои давлатӣ ҳам аз он кор мегиранд. Аҷиб он аст, ки «давлатӣ»-ҳо кӯшиш мекунанд, то наздики масъулини ҳукуматҳо ғайридавлатиҳоро бо ҳар баҳонаҳои будаву набуда, бо ҷалби «одамони худӣ» ҳаромкору фиребгар нишон диҳанду дар ин пасманзар «бизнес»-и худро кушоду васеътар намоянд. Ба унвони мисол, тақрибан ҳамаи ширкатҳои мобилии ғайридавлатиро ҳам ба воситаи ахбори умум, ҳам бо гузоришҳои радиовию телевизионӣ ва ҳам бо гӯшакикуниҳо сиёҳу сафед карда, дар фаъолияташон нуқсон меҷӯянд. Ҳатто кӯшиши бастани баъзе аз ин ширкатҳоро ҳам доштаанд. Аммо аз чӣ бошад, ки аз фиребу ҳаромкориву ҳақимардумхӯрии муассисаи «Тоҷикмобайл» ҳама  хомӯшанд, ба қавле ба лаб кулӯх молидаанд. Банда дақиқан намедонам, ки ширкат моли хусусӣ аст ё давлатӣ. Аммо он дар назди муассисаи Тоҷиктелеком қарор ёфтаву кору фаолият мекунад. Аз ин хотир, фикр мекунам, ки агар давлатӣ ҳам набошад, «қариб ки давлатӣ» аст. Гузашта аз ин, аз фаъолияти ин ширкат дар пойтахти ҷумҳурӣ низ бехабарем, вале дар навоҳӣ мунтазам, малеҳтар карда гӯем, кормандони марказӣ кори носавоб мекунанд. Дар шаҳри Кӯлоб муштариён аз фаъолияти ин коргоҳ ба дод омада бошанд ҳам, вале намедонанд ба куҷову ба кӣ шикоят баранд ва яқин медонанд, ки касе ба додашон намерасад ва аз беҳуда будани шикоят, муроҷеъ намешаванд.

Биёед, ба тафсил бигӯям

Намедонам, чӣ шуду чӣ монд, ки  аз бахши ҳамин ширкат дар шаҳри Кӯлоб барои роҳ ёфтану кор кардан дар интернет як таҷҳизотеро бо номи «Терминал» ба маблағи беш аз 500-сомонӣ харидорӣ кардам. Оператор-танзимгари дар Кӯлоб фаъолиятдошта- Қобилҷони Абдулвоҳид ба боварӣ гуфт, ки «интернет дар Тоҷикмобайл хеле хуб ба роҳ монда шудаасту ҳам арзонакай. Дар 1-дақиқа ҳамагӣ 3-дирам». Хушҳол шудаму зуд онро пайваст намудам. Замони аввал интернет  хуб фаъол буду тайи 15 рӯз нағмаву усул надошт. Ана баъд, сар шуд… Эҳее…. Мебахшед, сар шуд, номаъқулиҳо: Рӯзи 14-уми ноябр алоқа қатъ гардид. 15-ум ҳам дигар иртибот набуд.Ба танзимгари дар Кӯлоббуда муроҷиат кардам. Баъди лаҳзае ӯ гуфт, ки телефони ман 44 сомонӣ қарздор шудааст. Рӯзи 16-уми ноябр соати 14-у 53 дақиқа 70 сомонӣ пардохт намудам, то дар оянда қарздор намонам ва ба хотири то охири моҳ телефону интернетам фаъол бошад, 26 сомонии дигар пешпардохт кардам. Вале ҳамагӣ баъд аз 5 рӯз, аниқтараш рӯзи 21-ум боз ҳам аз иртиботу интернет маҳрум шудам. Аз танзимгар пурсидам, ӯ бо ҳайрат гуфт, «ака, боз 3 сомонии дигар қарздоред. Ман намедонам, дар боло чӣ хел ҳисоб кардаанд, вале шуморо қарздор нишон медиҳанд». Аз қаҳр чизе нагуфтаму боз 20 сомонии дигар пешпардохт карда, ба Қобилҷон гуфтам, ки ба «болобудагон»-атон бирасон, ки аз ҳадди одамгарӣ берун нашаванд. Аммо чӣ мегӯед, ки ин дафъа низ бо гузашти ҳамагӣ 2 рӯз, 16 сомониву 86 дирами пешпардохтамро тавре ки дилашон хостааст, аз худ карда,  боз қарздорам карданд. Рӯзи 23-юм боз 5 сомонии дигар ҳам додаму  аз танзимгари дар Кӯлоббудаи «Тоҷикмобайл» талаби ҳамон реестри алоқавӣ кардам. Ӯ бечора мегуфт, ки: «ака ман дар ин маврид ягон нақш намебозам, аз Маркази хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе мепурсем, чӣ мегуфта бошанд». Хулоса, реестрро аз Душанбе бароям фиристоданду ҳуш аз сарам парид. Ман бо чашми сар дидам, ки чӣ гуна бе ягон азоби виҷдон, кормандони ин ширкат чӣ хеле ки хостаанд, ҳамон тавр рӯзу соату дақиқаву ҳатто сонияи истифодабариро барои интернет ба терминали ман ҷо кардаанд.

