Сарояндаи сурудҳои ҷази олмонӣ ба Душанбе меояд.
Аз маркази фарҳангии «Бохтар» ба мо иттилоъ доданд, ки рӯзҳои наздик Люси Венде ба Тоҷикистон ташриф оварда, дӯстдорони ин намуди мусиқиро бо ҳунараш мафтун хоҳад кард. Консерти бону Венде рӯзи 20-уми май дар осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков баргузор мегардад. Ёдрас менамоем, ин овозхон дар доираи ташрифи ҳайати намояндагии гуманитарии Олмон ба Тоҷикистон сурат мегирад.
Мӯҳр