Бахшҳо
13 дек 2011 05:33Минбари Шумо

Паёми Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ, вакили МН

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Бародарон ва хоҳарони гиромӣ!

Дар ин рўзҳо лозим донистам бо паёме ба шумо, аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ муроҷиат намоям ва инчунин мухотаби ин паём метавонад ҳар касе бошад, ки ба масоил беғаразона ва холисона нигоҳ менамояд.

Равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар дохили кишвар, минтақа ва ҷаҳон дар шароити имрўза бо назардошти ҷаҳонӣ шудани муносибатҳо ҳеҷ кадоми  моро дар канор гузошта наметавонад. Ин ҳама ба ҳаёти якояки мо таъсир дорад, вале мо набояд танҳо таъсирпазир ва тамошобини ин ҳама равандҳо бошем, балки то қадри имкон талош бояд кард то ба ин равандҳо таъсири мусбат тибқи манофеъи миллӣ дошта бошем. ҲНИТ ҳамчун як ҳизби пўё ва созанда ҳамеша мавқеъи худро нисбати ҳама масоил ва рухдодҳо доштааст ва хоҳад дошт. Агарчӣ ин падида барои як кишвари демократӣ ва дорои низоми бисёрҳизбӣ амри табиист, вале дида мешавад, ки на ҳама кас таҳаммули чунин воқеиятро дорад Ин аст, ки вақтҳои охир  барои сохтани фазои носолим атрофи ҳизб ва шахсиятҳои  он  аз тарафи доираҳои муайян талошҳо шуда истодааст, ки ҷуз эҷоди фитна ва тафриқаву хусумат дар ҷомеъа натиҷаи дигаре нахоҳад дошт. Дар чунин шароит зарур аст, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дидгоҳҳои роҳбариятро дар бораи муносибат ба чунин фитнаҳову тафриқаандозиҳо ба таври возеҳ ва шаффоф бидонанд ва дар рафтору гуфтор ба қадри имкон мавриди истифода қарор диҳанд.

Пеш аз ҳама, набояд фаромўш кард, ки муассисони Наҳзат  ҷуз хидмат ба миллат ва дини хеш ҳадафи дигаре надоштанд. Агар ҳадафи онҳо мансаб ва молу  мақом мебуд, метавонистанд мисли ҳар каси дигар узви ҳизби қудратманди замон мегаштанд ва тибқи сиёсатҳои давр рафтор мекарданд. Ташкили чунин як созмон дар замони авҷи қудрати Шўравӣ  маънои онро дошт, ки онҳо ба хотири миллат ва арзишҳои миллӣ-мазҳабӣ аз худ гузашта, барои анҷоми як рисолати бузург огоҳона қадам мегузоштанд. Он ҳам бошад, ҳифзи миллати тоҷик бо фарҳанг, мазҳаб ва забону ҳувияти худ. Низоми онрўзаи Шўравӣ бо такя ба худфурўхтагони ватанӣ, интеллегенцияи миллӣ-мазҳабии моро нобуд сохта, ба ҷои дин хурофотро боқӣ гузошт, забони модарии моро ба забони бозор ва либоси миллии моро ба либоси кории пахтачину роҳрўбҳо табдил дод. Ҳар кас мехост соҳибмақом ва пешрав бошад, бояд аз дин дур мешуд, забони бегонаро ба забони аслии корӣ ва хонаводагии хеш табдил медод ва ҳатто маросими ҷанозаро барои баъзе мансабдорон пинҳонӣ мехонданд. Ҳама тақрибан тан дода буданд, ки оянда ҳамин аст ва ҷуз сар фуруд овардан роҳе нест. Ҷуз гурўҳе аз рўҳонияти бедор  ва чанд тане аз равшанфикрони миллӣ, ки ошкору пўшида ба ин раванди нобудсозии миллат эътироз мекарданд ва бисёриҳо қурбони ин роҳ ҳам гаштанд. Наҳзат дар чунин шароит, аз тарафи чунин афрод  ва бо чунин аҳдоф таъсис шудааст. Чун ҳадаф пок буд,барои расидан ба ҳадаф низ роҳи покро интихоб намуданд. Ин буд, ки тамоми мушкилоти роҳ, аз зиндон шурўъ карда то ҳиҷрату муқовамату шаҳодат натавонист наҳзатро бишканад ва мунҳариф бисозад. Дар баробари таҳаммули мушкилот, боз муваффақ шуд, ки дар корномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ номи худро абадӣ сабт намояд.