Муштарии «гунаҳкор» ва бонуи «хулиган»

Ба Маркази хизматрасонӣ бо рақами 998880909 занг задам. Гӯширо кадоме бардошту муддате хомӯш монд, ҳарчанд ало-ало мегуфтам касе ҷавоб намедод. Алогӯён дод задам. Як овози дағали занона аз он тарафи гӯшӣ «да» гуфт. Гуфтам, духтари нағз, шумо маро гӯш мекунед ё не? Ва баробари шикоят оғоз намудани ман, ӯ ҳам дигар тӯтивор чизе мегуфту маро гӯш кардан намехост. «Каме хап шаву маро гӯш кун, ман муштарии шумо, дар 1 моҳ қариб 100 сомонӣ супоридаму ҳанӯз ҳам қарздорам медонед. Барои чӣ?»,- бо қаҳр пурсидам.

Садои дағал куҷо, ки муомилаи ин бонуи «хулиган» боз дағалтар буд ва бо як дуруштӣ гуфт, «муштарии мӯҳтарам (бубинед, чӣ хел боодобона), шумо одам ҳастед ё не? Дод нагӯед. Мо тариқи моҳворӣ?! фаъолият мекунем. Яъне, чӣ қадаре дар 1 моҳ маблағ месупоред, ҳамон қадар истифода мебаред. Тамом». Баъд фаҳмидам, ки ин бонуи дурушту бадмуомила Наҷиба ном доштаву танзимгари Маркази хизматрасонӣ будааст. Аҷиб буд, муомилаи нонаҷибонаи Наҷиба. Аққалан боре ба ширкатҳои мобилии ғайридавлативу хусусӣ дар тамос мешуду одоби муоширатро ёд мегирифт. Ё роҳбарони «Тоҷикмобайл» кормандони дағали худро ба ин ширкатҳо фиристода,  семинар-омӯзиши тарзи муомила мегузарониданд, хеле хуб мешуд.

Бизнес ва инсоф дӯст намешудаанд

Баъди 5 сомонӣ гузарониданам, пас аз 2 рӯз боз алоқа қатъ гардид. Ин дафъа Қобилҷони дар ҳайратмонда гуфт, ки боз 2 сомониву 36 дирам қарздорам. Рӯзи 1 уми декабр 10 сомонии дигар додаму гуфтам, додар биё ҳамин терминали пулхӯратро бозпас гир. Ӯ гуфт, ки фурӯхташударо пас намегирем. Аммо шаби 2 юми декабр, сабил монад, боз қарздорам карданду алоқаро қатъ намуданд.

Аслан, 40-50 сомоние, ки ин ширкат аз ман дуздидааст, он қадар маблағи бузурге нест, аммо агар аз ҳар муштарие ин миқдор дар 1-моҳ «задан» гиранд, ин ба куҷо рост меояд? Аз ин қазия кормандони бахши кӯлобии Телеком низ ҳайрон шудаву маслиҳатам доданд то ба роҳбари «Тоҷикмобайл» Саидакбар Шукуров муроҷиат намоям. Вале телефони ҳамроҳи ҷаноби Шукуров  ҷавоб намедод. Вагарна ба ин ҷаноб мегуфтам, ки «бизнес» ҳар хел мешавад, вале камтар инсоф ҳам доштан лозим. Агар аз мо, муштариён шарму тарс надоред, о аз Худо тарсед. Воқеан, баъди ҳаромбозиҳои «Тоҷикмобайл» маҷбур шудам, то вақти ба интернет дохил шуданамро муайян намоям ва бубинед, ҷаноби Шукуров, кормандонатон, ки аниқ медонам даст рӯи сина зада, қасам хоҳанд хӯрд, ки ҳамаи қайдҳо бо тарзи компютерӣ роҳандозӣ шудаанду гуноҳе накардаанд, вале тибқи қайди ман чӣ гунаанду дар реестри пешниҳодкардаи «Тоҷикмобайл» он чунон аст:

Дар аввал чун намедонистам, ки «Тоҷикмобайл» то куҷо фасодкору ҳаромбоз аст, аз ин хотир бепарво будам. Вале сар аз рӯзи 21-юми ноябр, воқеан бо тавсияи танзимгари ин ширкат, вақти ба интернет даромаданро қайд кардан гирифтам. Дигар аниқам шуд, ки ин ширкат умуман аз кӯчаи инсоф нагузашта будааст. Зеро рӯзи 23 юми ноябр ман ҳамагӣ 15 дақиқа ва рӯзи 24 уми ноябр 3дақиқа, 31 дақиқа, 2 дақиқа ва боз 2 дақиқа аз интернет истифода бурдаам. Аммо тибқи реестри ширкати Тоҷикмобайл гуё рӯзи 23-юми ноябр 12 дақиқа ва 27 дақиқа, рӯзи 24-уми ноябр 113, 2, 65, 123, 67, 20 ва 80 дақиқа  дар алоқаи интернетӣ будаам. 25-уми ноябр бошад, гӯё боз 78-дақиқа ба якбор дар алоқа будаам.

Рӯзи 1-уми декабр ба ман гуфтанд, ки  2-сомониву 36 дирам қарздорам. Боз 10 сомонии дигар супоридам, ки дар ҳисобам 7 сомониву 64 дирами дигар боқӣ монд. Рӯзи 2-юми декабр 8, 10, 33, 11, ва 6 дақиқа дар интернет кор кардам. Шабона алоқа боз ҳам бо иллати қарздорӣ баста шуд. 3-юм ва 4-ум ва то шоми 5-уми декабр дигар алоқа қатъ шуда буд. 5-уми декабр 10 сомонии дигар пардохт намудам. Шоми он рӯз ҳамагӣ ба мӯҳлати 10 дақиқа, 6-уми декабр 23, 13 ва 7-уми декабр 37 дақиқа аз интернет истифода бурдам. Сар аз шоми 7-уми декабр боз қарздор мондаму алоқа қатъ гардид. Аммо ба маълумоти ҷаноби Шукуров мерасонам, ки терминалро ман танҳо барои интернет истифода мебурдаму ҳатто алоқаи тилфонӣ надоштам, то гумон накунанд, аниқтараш бор карданӣ нашаванд, ки гӯё дар самти дигар маблағҳо сарф шуда бошанд. Дигар, аз қаҳр терминалро гирифтаму дур партофтам. Зеро аниқ донистам, ки баъди чанд муддат, бо ин тарзи «хизматрасонӣ» «Тоҷикмобайл» бечораву беҳолам мекунад. Вақте  мехостам ин мақоларо ба чоп диҳам, дӯстон  гуфтанд, ки ин ширкат моли як тан аз ашхоси баландпояест, ки ҳаргиз ба додат касе намерасад. Аз ин хотир, ман ҳам дигар «дод» гуфтанӣ нестам, танҳо мехоҳам, ки баъди ин мақола шояд аз фақиртар шудани кадом   як бечораи дигар ҷилавгирӣ намоям, ки мисли ман надониставу нафаҳмида ба доми ин ширкати «давлативу хусусии пулхӯр» наафтад.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)