Инро ба хотири он тазаккур додам, то бародарону хоҳарон бидонанд, ки  чӣ рисолатеро гузаштагони мо бар дўш доштанд  ва мансуб ба чӣ мактабе мебошанд.  Табиист, ки мансубият ё ҷонибдор будан аз чунин наҳзат, ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург аст. Шахси пайрави ин мактаб  бояд омода бошад, ки дар баробари мансубияти ҳизбии хеш рисолат ва масъулиятро ҳам ба дўш гирад, масъулияти бештар ва рисолати васеътар аз гузаштагон. Зеро, дар   ҳифзи ҳувияти миллӣ ва мазҳабӣ дигар мо танҳо нестем ва шукри Худованд, пас аз истиқлолият давлат ва аксари нерўҳо ин рисолатро ҷузъи масъулиятҳои худ медонанд. Ҳатто, касоне, ки дирўз бо ин арзишҳо мухолафат мекарданд, имрўз дар сафи муборизони арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ қарор доранд.

Ҳамватанони азиз!

Инак, вақти он расидааст, ки Наҳзат дар пайи анҷоми рисолати хеш қадами наверо бардорад ва он ҳам бошад, муаррифии боҳикматонаи арзишҳо ва андешаҳои  исломӣ, ба гунае, ки ҷавобгўйи замон бошанд. Ин рисолати бисёр душвор ва заҳматталаб мебошад, ки дар баробари сабру таҳаммул ва устуворӣ, аз мо илму дониш ва огоҳиро талаб менамояд. Набояд фаромўш кард, ки дар тўли 1400 соли таърихи ислом ҳамин шеваи эътидолгароёнаи мусалмонон ва шахсиятҳои дур аз ифроту тафрит (муътадил) тамаддуни боазамати исломро ба вуҷуд оварда, боиси рушду пешрафти ҷомеаҳои худ гардидаанд. Ҳамзамон ҳамин раванд ва шахсиятҳо ҳамеша мавриди душманӣ ва тўҳматҳои бархе ҳокимони худкома ва диндорони мутаассиби замони худ  қарор гирифтаанд. Андешамандони исломӣ бо баҳои ҷони худ ҳамвора талош кардаанд, ки бо иҷтиҳоду навоварии асосёфта бар Қуръон ва суннат андеша ва афкори ҷадидро вориди ҳаёти мусалмонон ва башарият гардонанд ва бо ин роҳ ҷомеъаву миллатҳои хешро ба суйи рушд ҳидоят намоянд ва мусалмони огоҳ ва соҳибрисолат ҷуз идомаи роҳи онон чораи дигаре надорад. Зеро рукуд,  карахтӣ  ва тақлидкории мутаассибона на танҳо ҷомеъаҳои мусалмониро аз пешрафти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ боз медорад, балки он бо фарҳанги исломӣ низ бегона мебошад.

Табиист, ки қолабшикании иҷтимоӣ,  озодандешии динӣ ва ғайритўдаӣ фикр кардан дар худ хатарҳое дорад ва  соҳиби онро дар маърази душманӣ ва мухолафати шадид қарор медиҳад. Дар умум, ҳар андешаи нав бо душворӣ барои худ роҳ боз менамояд ва набарди наву кўҳна доимист. Беҳуда бузургон нагуфтанд, ки "Алмаръу ъадуввун лимо ҷаҳилаҳу"- Инсон ба ҳар чизе ки нашинохтааст, душманӣ меварзад". Агар иддае аз рўйи манфиат ба андешаи нав хусумат дошта бошанд, гурўҳи дигар аз рўйи ҷаҳл ва ноогоҳист ва фикр мекунад, ки аз дин ва мазҳаб дифоъ мекунад.  Абўҳанифа (р.ҳ.) ба хотири ҳифзи озодандешии динӣ тобеъи раъйи ҳоким нагашт ва мансаби қозигиро рад кард, ки ин амр сабаби фитнаҳое алайҳи ў гашт ва билохира бо тўҳматҳое вориди зиндон гардид.  Имом Бухорӣ, ки муаллифи "Саҳеҳ", мўътабартарин китоб пас аз Қуръон мебошад, аз сўи  ҳокимон ва  мутаассибони дарбор мавриди душманӣ қарор гирифт ва дубора тарки диёр кард. Магар касе беҳтар аз ў ибодат ва зиндагиро тибқи равиши Паёмбари гиромӣ медонист, ки бо ў ҳам мухолафат карданд? Ибни Сино, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҳилолӣ ва ахиран, устод  Раббонӣ танҳо ин "камбудӣ"-ро доштанд, ки андешаи муътадили динӣ ва фаҳми фарогиру ҳакимонае аз арзишҳои эътиқодӣ ва ҳақоиқи исломӣ доштанд ва  миллату ватани хешро дўст медоштанд.

Маорифпарварон  танҳо мехостанд ислоҳоте дар умури сиёсии Аморати Бухоро ва давлатдории сулолаи манғитӣ ҷорӣ шавад ва динро аз қабзаи дарбориёни ҷоҳил ва ақибмонда бираҳонанд. Зеро Аморати Бухоро аз дасти онҳо ба ақибмондатарин гўшаи олам ва миллати мусалмони он ба тўдаи бесаводу мазлум табдил шуда буд. Танҳо коре ки карданд он буд, ки чанд китоби навро дар асоси Қуръон ва суннат бо таҷрибаи нави таълимӣ навиштанд ва тарзи таълими тозаро вориди чанд мадрасаи Бухоро гардониданд. Инчунин, чанд ҷавони таҳсилкарда дар Ҳинд, Туркия ва Русия бо андешаҳои нави исломӣ ва сиёсӣ баргаштанд ва хостанд, ки ба ватан ва миллати  ақибмондаи худ ёрӣ расонанд. Чун атрофиёни амир ва қисме аз рўҳонияти Бухоро дидгоҳи танг ва карахти сиёсӣ ва динӣ доштанд, ин навгароиҳо барояшон хатар дошт ва боиси муттаҳид гаштани ҳарду гурўҳ дар муқобили андешаҳои ҷадид ва соҳибони он гашт. Зери шиори "вошариато" ва вомазҳабо" фитна ва балвоеро алайҳи маорифпарварон бархезониданд, ки дигар ҳар мусалмон вазифаи динии худ медонист то ин гурўҳро ҳадди ақал бо санге бизанад ва "савоб" бигирад. Гурўҳе аз домуллоҳои иртиҷоии Бухоро фикр мекарданд, ки аз дину мазҳаб дифоъ мекунанд, бехабар аз он, ки ба бозичаи дасти ҳокимон табдил шудаанд ва бо дасти онҳо мусалмонон ва билохира худи ислом  саркўб мешавад. Худи амир ҳам бовар дошт, ки ин фитнаи оғозкардаи мутаассибонро метавонад мудирият намояд ва бо дасти онҳо андешаҳои навро  саркўб ва султаашро мустаҳкам хоҳад кард. Пирўзии муваққатие ба даст овард ва  равшанфикрон саркўб шуданду рўҳонияти иртиҷоӣ ором. Вале, дар аввалин ҳуҷуми бегонагон ба Бухоро паҳлўйи худро холӣ ёфт ва миллатро парокандаву кишварашро ғасбшуда. На илми дунявие буд, ки тавассути он кишварро идора намояд ва на арзиши исломие монда буд, ки бо он миллатро ба мубориза алайҳи ғосибон бархезонад.

Бародарону хоҳарон!

Хотиррасон кардани ин чанд намуна аз таърихи мусибатбори миллат ба хотири он аст, то бидонем, ки  мову шумо  аввалин ва охирин касоне нестем, ки мавриди душманӣ ва тўҳмат қарор мегирем. Албатта, ҷуз Парвардигор ва паёмбарон дигар гурўҳе ё фарде аз камбудӣ орӣ нест ва мо ҳам дар ин ҳама муддат камбудиҳое доштаем. Эътироф ва ислоҳи он пеш аз ҳама барои худамон муҳим аст.  Вале, "камбудии" аслии мо ва дигар мусалмонони огоҳ дар он аст, ки аз равиши мўътадили исломӣ пайравӣ мекунем,касеро аз аҳли қибла кофир намеҳисобем, бо ҳама мусалмонони олам, сарфи назар аз мазҳаб ва равияашон муносибати бародаронаро пеша кардаем ва нисбати ҳама мўъминон гумони нек дорем. Бо дигар динҳо, миллатҳо ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мехоҳем муносибатҳои инсондўстона ва созанда барқарор намоем. Илова бар ин ҳама, назари мустақили хешро дар бораи ҳама масоили динӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ва ҷаҳон дорем.

Ҳамин ҷасорати пешниҳоди андешаи нав буд, ки бист сол пеш равшанфикрони динӣ барои танзим ва камхарҷ кардани маросимҳо муттаҳам ба "ваҳҳобият" шуданд, бар зидди онҳо фитнаҳо бархезониданд ва миллатро ба ду гурўҳ тақсим намуданд. Ҳоло дарк кардаанд, ки ҳадаф аз он андешаҳо чи будааст. Шояд барои фаҳмидани афкор ва андешаҳои имрўзаи нави миллӣ ва мазҳабӣ барои баъзеҳо боз даҳсолаҳо лозим шавад. Мунтазир шудан мушкил нест ва метавон сабр кард, то масъала фаҳмида шавад. Вале набояд он хатои таърихӣ бори дигар такрор шавад ва якдигарро ба хиёнату бемазҳабӣ  муттаҳам намоем ва  танҳо пас аз фитнаву мусибат  бифаҳмем, ки мақсади ҳама як чиз аст.

Суоли калидӣ ин аст, ки дар чунин шароити наздик ба як фитнаи нав байни фарзандони миллат, аъзо ва ҷонибдорони Наҳзат чӣ рафторе дошта бошанд? Аз боби насиҳат, пеш аз ҳама ба худ ва баъдан ба бародарону хоҳарони аъзо ва ҷонибдори Наҳзат бо чанд нукта ишора хоҳад шуд, ба умеди он, ки пеши роҳи фитна ва тафриқа гирифта шавад:

  1. Ба ҳеҷ ваҷҳ вориди муноқиша ва низоъ бо хатибон ва имомони масоҷид ва пешвоёни динӣ набояд гашт. Ҳатто, дар ҳолате, ки Наҳзат, роҳбарияти он ва дигар шахсиятҳо ошкоро мавриди тўҳмат ва бадгумонӣ қарор мегиранд,  бояд аз бархўрдҳо канораҷўйӣ шавад. Ин бузургон ё аз рўйи ноогоҳӣ чунин рафтор мекунанд  ё илоҷе ҷуз хондани он авроқ ё гуфтани ин ҷумлаҳо надоранд. Дар ҳар ду ҳолат онҳо маъзуранд. Вале, мо ки даъвои бедорӣ ва огоҳии бештар дорем ва худро ҳомили рисолати муҳимтар медонем, узре надорем, агар нисбати як бародари мўъмин ноҳақ бадгумон бошем. Чун  Худованд фармуда  : Эй мўъминон, аз бадгумонӣ дурӣ ҷўед, ки  бадгумонӣ гуноҳи бузург аст... (Сураи Ҳуҷурот 12) . Вориди муноқиша гаштан, ҷуз равған ба оташи фитнагарон рехтан чизи дигар нест. Бисёриҳо мунтазири тафриқаи миллӣ ва мазҳабӣ дар кишвари мо мебошанд, то бори дигар вориди қазия гашта, рўҳияи солими тоза бедор гаштаи миллатро саркўб ва равшанфикронро аз нав ба як тўдаи тарсу ва бемавқеъ табдил бидиҳанд. Дар Қуръони карим омадааст: «Ва шумо Худованд ва Паёмбари Ўро итоат намоед ва бо ҳамдигар низоъ накунед, ки дар ин сурат дилшикаста мегардед ва ҳайбати шумо аз байн меравад…».(Сураи Анфол 46). Фитнаандозони солҳои навад аз саҳна ғайб заданд, вале мову шумо бо ин миллати хуншору дини захмӣ боқӣ мондем. Фитнаандозони ҷадид ҳам фардо дар саҳна нахоҳанд буд, вале миллату дин боқист.
  2. Бояд донист, ки беҳтарин роҳи пешгирӣ аз бадгумониҳо ва тўҳматҳо дар заминаи дин ва мазҳаб ин амал кардан бар асоси таълимоти Қуръон, суннат ва дар чорчўби ақида ва мазҳаби Имоми Аъзам (р.ҳ.) мебошад. Вале, на ба маънои кўркўрона тақлид намудан ва даст кашидан аз ҷўстуҷўи илмӣ ва пўё будан. Зеро, худи Имом Абуҳанифа (р.ҳ) гуфтаанд, ки: «Барои касе иҷозат нест, ки суханони моро пайравӣ намояд магар баъди он ки бидонад, ки онро аз куҷо гирифтаем» (Танбиҳул уммаҳ ало вуҷубил ахзи бил китоби ва суннаҳ). Яъне, эшон дари таҳқиқ ва навовариро боз монданд ва ҳеҷгоҳ ҷонибдори рукуд ва карахтӣ дар масоили фиқҳӣ набуданд. Дар пайравӣ аз мазҳаб набояд ба ифрот ва тафрит роҳ дод ва муносибтарин равиш ин риояи эътидол вобаста ба замон ва макон мебошад. Андешаи мо ҳамеша бояд илмӣ, мустанад ва ҳамроҳ бо асолати эътиқодӣ ва дур аз ҷанбаҳои эҳсосотии хусуматангез бошад.
  3. Шакке нест, ки муҳаббат ба асҳоб ва оли Паёмбари гиромӣ (с) ҷузъе аз боварҳо ва арзишҳои ҳар мусалмон аст. Ба хусус, дар боби муҳаббат ба  хонадон ва ёрони Паёмбар (с) ривоятҳои мўътамади сершумор ворид шудааст ва он аз ҷумлаи воҷиботи имон аст. Вале, набояд дар ин амр зиёдаравӣ ва бо равиши ғайри маснун муносибат кард, ба вижа дар шароите ки фурсатталабон ва фитнаандозон мунтазири баҳона  мебошанд. Қоидаи маъруфи шаръӣ вуҷуд дорад, ки " Дафъи мазаррат (дур кардани зарарҳо) муҳимтар аз ҷалби манфиат аст".
  4. Бо вуҷуди ҳама талошҳо мо наметавонем ҳамаро аз худ розӣ ва қаноатманд гардонем ва ин шарт ҳам нест. Муҳим он, ки амали мо барои ризои Худо ва  нафъи мардуми кишвар равона шуда бошад ва ҳама амалҳо бо имону виҷдони мо созгор бошанд. Боз афрод ва гурўҳҳое боқӣ хоҳанд монд, ки дунболи баҳона барои фитна мегарданд ва Худованд онҳоро дар Қуръон мушаххас кардааст: «Дар воқеъ онҳо пеш аз ин ҳам фитнаро хоста буданд ва воқеиятро барои ту дигар нишон медоданд то ин ки ҳақиқат расид ва амри Худо зоҳир гашт дар ҳоле, ки онҳо инро бад медиданд». (Сураи Тавба, ояти 48). Набояд эҳтиёт аз  фитна ба маънои  камҷуръатӣ, бетафовутӣ ва ғафлатзадагӣ фаҳмида шавад, ки ин барои ҳар як инсони огоҳ ва рисолатпеша оғози бўҳрон дар ақида ва шахсияташ мебошад. Дар баробари сабру таҳаммул ва иҷтиноб аз фитнаҳо, бояд равшангароии ҷасуронаро дар масоили баҳсӣ пеша кард ва тариқи матбуот, маҳфилҳои илмиву мубоҳисавӣ андешаҳои солим ва созандаро дар муқобили хурофот ва бидъатҳо гузошт. Ба ҷойи мазаммати торикӣ шамъеро дар он афрўхтан беҳтар аст, чун торикӣ худ аз байн меравад.
  5. Ахиран, набояд фаромўш кард, ки анҷоми ибодатҳо, маросимҳо ва фаъолиятҳои мазҳабиву сиёсии мо ниёз ба оромиш ва суботи фардӣ ва ҷамъиятӣ дорад. Исломи мўътадил ва пешрафтае, ки мо дунболи он ҳастем танҳо дар давлати пешрафта, озод ва демократӣ метавонад татбиқ шавад. Ҷомеъае, ки дар он ҳуқуқи инсон риоя намешавад, адолати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вуҷуд надорад, аз мардум ҳаққи интихоби озод ва шаффоф гирифта шудааст, дидгоҳҳо ва меъёрҳо болои мардум таҳмил мегарданд, ин гуна ҷомеъа танҳо ифротгароӣ, таъассуби сиёсиву мазҳабӣ ва ноамниву ақибмондагиро ба бор меоварад. Новобаста аз он, ки чунин ҷомеъаҳо бо номи дин идора мешаванд ё дунявият, онҳо мухолиф ба арзишҳои динӣ ва башарӣ мебошанд ва вазифаи ҳар инсони огоҳ, ба вижа мусалмонон талош барои ислоҳи он мебошад.

Худованд худ шоҳид аст ва таърих баҳо хоҳад дод, ки мо танҳо ободии кишвару миллатамонро хостаему мехоҳем ва ваҳдату сарбаландии мусалмонон ормони мо буд ва мемонад. Ҳар касе моро дар ин роҳ кўмак кард, Худованд дар кўмаки ў бошад.

Бо умеди сулҳу суббот ва ваҳдати  милливу мазҳабӣ, бародари шумо,

 

Муҳиддин Кабирӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)